Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ДУЮМ Охири нубувват.

1 Худованд чунин гуфт: «Ба хонаи подшоҳи Яҳудо фурӯд ой ва дар он ҷо ин каломро ба забон бирон,

2 Ва бигӯй: каломи Худовандро бишнав, эй подшоҳи Яҳудо, ки бар тахти Довуд нишастаӣ, — ту, ва бандагони ту, ва қавми ту, ки ба ин дарвоза дохил мешаванд.

3 Худованд чунин мегӯяд: адолат ва инсофро ба амал оваред ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед; ва ғариб, ятим ва беваро озор надиҳед ва зулм накунед, ва хуни бегуноҳро дар ин макон нарезед.

4 Зеро агар шумо ин каломро ҳақиқатан ба ҷо оваред, он гоҳ подшоҳоне ки бар тахти Довуд менишинанд ва бар аробаҳо ва аспон савор мешаванд, — худашон, ва бандагонашон, ва қавмашон, — ба дарвозаи ин хона дохил хоҳанд шуд.

5 Вале агар шумо ин суханонро нашнавед, ба Зоти Худ қасам мехӯрам, — мегӯяд Худованд, — ки ин хона ба харобазор мубаддал хоҳад шуд.

6 Зеро ки Худованд дар бораи хонаи подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: ту барои Ман Ҷилъод ва қуллаи Лубнон будӣ, аммо ба яқин туро биёбоне мисли шаҳрҳои ғайримаскун хоҳам гардонид,

7 Ва бар зидди ту харобкунандагонро, ки ҳар яке бо олоти худ бошад, тақдис хоҳам намуд, ва онҳо арзҳои гузини туро бурида, дар оташ хоҳанд андохт.

8 Ва халқҳои бисьёр аз ин шаҳр хоҳанд гузашт ва ба якдигар хоҳанд гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин шаҳри бузург чунин кардааст?“

9 Ва дар ҷавоб хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб, ки аҳди Худованд Худои худро тарк кардаанд, ва ба худоёни дигар саҷда ва ибодат намудаанд“».

10 Барои мурда гирья накунед ва барои ӯ мотам нагиред, балки барои касе ки меравад, зор‐зор бигирьед, зеро ки ӯ дигар нахоҳад баргашт ва замини зодгоҳи худро нахоҳад дид.

11 Зеро Худованд дар бораи Шаллум ибни Йӯшиё, подшоҳи Яҳудо, ки ба ҷои падараш Йӯшиё подшоҳ шуда, аз он макон берун рафтааст, чунин мегӯяд: «Ӯ дигар ба он ҷо нахоҳад баргашт,

12 Балки дар маконе ки ӯро ба асирӣ бурдаанд, хоҳад мурд ва ин заминро дигар нахоҳад дид».

13 «Вой бар касе ки хонаи худро ба ноинсофӣ, ва болохонаҳояшро ба беадолатӣ бино мекунад: ёри худро муфт кор фармуда, музди варо намедиҳад,

14 Ва мегӯяд: „Барои худ хонаи калон ва болохонаҳои фарох бино мекунам“, — ва тирезаҳо барои худ мекушояд, ва онҳоро бо чӯби арз рӯйбаст менамояд ва бо шангарф ранг мекунад.

15 Оё ба он сабаб, ки аз арз биноҳо месозӣ, ту подшоҳӣ хоҳӣ кард? Падарат, охир, мехӯрд ва менӯшид, вале адолат ва инсофро риоя менамуд, бинобар ин аҳволаш хуб буд.

16 Ӯ ба мискин ва бенаво додрасӣ мекард, бинобар ин аҳволаш хуб буд. Маҳз ҳамин аст шинохтани Ман, — мегӯяд Худованд.

17 Аммо чашмони ту ва дили ту фақат ба тамаъкорӣ, ва ба рехтани хуни бегуноҳон, ва ба зулму ситам кардан нигаронида шудааст».

18 Бинобар ин Худованд дар бораи Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: «Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард: „Эй вой бародарам!“ ва „Эй вой хоҳарам!“ Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард: „Эй вой оғо!“ ва „Эй вой кибриё!“

19 Мисли дафни хар мадфун хоҳад шуд: ҷасадашро кашида бароварда, дуртар аз дарвозаи Ерусалим хоҳанд партофт».

20 «Бар Лубнон баромада, фарьёд зан, ва бар Бошон овозатро баланд кун, ва аз Аборим фарьёд зан, зеро ки ҳамаи дӯстдоронат шикаст хӯрдаанд.

21 Дар вақти некрӯзият туро таъкид карда будам, аммо ту гуфтӣ: „Нахоҳам шунид!“ Роҳи ту аз ҷавоният ҳамин буд, ки овози Маро нашнавӣ.

22 Ҳамаи чӯпонони туро бод хоҳад бурд, ва дӯстдорони ту ба асирӣ хоҳанд рафт; он гоҳ аз тамоми шарорати худ хиҷил ва шармсор хоҳӣ шуд.

23 Эй, ки бар Лубнон нишастаӣ, ва бар арзҳо лона сохтаӣ! Вақте ки дардҳо мисли азоби зане ки мезояд, туро фаро гирад, чӣ қадар оҳу воҳ хоҳӣ кард!»

24 «Ба ҳаёти Ман қасам, — мегӯяд Худованд, — ки агарчи Коньё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо нигине бар дасти рости Ман мебуд, аз он ҷо ҳам туро мекандам.

25 Ва Ман туро ба дасти толибони ҷонат ва ба дасти касоне ки аз онҳо метарсӣ, ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил ва ба дасти калдониён хоҳам супурд.

26 Ва ту ва модари туро, ки туро зоидааст, ба замини дигаре ки дар он ҷо зоида нашудаед, хоҳам андохт, ва шумо дар он ҷо хоҳед мурд.

27 Ва ба замине ки ҷонашон орзу дорад ба он ҷо баргарданд, нахоҳанд баргашт».

28 Оё ин шахс, Коньё, ҳайкали манфури шикастаест, ё зарфи нодаркорест? Чаро онҳо — ӯ ва насли ӯ — дур андохта, ба замине ки намедонистанд, партофта шудаанд?

29 Эй замин, эй замин, эй замин! Каломи Худовандро бишнав!

30 Худованд чунин мегӯяд: «Ин шахсро безоту зуриёт, марди дар умраш комьёбнашудае бинависед, зеро ки касе аз наслаш комьёб шуда, бар тахти Довуд нахоҳад нишаст ва дар Яҳудо дигар салтанат нахоҳад ронд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan