Ирмиё 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Ирмиё ба тавба даъват менамояд. 1 Гуфт: Агар марде зани худро талоқ диҳад, ва вай аз ӯ ҷудо шуда, ба шавҳари дигаре расад, оё ӯ аз нав сӯи ин зан бармегардад? Оё он замин тамоман палид намешавад? Вале ту бо ёрони зиёде зино кардаӣ, ва бо ин ҳама сӯи Ман мехоҳӣ баргардӣ — гуфт Худованд. — 2 Чашмони худро ба теппаҳо баланд кун ва бубин, ки дар куҷо бо ту хуфту хоб накардаанд? Ба сари роҳҳо дар ихтиёри онҳо, мисли араб дар биёбон, нишастӣ, ва заминро бо зинои худ ва бо шарорати худ палид кардӣ. 3 Ва боришҳо боздошта шуд, борони баҳорӣ ҳам наборид; вале туро пешонии зани фоҳишае буд, — ту шарму ҳаёро аз худ дур кардӣ. 4 Оё навакак Маро нахондӣ: „Эй Падари ман, Ту ёри ҷавонии ман ҳастӣ! 5 Оё ғазаби Ӯ ба сурати абадӣ хоҳад буд? Оё Ӯ онро то абад нигоҳ хоҳад дошт?“ Чунин сухан рондӣ, — ва аъмоли бади худро, ҳар қадар аз дастат ояд, давом медиҳӣ». Ирмиё бори дуюм назди яҳудиёни ҷудогардида фиристода шуд. 6 Ва Худованд дар айёми подшоҳ Йӯшиё ба ман гуфт: «Оё ту дидӣ, ки Исроили муртад чиҳо кард? Вай ба ҳар кӯҳи баланд ва зери ҳар дарахти сабз рафта, дар он ҷо зино мекард. 7 Ва Ман гуфтам: „Баъд аз он ки ҳамаи ин корҳоро кард, сӯи Ман хоҳад баргашт“. Вале вай барнагашт; ва хоҳари хоини вай, Яҳудо, инро дид. 8 Ва Ман дидам, ки баъд аз он ки барои тамоми зинокории Исроили муртад Ман варо бадар рондам ва талоқнома ба вай додам, хоҳари хоини вай, Яҳудо, натарсид, балки худаш низ рафта, ба зино дода шуд. 9 Ва воқеъ шуд, ки вай дар зинои худ сабукрафторӣ карда, заминро палид намуд, ва бо санг ва чӯб зино кард. 10 Ва бо вуҷуди ҳамаи ин, хоҳари хоини вай, Яҳудо, бо тамоми дили худ сӯи Ман руҷӯъ накард, балки фақат бо риёкорӣ», — мегӯяд Худованд. 11 Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҷони Исроили муртад аз Яҳудои хоин одилтар баромад. 12 Бирав ва ин суханонро ба ҷониби шимол эълон намо, ва бигӯй: Баргард, эй Исроили муртад! — мегӯяд Худованд, — Рӯи Худро ба шумо турш нахоҳам кард, зеро ки Ман раҳим ҳастам, — мегӯяд Худованд, — хашми Худро ба сурати абадӣ нигоҳ нахоҳам дошт. 13 Фақат ба гуноҳи худ иқрор шав, ки ту ба Худованд Худои худ осӣ шудаӣ, ва бо бегонагон зери ҳар дарахти сабз басо ишқбозӣ кардаӣ, ва ба овози Ман шумо гӯш надодаед, — мегӯяд Худованд. 14 Баргардед, эй писарони муртад, — мегӯяд Худованд, — зеро ки Ман ҳукмфармои шумо ҳастам, ва шуморо як нафар аз шаҳре ва ду нафар аз қабилае хоҳам гирифт, ва шуморо ба Сион хоҳам овард, 15 Ва ба шумо чӯпононро ба дилхоҳи Худ хоҳам дод, ки онҳо шуморо бо дониш ва ҳикмат хоҳанд чаронид. 16 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки чун шумо бар замин афзун ва борвар гардед, дар он айём, — мегӯяд Худованд, — дигар дар бораи сандуқи аҳди Худованд сухан нахоҳанд ронд, ва он ба хотир нахоҳад омад, ва онро зикр нахоҳанд кард, ва мавҷуд набудани онро ҳис нахоҳанд кард, ва он бори дигар сохта нахоҳад шуд. 17 Дар он замон Ерусалимро тахти Худованд хоҳанд номид, ва ҳамаи халқҳо ба хотири исми Худованд дар он ҷо, дар Ерусалим ҷамъ хоҳанд шуд, ва дигар саркашии дилҳои шарири худро пайравӣ нахоҳанд кард. 18 Дар он айём хонадони Яҳудо бо хонадони Исроил роҳ хоҳанд рафт, ва якҷоя аз замини шимол ба замине ки ба падарони шумо мерос додаам, хоҳанд омад». 19 Ва Ман гуфтам: «Чӣ гуна туро дар миёни писарон ҷойгир кунам, ва замини матлуберо, ки мероси дилписанди халқҳои зиёд аст, ба ту бидиҳам? Ва гуфтам: ту Маро Падари худ хоҳӣ хонд, ва аз Ман рӯй нахоҳӣ гардонд; 20 Аммо дар ҳақиқат, чунон ки зан ба ёри худ хиёнат мекунад, ончунон шумо низ, эй хонадони Исроил, ба Ман хиёнат кардед — мегӯяд Худованд». 21 Овозе бар теппаҳо шунида мешавад, овози гирья ва тазаррӯи банӣ‐Исроил, ки роҳи худро каҷ сохта, Худованд Худои худро фаромӯш кардаанд. 22 «Баргардед, эй писарони муртад, ва Ман муртадиҳои шуморо шифо хоҳам дод!». Инак, мо назди Ту меоем, зеро ки Ту Худованд Худои мо ҳастӣ! 23 Дар ҳақиқат, умеди мо аз теппаҳо ва анбӯҳи кӯҳҳо бар абас будааст; дар ҳақиқат, наҷоти Исроил дар Худованд Худои мост. 24 Аз айёми ҷавонии мо ин қабоҳат меҳнати падарони моро: гӯсфандони онҳо ва говони онҳоро, писарони онҳо ва духтарони онҳоро хӯрдааст. 25 Пас, дар қабоҳати худ бихобем, ва расвоии мо моро хоҳад пӯшонид, зеро ки мо пеши Худованд Худои худ гуноҳ кардаем, — мо ва падарони мо, аз ҷавонии мо ва то ҳамин рӯз; ва ба овози Худованд Худои мо гӯш надодаем. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden