Ирмиё 26 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ШАШУМ Ирмиё дар саҳни маъбад ба тавба даъват менамояд. 1 Дар ибтидои подшоҳии Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо ин калом аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт: 2 «Худованд чунин мегӯяд: дар саҳни хонаи Худованд биист ва ба ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ки ба хонаи Худо барои саҷда кардан меоянд, ҳамаи суханонеро, ки ба ту амр фармудаам, ки ба онҳо бигӯӣ, бигӯй, ва калимае кам накун. 3 Шояд онҳо бишнаванд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва он гоҳ Ман мусибатеро, ки мехоҳам бар онҳо барои аъмоли бадашон биёрам, ботил хоҳам кард. 4 Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: агар шумо Маро нашнавед дар бораи он ки бар тибқи шариати Ман, ки пеши шумо гузоштаам, рафтор намоед, 5 Ва ба суханони бандагони Ман, анбиёе ки назди шумо мефиристам, гӯш андозед, — ва ҳол он ки ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро мефиристам, вале шумо гӯш наандохтаед, — 6 Пас ин хонаро Ман мисли Шилӯ хоҳам гардонид, ва ин шаҳрро барои ҳамаи халқҳои замин рамзи лаънат хоҳам сохт“». 7 Ва коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ин суханонро, ки Ирмиё дар хонаи Худованд гуфт, шуниданд. 8 Ва чун Ирмиё гуфтани ҳар он чиро, ки Худованд амр фармуда буд, ки ба тамоми халқ бигӯяд, ба итмом расонид, коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ӯро дастгир карда, гуфтанд: «Ту бояд бимирӣ! 9 Чаро ту ба исми Худованд нубувват карда гуфтӣ, ки ин хона мисли Шилӯ хоҳад шуд, ва ин шаҳр валангор ва ғайримаскун хоҳад гардид?» Ва тамоми қавм дар хонаи Худованд дар гирди Ирмиё ҷамъ омаданд. 10 Ва ҳангоме ки мирони Яҳудо ин чизҳоро шуниданд, аз хонаи подшоҳ баромада, ба даҳани дарвозаи нави хонаи Худованд нишастанд. 11 Ва коҳинон ва анбиё ба мирон ва тамоми қавм рӯ оварда, гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл аст, зеро ки дар ҳаққи ин шаҳр нубувват намуд, чунон ки ба гӯшҳои худ шунидед». 12 Валекин Ирмиё ба ҳамаи мирон ва тамоми қавм хитоб намуда, гуфт: «Худованд маро фиристодааст, то дар ҳаққи ин хона ва ин шаҳр ҳамаи суханонеро, ки шунидед, нубувват намоям. 13 Ва акнун роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед ва овози Худованд Худои худро бишнавед, ва он гоҳ Худованд аз мусибате ки дар бораи шумо фармудааст, пушаймон хоҳад шуд. 14 Дар хусуси ман бошад, инак, ман дар дасти шумо ҳастам: он чи ба назари шумо дуруст ва ҳаққонӣ намояд, бо ман бикунед. 15 Аммо яқинан бидонед, ки агар шумо маро ба қатл расонед, хуни бегуноҳеро шумо бар худатон ва бар ин шаҳр ва бар сокинони он хоҳед гузошт, зеро ки ба ростӣ Худованд маро фиристодааст, то ки ҳамаи ин суханонро ба гӯши шумо баён намоям». 16 Он гоҳ мирон ва тамоми қавм ба коҳинон ва анбиё гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл нест, зеро ки ба исми Худованд Худои мо ба мо сухан рондааст». 17 Ва баъзе аз пирони замин бархостанд ва ба тамоми ҷамъомади қавм рӯ оварда, гуфтаанд: 18 «Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт, ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“. 19 Оё Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва тамоми Яҳудо ӯро қатл карданд? Не, вай аз Худованд тарсид ва пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва Худованд аз мусибате ки дар бораи онҳо фармуда буд, пушаймон шуд; валекин мо мусибати азиме бар ҷонҳои худ меоварем!» Мамоти Уриёи набӣ. 20 Боз Уриё ибни Шамаъё ном шахси дигаре аз Қирьят‐Еорим буд, ки ба исми Худованд нубувват менамуд, ва дар бораи ин шаҳр ва ин замин айнан мисли суханони Ирмиё нубувват кард. 21 Ва ҳангоме ки подшоҳ Еҳӯёқим, ва тамоми акобираш, ва ҳамаи мирон суханони ӯро шуниданд, подшоҳ хост ӯро ба қатл расонад; ва Уриё инро шунида, тарсид ва гурехта, ба Миср рафт. 22 Ва подшоҳ Еҳӯёқим ба Миср одам фиристод: Элнотон ибни Акбӯр ва чанд касро бо вай ба Миср равона кард. 23 Ва онҳо Уриёро аз Миср бароварданд, ва ӯро назди подшоҳ Еҳӯёқим оварданд, ва ӯро вай ба дами шамшер қатл кард, ва ҷасади ӯро дар қабристони мардуми оддӣ партофт. 24 Аммо дасти Аҳиқом ибни Шофон бо Ирмиё буд, то ки ӯро ба дасти қавм барои куштан насупорад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden