Ирмиё 23 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ СЕЮМ Дар оянда аз нав барқарор шудани Исроил. Ғазаби Худо бар чӯпонони бевафо. 1 «Вой бар чӯпононе ки гӯсфандони рамаи Маро гумроҳ ва пароканда мекунанд!» — мегӯяд Худованд. 2 Бинобар ин Худованд, Худои Исроил ба чӯпононе ки қавми маро мечаронанд, чунин мегӯяд: «Шумо рамаи Маро пароканда намудаед ва бадар рондаед, ва ба онҳо нигоҳубин накардаед, — инак, Ман шуморо барои корҳои бадатон ҷазо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд. 3 Ва Ман бақияи рамаи Худро аз ҳамаи заминҳое ки ба он ҷо бадар рондаам, ҷамъ хоҳам кард, ва онҳоро ба чарогоҳҳошон хоҳам баргардонид, ва онҳо борвар ва афзун хоҳанд шуд. 4 Ва бар онҳо чӯпононро таъин хоҳам намуд, ки онҳоро бичаронанд; ва онҳо дигар ҳаросон ва мушавваш ва саргум нахоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд. 5 Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман Шохаи одиле барои Довуд барқарор хоҳам намуд, ва Подшоҳе салтанат хоҳад ронд, ва хирадмандона рафтор хоҳад намуд, ва инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард. 6 Дар айёми Ӯ Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Исроил дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исми Ӯ, ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“. 7 Бинобар ин, инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки дигар гуфта нахоҳад шуд: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини Миср берун овард“, 8 Балки: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини шимолӣ ва аз ҳамаи заминҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар ронда буд, берун овард“; ва онҳо дар замини худ сокин хоҳанд шуд». 9 Дар бораи анбиё. Дили ман андаруни ман шикастааст, ҳамаи устухонҳои маро ларза гирифтааст; мисли шахси масте гардидаам, ва мисли марде ки шароб бар вай ғолиб омада бошад; ин ҳама аз баҳри Худованд аст, аз баҳри суханони муқаддаси Ӯ: 10 Зеро ки замин аз зинокорон пур шудааст; зеро ки замин аз боиси лаънат мотам гирифтааст, ва чарогоҳҳои биёбон хушкидааст; зеро ки шарорат иштиёқи онҳост, ва кизб қуввати онҳост. 11 «Зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин риёкорӣ мекунанд; ҳатто дар хонаи Худ шарорати онҳоро ёфтаам, — мегӯяд Худованд. — 12 Бинобар ин, роҳашон барои онҳо мисли ҷойҳои лағжонак дар торикӣ хоҳад буд; Онҳоро тела хоҳанд дод, ва онҳо дар он ҷо хоҳанд афтод, зеро ки Ман бар онҳо мусибате дар соли ҷазояшон хоҳам овард. 13 Ва Ман дар миёни анбиёи Сомария чизҳои ҳеҷу пучро дидаам: онҳо ба исми Баал нубувват карда, қавми Ман — Исроилро дар иштибоҳ андохтаанд. 14 Валекин дар миёни анбиёи Ерусалим чизҳои зиштро мебинам: онҳо ба зино дода мешаванд ва дар кизб роҳ мераванд, ва дастҳои шариронро тақвият менамоянд, бе он ки ҳар яке аз шарорати худ баргарданд; ҳамаи онҳо дар назари Ман мисли Садӯм, ва сокинони он мисли Амӯро гардидаанд». 15 Бинобар ин Худованди лашкарҳо дар бораи анбиё чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро явшон хоҳам хӯронид, ва онҳоро оби заҳрдор хоҳам нӯшонид, зеро ки аз анбиёи Ерусалим риё дар тамоми замин паҳн шудааст». 16 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Ба суханони анбиё, ки барои шумо нубувват мекунанд, гӯш надиҳед: онҳо шуморо дар иштибоҳ андохта, рӯъёи дили худро баён менамоянд, на он чиро, ки аз даҳони Худо бошад. 17 Ба бадгӯёни Ман ҳамеша мегӯянд: „Худованд гуфт, ки барои шумо осоиштагӣ хоҳад буд“. Ва ба ҳамаи онҳое ки ба саркашии дили худ рафтор мекунанд, мегӯянд: „Мусибате бар шумо нахоҳад омад“». 18 Зеро, кист, ки дар машварати Худованд истода, каломи Ӯро дида ва шунида бошад? Кист, ки ба каломи Ӯ гӯш дода ва сарфаҳм рафта бошад? 19 Инак, тундбоде бошиддат вазида, хашми Худованд берун омадааст, ва тундбод чарх зада, бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад. 20 Оташи ғазаби Худованд, то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст; дар оянда шумо инро ба хубӣ фаҳм хоҳед кард. 21 «Ин анбиёро Ман нафиристодаам, балки худашон давидаанд; ба онҳо сухане нагуфтаам, балки худашон нубувват кардаанд. 22 Ва агар онҳо дар машварати Ман меистоданд, мебоист суханони Маро ба қавми Ман мефаҳмонданд, ва онҳоро аз роҳи бадашон ва аз аъмоли шариронаашон мегардонданд. 23 Оё Ман фақат аз наздик Худо ҳастам, — мегӯяд Худованд, — ва аз дур Худо нестам? 24 Агар касе дар ҷои махфие пинҳон шавад, оё Ман варо намебинам? — мегӯяд Худованд. Оё Ман замин ва осмонро пур намекунам? — мегӯяд Худованд. 25 Он чиро, ки ин анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват кардаанд, шунидаам; онҳо мегӯянд: „Хоб дидаам, хоб дидаам“. 26 То ба кай ин дар дили анбиёе ки бардурӯғ нубувват мекунанд ва анбиёи фиреби дили худ мебошанд, хоҳад буд, 27 Ки онҳо ба воситаи хобҳои худ, ки ба ҳамдигар нақл мекунанд, мехоҳанд қавми Маро ба фаромӯш кардани исми Ман оварда расонанд, чунон ки падарони онҳо исми Маро аз барои Баал фаромӯш карданд? 28 Набие ки хоб дида бошад, бигзор хобашро нақл кунад, ва касе ки каломи Ман дар ӯст, каломи Маро ба ростӣ баён намояд; коҳро бо гандум чӣ кор аст? — мегӯяд Худованд. 29 Каломи Ман, охир, мисли оташ аст, — мегӯяд Худованд, — ва мисли болға сахраро пора‐пора мекунад. 30 Бинобар ин, инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди анбиёе ҳастам, ки суханони Маро аз ҳамдигар медузданд. 31 Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди анбиёе ҳастам, ки забони худро ба кор андохта, нутқ эрод мекунанд. 32 Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ҳастам, ки дар асоси хобҳои дурӯғ нубувват мекунанд, ва он хобҳоро нақл намуда, қавми Маро бо дурӯғгӯиҳо ва бемулоҳизагии худ дар иштибоҳ меандозанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам ва амр нафармудаам, ва онҳо ба ин қавм ҳеҷ манфиате нахоҳанд расонид, — мегӯяд Худованд. 33 Ва агар ин қавм, ё набӣ, ё коҳин аз ту пурсида, гӯянд: „Бори Худованд чист?“ — пас ба онҳо бигӯй: „Кадом бор? Ман шуморо тарк хоҳам кард, — мегӯяд Худованд“. 34 Ва ҳар гоҳ набӣ ва коҳин ва қавм бигӯянд: „Бори Худованд“, — Ман он шахс ва хонаи вайро гирифтори ҷазо хоҳам кард. 35 Ҳар яке ба ёри худ ва бародари худ чунин бигӯед: „Худованд чӣ ҷавобе додааст?“ ва „Худованд чӣ гуфтааст?“ 36 Валекин „бори Худованд“‐ро дигар зикр накунед, зеро ки бор барои кас сухане ки вай мегӯяд, хоҳад буд, ва ҳол он ки шумо суханони Худои Ҳай, Худованди лашкарҳо, Худои моро таҳриф намудаед. 37 Ба набӣ чунин бигӯй: „Худованд ба ту чӣ ҷавобе додааст?“ ва „Худованд чӣ гуфтааст?“ 38 Ва агар „бори Худованд“ бигӯед, пас Худованд чунин мегӯяд: азбаски шумо ин суханро, яъне „бори Худованд“‐ро гуфтаед, дар сурате ки Ман назди шумо фиристода, фармудаам, ки „бори Худованд“ нагӯед, — 39 Бинобар ин инак, Ман шуморо тамоман фаромӯш хоҳам кард, ва шумо ва он шаҳреро, ки ба шумо ва падаронатон додаам, аз ҳузури Худ рад хоҳам намуд; 40 Ва нанги абадӣ ва хиҷолати абадиро бар шумо хоҳам овард, ки он фаромӯш нахоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden