Ирмиё 20 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУМ Пашҳур Ирмиёро таҳқир намуд; пешгӯӣ дар бораи асирии Бобил. 1 Ва Пашҳур ибни Имери коҳин, ки сардори нозирон дар хонаи Худованд буд, ин суханонро, ки Ирмиё нубувват кард, шунид, 2 Ва Пашҳур Ирмиёи набиро зада, дар шиканҷагоҳе ки дар дарвозаи болои Биньёмин назди хонаи Худованд буд, андохт. 3 Ва фардои он Пашҳур Ирмиёро аз шиканҷагоҳ баровард, ва Ирмиё ба вай гуфт: «Худованд номи туро Пашҳур не, балки Магӯр‐Мисавив хондааст. 4 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман туро барои худат ва барои ҳамаи дӯстонат рамзи даҳшат мегардонам, ва онҳо ба дами шамшери душманони худ фурӯ хоҳанд ғалтид, ва чашмонат инро хоҳад дид; ва Ман тамоми Яҳудоро ба дасти подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба Бобил хоҳад бурд, ва онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард; 5 Ва тамоми сарвати ин шаҳрро, ва тамоми молу мулки онро, ва тамоми ашьёи гаронбаҳои онро хоҳам супурд; ва ҳамаи ганҷинаҳои подшоҳони Яҳудоро ба дасти душманонашон хоҳам дод, ва онҳоро толону тороҷ карда ва тасарруф намуда, ба Бобил хоҳанд бурд. 6 Ва ту, эй Пашҳур, ва ҳамаи сокинони хонаи ту ба асирӣ хоҳед рафт; ва ба Бобил хоҳӣ расид, ва дар он ҷо хоҳӣ мурд, ва дар он ҷо дафн карда хоҳӣ шуд, — ту, ва ҳамаи дӯстонат, ки барояшон ту нубуввати бардурӯғ мекардӣ». 7 Худовандо, Ту маро саргарм кардӣ, ва ман саргарм шудам; Ту аз ман пурзӯртарӣ — ва ғолиб омадӣ; ман тамоми рӯз хандахариш гардидам: ҳар кӣ маро тамасхур мекунад. 8 Зеро, ҳамин ки ба суханронӣ шурӯъ намоям, дар бораи зулм фарьёд мезанам, ва дар бораи тороҷ фиғон мекашам, чунки каломи Худованд барои ман нанг ва тамасхури харрӯза гардидааст. 9 Ва ман ба дили худ гуфтам: «Дигар Ӯро зикр нахоҳам кард, ва дигар ба исми Ӯ сухан нахоҳам ронд». Вале он дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд, ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст, ва ман онро боздошта, хаста гардидаам, ва натавонистам. 10 Зеро ки аз ҷониби касони бисьёр бӯҳтон шунидам, ва даҳшат дар гирду пеш буд: «Арз кунед, ва мо аз ӯ шикоят хоҳем намуд». Ҳатто ҳамаи онҳое ки дӯсти худ медонистам, бар ман камин мекунанд: «Шояд саҳве кунад, ва мо бар ӯ ғолиб оем, ва интиқоми худро аз ӯ бигирем». 11 Лекин Худованд, мисли ҷаббори пуриқтидор, бо ман аст; бинобар ин таъқибкунандагони ман пешпо хӯрда, ғолиб нахоҳанд омад; бағоят шармсор хоҳанд шуд, чунки аблаҳона рафтор карданд; хиҷолати абадии онҳо фаромӯш нахоҳад шуд. 12 Вале Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки одилро меозмоӣ ва ботину дилро мебинӣ, чунин бикун, ки аз онҳо интиқом гирифтанатро бубинам, зеро ки даъвои худро пеши ту зоҳир намудаам. 13 Барои Худованд бисароед, Худовандро ҳамду сано гӯед, зеро ки Ӯ ҷони мискинро аз дасти шарирон наҷот додааст. 14 Малъун бод рӯзе ки дар он зоида шудаам! Муборак мабод рӯзе ки модарам маро зоидааст! 15 Малъун бод шахсе ки ба падарам мужда дода, гуфтааст: «Барои ту фарзанди нарина зоида шуд!» — ва ӯро бағоят шод кардааст. 16 Бигзор аҳволи он шахс мисли шаҳрҳое бишавад, ки Худованд онҳоро вожгун кард ва ҳеҷ таассуф нанамуд; бигзор вай субҳидам фиғон ва нимирӯзӣ фарьёд бишнавад, 17 Аз боиси он ки вай маро дар худи батн намиронидааст, то ки модарам қабри ман бошад, ва батнаш ҳомилаи абадӣ бимонад. 18 Чаро ман аз батн берун омадаам, то ки машаққат ва андӯҳ бубинам, ва рӯзҳоям дар хиҷолат адо шавад? |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden