Ирмиё 25 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ Нубувват дар бораи асирии ҳафтодсола. Таназзули Бобил. 1 Каломе ки бар Ирмиё дар бораи тамоми қавми Яҳудо дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, ки соли якуми Набукаднесар подшоҳи Бобил буд, нозил шуд, 2 Ки онро Ирмиёи набӣ ба тамоми қавми Яҳудо ва ба ҳамаи сокинони Ерусалим баён намуда, гуфт: 3 «Аз соли сездаҳуми Йӯшиё ибни Омӯн подшоҳи Яҳудо ва то имрӯз, яъне бисту се сол боз, каломи Худованд бар ман нозил мешуд, ва ман онро ба шумо мегуфтам, ҳар рӯз аз субҳидам сухан мерондам, валекин шумо нашнидед. 4 Ва Худованд ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристод, ҳар рӯз аз субҳидам мефиристод, вале шумо нашнидед ва гӯши худро хам накардед, то бишнавед 5 Он чиро, ки ба шумо гуфта шуд: „Ҳар яке аз роҳи бади худ ва аз аъмоли шариронаи худ баргардед, ва ба замине ки Худованд ба шумо ва падаронатон аз азал то абад додааст, сукунат кунед; 6 Ва аз қафои худоёни дигар наравед, то ки ба онҳо ибодат ва саҷда намоед; ва Маро бо маснӯи дастҳои худ ба ғазаб наоваред, ва Ман ба шумо осебе нахоҳам расонид“. 7 Валекин шумо Маро нашнидед, — мегӯяд Худованд, — балки бо маснӯи дастҳои худ Маро ба зарари худ ба ғазаб овардед. 8 Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: азбаски шумо суханони Маро нашнидед, 9 Инак, Ман мефиристам ва ҳамаи қабилаҳои шимолро бо бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобил гирифта, онҳоро бар ин замин ва бар сокинонаш ва бар ҳамаи халқҳои гирду атрофи он меоварам; ва онҳоро талаф намуда, даҳшат ва масхара ва харобазори абадӣ мегардонам. 10 Ва аз миёни онҳо садои шодӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯс, садои дастос ва нури чароғро нест мекунам. 11 Ва тамоми ин замин вайрона ва биёбон хоҳад шуд; ва ин халқҳо ҳафтод сол ба подшоҳи Бобил бандагӣ хоҳанд кард. 12 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки баъд аз гузаштани ҳафтод сол Ман, — мегӯяд Худованд, — подшоҳи Бобил ва он қавм ва замини калдониёнро барои гуноҳашон гирифтори ҷазо хоҳам кард, ва онро биёбони абадӣ хоҳам гардонид. 13 Ва бар он замин Ман ҳамаи суханони Худро, ки дар бораи он гуфтаам, яъне ҳар чи дар ин китоб навишта шудааст, ки Ирмиё онро дар бораи ҳамаи халқҳо нубувват кардааст, ба амал хоҳам овард, 14 Зеро ки онҳоро низ халқҳои бисьёр ва подшоҳони бузург гирифтори асорат хоҳанд кард; ва Ман подоши онҳоро мувофиқи кирдорашон ва бар тибқи амали дастҳошон хоҳам дод». Масал дар бораи косаи шароби ғазаб. 15 Зеро ки Худованд, Худои Исроил ба ман чунин гуфт: «Ин косаи шароби ғазабро аз дасти Ман бигир ва онро ба ҳамаи халқҳое ки туро назди онҳо мефиристам, бинӯшон, 16 То онҳо нӯшида, аз шамшере ки андаруни онҳо мефиристам, ба изтироб оянд ва девона шаванд». 17 Ва ман косаро аз дасти Худованд гирифтам ва ба ҳамаи халқҳое ки Худованд маро назди онҳо фиристод, нӯшонидам: 18 Ба Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ва ба подшоҳонаш ва миронаш, то ки онҳоро вайронаю валангор ва мавриди масхараю лаънат гардонам, чунон ки имрӯз аст; 19 Ва ба фиръавн подшоҳи Миср ва бандагонаш ва миронаш ва тамоми қавмаш; 20 Ва ба тамоми халқи махлут, ва ба ҳамаи подшоҳони замини Ус, ва ба ҳамаи подшоҳони замини Фалиштӣ, ва ба Ашқалӯн ва Ғазза ва Эқрӯн ва бақияи Ашдӯд; 21 Ва ба Адӯм ва Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн; 22 Ва ба ҳамаи подшохони Сӯр, ва ба ҳамаи подшоҳони Сидӯн, ва ба ҳамаи подшоҳони ҷазираҳое ки дар он тарафи баҳр воқеанд; 23 Ва ба Дадон ва Темо ва Буз, ва ба ҳамаи онҳое ки мӯи чаккаи худро метарошанд; 24 Ва ба ҳамаи подшоҳони араб, ва ба ҳамаи подшоҳони халқҳои махлут, ки дар биёбон сокинанд; 25 Ва ба ҳамаи подшоҳони Зимрӣ, ва ба ҳамаи подшоҳони Элом, ва ба ҳамаи подшоҳони Модай; 26 Ва ба ҳамаи подшоҳони шимолии наздик ва дур яке аз паси дигаре, ва ба ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, ки бар рӯи замин мебошанд; ва подшоҳи Шешак баъд аз онҳо хоҳад нӯшид. 27 Ва ба онҳо бигӯй: «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бинӯшед, ва маст шавед ва қай кунед, ва биафтед, ва аз шамшере ки Ман ба миёни шумо мефиристам, барнахезед». 28 Ва агар онҳо аз гирифтани коса аз дасти ту ва нӯшидани он шароб рӯй гардонанд, он гоҳ ба онҳо бигӯй: «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ҳатман хоҳед нӯшид! 29 Зеро инак, Ман ба овардани мусибат бар шаҳре ки ба исми Ман номида шудааст, шурӯъ хоҳам кард, ва оё шумо беҷазо хоҳед монд? Беҷазо нахоҳед монд! Зеро Ман бар ҳамаи сокинони замин шамшерро хоҳам хонд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо». 30 Пас ту дар ҳаққи ҳамаашоно ҳамаи ин суханонро нубувват намо, ва ба онҳо бигӯй: «„Худованд аз афроз ғурриш мекунад, ва аз маскани муқаддаси Худ овози Худро мебарорад; бар чарогоҳи Худ бошиддат ғурриш мекунад; мисли онҳое ки ангур пахш мекунанд, бар ҳамаи сокинони замин бонг мезанад. 31 Ғулғулаи он то ақсои замин мерасад, зеро ки Худованд ба халқҳо даъво дорад: Ӯ бар ҳар башар доварӣ менамояд, шариронро ба дами шамшер месупорад, — мегӯяд Худованд“. 32 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, мусибат аз халқе ба халқе мегузарад, ва тундбоди азиме аз ақсои замин бармехезад. 33 Ва дар он рӯз мақтулони Худованд аз як канори замин то канори дигари замин хоҳанд буд; барои онҳо мотам нахоҳанд гирифт, ва онҳоро ҷамъ нахоҳанд кард ва дафн нахоҳанд намуд: онҳо мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳанд буд. 34 Нола кунед, эй чӯпонон! Фиғон кашида, бар хокистар ғел занед, эй пешвоёни рама! Зеро ки айёми қатли шумо расидааст, ва Ман шуморо шикаста пора‐пора хоҳам кард, ва мисли зарфи гаронбаҳое хоҳед афтод. 35 Ва паноҳгоҳе барои чӯпонон, ва наҷоте барои пешвоёни рама нахоҳад буд. 36 Садои фиғони чӯпонон ва нолаи пешвоёни рама ба гӯш мерасад, зеро ки Худованд чарогоҳи онҳоро валангор кардааст. 37 Ва иқоматгоҳҳои осоиштагӣ аз шиддати ғазаби Худованд хароб шудааст. 38 Ӯ мисли шери ҷавон лонаи Худро тарк кардааст; зеро ки замини онҳо аз хашми ситамгар ва аз оташи ғазаби Ӯ биёбон гардидааст». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden