Ирмиё 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Ирмиё ба Яҳудо фиристода шуд. 1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 2 «Бирав ва ба гӯши Ерусалим хитоб намуда, бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: меҳри айёми ҷавонӣ ва муҳаббати давраи арӯсии туро, вақте ки аз қафои Ман дар биёбон, дар замини нокишта мерафтӣ, барои ту дар хотир дорам. 3 Исроил барои Худованд қудс аст, ва навбари меваҳои Ӯ; онҳое ки онро бихӯранд, маҳкум хоҳанд шуд, ва мусибате бар онҳо хоҳад омад», — мегӯяд Худованд. 4 Каломи Худовандро бишнавед, эй хонадони Яъқуб ва ҳамаи қабилаҳои хонадони Исроил! 5 Худованд чунин мегӯяд: «Падарони шумо дар Ман чӣ ноинсофӣ ёфтанд, ки аз Ман дур шуданд, ва аз қафои ҳеҷу пуч рафта, худашон ба батолат мубаддал гардиданд? 6 Ва нагуфтанд: „Куҷост Худованде ки моро аз замини Миср берун овард, ва моро дар биёбон, дар замини вайрона ва пур аз ҳафраҳо, дар замини харобазор ва зулмот бурд, дар замине ки касе аз он гузар накардааст, ва касе дар он сокин набуд?“ 7 Ва Ман шуморо ба боғистон овардам, то ки меваҷот ва неъмати онро бихӯред; вале шумо омада, замини Маро палид кардед, ва мероси Маро зишт гардондед. 8 Коҳинон нагуфтанд: „Худованд куҷост?“ Ва шариатдонон Маро нашинохтанд, ва чӯпонон ба Ман осӣ шуданд; ва анбиё ба исми Баал нубувват карданд, ва аз қафои чизҳое рафтанд, ки фоида намебахшад. 9 Бинобар ин боз бар шумо доварӣ хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, — ва бар писарони писарони шумо доварӣ хоҳам кард. 10 Пас, бар ҷазираҳои Киттим гузар кунед ва бубинед, ва ба Қедор бифиристед ва дурустакак назар андозед, ва бубинед, ки оё чизе монанди ин воқеъ шудааст? 11 Оё халқе худоёни худро иваз кардаанд, агарчи онҳо худо нестанд? Вале қавми Ман ҷалоли худро ба он чи фоида намебахшад, иваз кардаанд. 12 Ба ин тааҷҷуб намоед, эй афлок, ва ба ҳаяҷон омада, бағоят дар даҳшат афтед! — мегӯяд Худованд. 13 Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд: Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад. 14 Оё Исроил ғулом аст? Ё хоназод аст? Пас чаро вай ба ғанимат гирифта шудааст? 15 Шерони ҷавон бар вай наъра зада, овози худро баланд карданд, ва замини онро ба биёбон табдил доданд; шаҳрҳои он сӯхта, ғайримаскун шудааст. 16 Писарони Нӯф ва Таҳфанҳес низ фарқи саратро зада шикастанд. 17 Оё ин осеб ба ту аз он сабаб нарасид, ки ту Худованд Худои худро, вақте ки туро бо роҳи рост мебурд, тарк кардӣ? 18 Ва акнун туро бо роҳи Миср чӣ кор аст, — то ки аз оби Шиҳӯр бинӯшӣ? Ва туро бо роҳи Ашшур чӣ кор аст, — то ки аз оби наҳр бинӯшӣ? 19 Шарорати ту туро ҷазо медиҳад, ва муртадии ту туро мазаммат менамояд; пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад ва талх аст он ки ту Худованд Худои худро тарк кардаӣ, ва тарси Ман дар ту нест, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо. 20 Аз қадимулайём юғи худро шикастӣ ва бандҳои худро баркандӣ, ва гуфтӣ: „Бандагӣ нахоҳам кард“, зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино кардӣ. 21 Аммо Ман туро ҳамчун рази асил, ҳамчун тухме ки комилан некӯст, кошта будам; пас, чӣ тавр ту барои Ман ба токи ёбоие мубаддал шудаӣ? 22 Пас, ҳарчанд худро бо ишқор бишӯӣ ва собуни зиёде барои худ ба кор барӣ, доғҳои гуноҳи ту пеши назари Ман намоён аст, — мегӯяд Худованд Худо. 23 Чӣ гуна метавонӣ бигӯӣ: „Худро палид накардаам, аз қафои Баал нарафтаам“? Ба рафторе ки ту дар водӣ кардӣ, назар андоз ва он чиро, ки ба амал овардӣ, дарк намо, эй модашутури сабукпое ки роҳҳои худро каҷ мекунад! 24 Ту мисли гӯрхари модаи ба биёбон одаткардае ҳастӣ, ки он дар айни пурзӯр шудани шаҳвати дилаш кандаканда нафас мекашад, ва кист, ки онро аз шавқи он боздошта тавонад? Ҳамаи толибони он хаста нахоҳанд шуд: онро дар моҳи он хоҳанд ёфт. 25 Пои худро аз бараҳнагӣ ва гулӯи худро аз ташнагӣ нигоҳ дор. Вале ту гуфтӣ: „Не, умеде нест! Зеро ки бегонаҳоро дӯст медорам ва аз қафои онҳо хоҳам рафт“. 26 Чунон ки дузд ҳангоми ба даст афтоданаш шармсор мешавад, ончунон хонадони Исроил: худашон, подшоҳашон, миронашон ва коҳинонашон ва анбиёяшон шармсор шуданд. 27 Ба чӯб мегӯянд: „Ту падари ман ҳастӣ“, ва ба санг: „Ту маро зоидаӣ“; зеро ки пуштро ба Ман гардонданд, ва на рӯйро; вале дар вақти мусибати худ мегӯянд: „Бархез ва моро наҷот деҳ!“ 28 Пас, худоёни ту, ки барои худ сохтаӣ, куҷоянд? Бигзор онҳо бархезанд, агар туро дар вақти мусибатат наҷот дода тавонанд; зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо, баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд. 29 Чаро бо Ман талош мекунед? Ҳамаатон ба Ман осӣ шудаед, — мегӯяд Худованд. 30 Бар абас писарони шуморо зарба задаам: онҳо сабақе нагирифтанд; шамшери шумо, мисли шери дарранда, анбиёи шуморо хӯрдааст. 31 Эй шумо, ки насли ин даврон ҳастед! Ба каломи Худованд диққат диҳед: оё Ман барои Исроил биёбон будам? Ё кишвари торикии зулмот? Пас, чаро қавми Ман гуфтанд: „Мо аз ту дур шудаем, дигар назди ту нахоҳем омад“? 32 Оё бокира зевари худро, ва арӯс тасмаи ороиши худро фаромӯш мекунад? Вале қавми Ман рӯзҳои бешуморе Маро фаромӯш карданд. 33 Чӣ гуна моҳирона роҳи худро пайдо мекунӣ, то ки ба ишқбозӣ ноил гардӣ! Бинобар ин ба зиштҳо низ роҳҳои худро таълим додаӣ. 34 Дар домани либосат низ хуни ҷонҳои мискинони бегуноҳ ёфт шуд: агарчи онҳоро дар вақти дуздӣ наёфтаӣ, бо вуҷуди ҳамаи инҳо, 35 Ту мегӯӣ: „Азбаски бегуноҳ ҳастам, ғазаби Ӯ аз ман баргардонида хоҳад шуд“. Инак, Ман туро доварӣ хоҳам намуд барои он ки ту мегӯӣ: „Ман гуноҳ накардаам“. 36 Чаро ин қадар ба залолат афтода, роҳи худро тағьир медиҳӣ? Чунон ки аз Ашшур хиҷил шудаӣ, ончунон аз Миср низ хиҷил хоҳӣ шуд; 37 Аз вай низ, дастҳоятро бар сарат гузошта, берун хоҳӣ рафт, зеро Худованд аз онҳое ки пушту паноҳат медонӣ, нафрат дорад, ва ту бо онҳо муваффақият нахоҳӣ ёфт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden