Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 30 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СИЮМ Пешгӯӣ дар бораи халосӣ ёфтани Исроил ва Яҳудо.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

2 «Худованд, Худои Исроил сухан ронда, чунин мегӯяд: ҳамаи суханонеро, ки Ман ба ту гуфтаам, барои худ дар тӯмори китобат бинавис.

3 Зеро инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман қавми Худ — Исроил ва Яҳудоро аз асирӣ хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро ба замине ки ба падаронашон додаам, хоҳам баргардонид, ва онҳо онро тасарруф хоҳанд кард».

4 Ва ин аст суханоне ки Худованд дар бораи Исроил ва Яҳудо гуфтааст:

5 «Худованд чунин мегӯяд: садои хавотирноке шунидем: тарсу ҳарос аст, ва осоиштагӣ нест.

6 Бипурсед ва бубинед, ки оё мард мезояд? Пас чаро ҳар мардро мебинам, ки мисли зани зоянда дастҳояш бар камараш мебошад, ва ҳамаи чеҳраҳо кабуд шудааст?

7 Оҳ, чӣ гуна азим аст он рӯз, ки мисл надорад! Ва ин барои Яъқуб замони тангист, вале аз он ӯ наҷот хоҳад ёфт.

8 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Ман, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — юғи варо, ки бар гардани туст, дарҳам хоҳам шикаст, ва бандҳои туро хоҳам барканд; ва дигар ба аҷнабиён хизмат нахоҳанд кард,

9 Балки ба Худованд Худои худ ва ба Довуд подшоҳи худ, ки барои онҳо аз нав барқарор хоҳам намуд, хизмат хоҳанд кард.

10 Вале ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, — ва эй Исроил, ҳаросон нашав, зеро инак, Ман туро аз ҷои дурдаст, ва насли туро аз замини асирии онҳо наҷот хоҳам дод; ва Яъқуб баргашта, дар амният ва осоиштагӣ хоҳад зист, ва касе ӯро нахоҳад тарсонид.

11 Зеро Ман бо ту ҳастам, — мегӯяд Худованд, — то ки туро наҷот диҳам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд.

12 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: шикасти ту беилоҷ аст, зарбаи ту ҳалокатовар аст.

13 Касе нест, ки даъвои туро муҳокима намояд, то туро шифо диҳад; давоҳои шифобахш барои ту нест.

14 Ҳамаи дӯстдоронат туро фаромӯш кардаанд, аҳволатро намепурсанд, зеро ки Ман туро зарбаи душманона ва танбеҳи бераҳмона барои бисьёрии маъсияти ту додаам, барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст.

15 Чаро ту дар бораи шикасти худ, дар бораи дарди бедавои худ фиғон мекашӣ? Барои бисьёрии маъсияти ту, барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст, Ман ин корҳоро ба ту кардаам.

16 Бинобар ин ҳамаи онҳое ки туро мехӯранд, хӯрда хоҳанд шуд, ва ҳамаи бадхоҳони ту саросар ба асирӣ хоҳанд рафт, ва онҳое ки туро яғмо мекунанд, яғмо хоҳанд шуд, ва ҳамаи тороҷкунандагонатро гирифтори тороҷ хоҳам кард,

17 Зеро туро даво хоҳам кард, ва ҷароҳатҳои туро шифо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, — чунки туро мардуд номида, мегуфтанд: „Ин Сион аст, ки касе аҳволашро намепурсад“.

18 Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман асирони Яъқубро ба хаймаҳошон хоҳам баргардонид, ва ба масканҳои ӯ раҳм хоҳам кард, ва шаҳр бар теппаи худ бино ёфта, маъбад дар макони худ барпо хоҳад шуд.

19 Ва шукргузорӣ ва овози шодкомон аз онҳо берун хоҳад омад; ва онҳоро афзун хоҳам кард, ва кам нахоҳанд шуд, ва онҳоро ҷалол хоҳам дод, ва беқадр нахоҳанд шуд.

20 Ва писарони ӯ мисли пештара хоҳанд буд, ва ҷамоати ӯ дар ҳузури Ман поянда хоҳанд шуд, ва Ман ҳамаи ҷабрпешаҳои ӯро ҷазо хоҳам дод.

21 Ва сарвари ӯ аз худи ӯ хоҳад буд, ва ҳокими ӯ аз даруни ӯ хоҳад баромад, ва Ман варо муқарраби Худ хоҳам гардонид, то ки вай ба Ман наздик ояд, зеро кист, ки ҷуръат намуда, ба Ман наздик ояд? — мегӯяд Худованд.

22 Ва шумо қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд».

23 Инак, тундбоде бошиддат вазида, хашми Худованд берун омадааст, ва тундбод талотум намуда, бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад.

24 Оташи ғазаби Худованд, то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст; дар оянда шумо инро фаҳм хоҳед кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan