Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 21 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ЯКУМ Набӣ ба Сидқиё асирии Бобилро пешгӯӣ мекунад.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуд, вақте ки подшоҳ Сидқиё Пашҳур ибни Малкиё ва Сафаньё ибни Маъсиёи коҳинро назди ӯ фиристода, гуфт:

2 «Лутфан, барои мо аз Худованд бипурс, зеро ки Набукаднесар подшоҳи Бобил бар зидди мо ҷанг мекунад; шояд, Худованд барои мо чизе монанди тамоми мӯъҷизоти Ӯ ба амал оварад, то ки вай аз мо қафо гардад».

3 Ва Ирмиё ба онҳо гуфт: «Ба Сидқиё чунин бигӯед:

4 „Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман олоти ҷангро, ки дар дасти шумост, ва шумо ба воситаи онҳо бо подшоҳи Бобил ва калдониёне ки шуморо аз беруни ҳисор муҳосира намудаанд, ҷанг мекунед, ба самти дигар хоҳам гардонид, ва онҳоро андаруни ин шаҳр ҷамъ хоҳам овард;

5 Ва Худам бар зидди шумо бо дасти тӯлонӣ ва бозуи қавӣ ва бо ғазаб ва қаҳр ва хашми азиме ҷанг хоҳам кард;

6 Ва сокинони ин шаҳрро — ҳам одамон ва ҳам чорпоёнро — зарба хоҳам зад: онҳо аз вабои бузурге хоҳанд мурд.

7 Ва баъд аз он, — мегӯяд Худованд, — Сидқиё подшоҳи Яҳудо, ва бандагонаш, ва ин қавм, ва онҳоеро, ки дар ин шаҳр аз вабо, шамшер ва қаҳтӣ боқӣ мондаанд, ба дасти Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ва ба дасти душмани онҳо, ва ба дасти толибони ҷонашон хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард, ва дар ҳаққи онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳад намуд“.

8 Ва ба ин қавм бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ба шумо роҳи ҳаёт ва роҳи мамотро пешниҳод менамоям:

9 Ҳар кӣ дар ин шаҳр бимонад, аз шамшер ва қаҳтӣ ва вабо хоҳад мурд, вале ҳар кӣ баромада, ба калдониёне ки шуморо муҳосира кардаанд, таслим шавад, зинда хоҳад монд, ва ҷонаш барои вай ғанимат хоҳад гардид.

10 Зеро ки рӯи Худро бар ин шаҳр ба бадӣ, ва на ба некӣ, нигаронидаам, — мегӯяд Худованд. — Он ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид“.

11 Ва ба хонадони подшоҳи Яҳудо: „Каломи Худовандро бишнавед!

12 Эй хонадони Довуд! Худованд чунин мегӯяд: бомдодон аз рӯи инсоф доварӣ намоед ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед; мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо, мисли оташ берун омада, аланга занад, ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад“».

13 «Инак, Ман зидди ту ҳастам, эй сокинаи водӣ ва эй сахраи ҳомун, — мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ки мегӯянд: „Кист, ки бар мо ҳуҷум оварад, ва кист, ки ба масканҳои мо дохил шавад?“

14 Валекин Ман мувофиқи самари аъмолатон шуморо ҷазо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, — ва оташе дар ҷангали он хоҳам зад, ки тамоми гирду атрофи онро хоҳад сӯзонид».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan