Ирмиё 28 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ Давоми масал дар бораи юғ. Нубуввати дурӯғи Ҳананьё ва мамоти ӯ. 1 Ва дар ҳамон сол, — дар ибтидои подшоҳии Сидқиё подшоҳи Яҳудо, дар соли чорум, дар моҳи панҷум, — Ҳананьё ибни Азури набӣ, ки аз Ҷибъӯн буд, дар хонаи Худованд, дар пеши назари коҳинон ва тамоми қавм ба ман рӯ оварда, гуфт: 2 «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: юғи подшоҳи Бобилро дарҳам хоҳам шикаст: 3 Баъд аз ду сол Ман ҳамаи зарфҳои хонаи Худовандро, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил аз ин макон гирифта ба Бобил бурд, ба ин макон хоҳам баргардонид. 4 Ва Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи асирони Яҳудоро, ки ба Бобил рафтаанд, Ман ба ин макон хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд, — зеро ки юғи подшоҳи Бобилро дарҳам хоҳам шикаст». 5 Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ дар пеши назари коҳинон ва дар пеши назари тамоми қавме ки дар хонаи Худованд истода буданд, гуфт — 6 Ва Ирмиёи набӣ гуфт: «Омин! Бигзор Худованд чунин бикунад! Бигзор Худованд суханони туро, ки бо онҳо нубувват кардӣ, ба амал оварда, зарфҳои хонаи Худованд ва ҳамаи асиронро аз Бобил ба ин макон баргардонад! 7 Аммо ин каломро, ки ман ба гӯши ту ва гӯши тамоми қавм мегӯям, бишнав: 8 Анбиёе ки аз қадимулайём, пеш аз ман ва пеш аз ту буданд, барои заминҳои бисьёр ва мамлакатҳои бузург ҷанг ва мусибат ва ваборо нубувват кардаанд. 9 Аммо набие ки осоиштагиро нубувват мекунад, фақат баъд аз он ки каломи ин набӣ ба амал ояд, ӯ ҳамчун набие шинохта хоҳад шуд, ки ӯро ҳақиқатан Худованд фиристодааст». 10 Он гоҳ Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифт, ва онро дарҳам шикаст. 11 Ва Ҳананьё дар пеши назари тамоми қавм хитоб намуда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: юғи Набукаднесар подшоҳи Бобилро баъд аз ду сол аз гардани ҳамаи халқҳо ҳамин тавр дарҳам хоҳам шикаст». Ва Ирмиё ба роҳи худ рафт. 12 Ва баъд аз он ки Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифта дарҳам шикаст, каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт: 13 «Бирав ва ба Ҳананьё бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: юғҳои чӯбинро шикастӣ, вале ба ҷои онҳо юғҳои оҳанин хоҳӣ сохт. 14 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман юғи оҳанин бар гардани ҳамаи ин халқҳо гузоштам, то ки ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кунанд, ва онҳо хизмат хоҳанд кард; ва ҳайвоноти саҳроро низ ба ӯ додам“». 15 Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ гуфт: «Бишнав, эй Ҳананьё! Худованд туро нафиристодааст, ва ту қавмро бардурӯғ умедвор мекунӣ. 16 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Инак, Ман туро аз рӯи замин дур меандозам! Имсол ту хоҳӣ мурд, зеро ки бар хилофи Худованд сухан рондаӣ“». 17 Ва Ҳананьёи набӣ ҳамон сол, дар моҳи ҳафтум мурд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden