Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 18 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАЖДАҲУМ Ирмиё дар хонаи кулолгар.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

2 «Бархез ва ба хонаи кулолгар фурӯд ой, ва дар он ҷо суханони Худро ба ту хоҳам шунавонид».

3 Ва ман ба хонаи кулолгар фурӯд омадам, ва инак, ӯ бар чархҳо кор мекард.

4 Ва зарфе ки кулолгар аз гил месохт, дар дасти ӯ вайрон шуд, ва ӯ аз нав зарфи дигаре аз он сохт, ба тавре ки ба чашми кулолгар рост омад, ки бисозад.

5 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

6 «Оё Ман ба шумо, эй хонадони Исроил, мисли ҳамин кулолгар наметавонам рафтор намоям? — мегӯяд Худованд. — Инак, чунон ки гил дар дасти кӯзагар аст, ончунон шумо, эй хонадони Исроил, дар дасти Ман мебошед.

7 Баъзан Ман дар бораи халқе ва мамлакате мегӯям, ки онҳоро решакан ва хароб ва талаф хоҳам намуд,

8 Валекин агар халқе ки дар бораи онҳо ин суханро гуфтаам, аз шарорати худ тавба кунанд, Ман он мусибатеро, ки азм доштам бар онҳо оварам, ботил хоҳам кард.

9 Ва баъзан Ман дар бораи халқе ва мамлакате мегӯям, ки онҳоро обод ва устувор хоҳам сохт,

10 Валекин агар онҳо пеши назари Ман бадкорӣ карда, ба овози Ман гӯш надиҳанд, Ман он некиро, ки мехостам ба онҳо бикунам, ботил хоҳам кард.

11 Ва акнун ту ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим муроҷиат намуда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате барои шумо муҳайё менамоям, ва қасде ба муқобили шумо дорам; пас шумо ҳар яке аз роҳи бади худ баргардед, ва роҳҳо ва аъмоли худро ислоҳ намоед“.

12 Вале онҳо мегӯянд: „Не, умеде нест! Зеро ки мо қасдҳои худро пайравӣ хоҳем кард, ва ҳар яке бар тибқи саркашии дили шарири худ рафтор хоҳем намуд“.

13 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: дар миёни халқҳо бипурсед: кист, ки чизе монанди ин шунида бошад? Бокираи Исроил маъсияти азиме ба амал овардааст.

14 Оё барфи Лубнон қуллаи кӯҳро тарк мекунад? Оё обҳои сарде ки аз ҷойҳои дур ҷорист, хушк мешавад?

15 Аммо қавми Ман Маро фаромӯш карда, барои батолат бухур месӯзонанд, ва он батолат онҳоро дар роҳҳои онҳо, ки тариқҳои қадим аст, пешпо мезанад, то ки бо пайроҳаҳои ҷоддаи нообод қадамгузор шаванд,

16 То ки замини худро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушии абадӣ гардонанд, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтода, сари худро хоҳад ҷунбонид.

17 Ман мисли боди шарқӣ онҳоро пеши душман пароканда хоҳам кард; дар рӯзи ҳалокаташон пуштро ба онҳо нишон хоҳам дод, на ин ки рӯйро».

18 Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».

19 Ба ман, эй Худованд, гӯш андоз ва овози мухолифони маро бишнав.

20 Оё ба ивази некӣ бадӣ мекунанд? Онҳо, охир, барои ҷони ман чоҳ мекананд. Ба ёд овар, ки ман ба ҳузури Ту истода будам, то ки дар бораи онҳо суханони нек гуфта, ғазаби Туро аз онҳо баргардонам.

21 Бинобар ин писарони онҳоро ба қаҳтӣ гирифтор намо, ва онҳоро ба дами шамшер бисупор; бигзор занони онҳо гумкардафарзанд ва бева шаванд, ва шавҳаронашон куштаи вабо, ва ҷавононашон дар ҷанг қурбони шамшер гарданд.

22 Бигзор аз хонаҳои онҳо нолаю фиғон шунида шавад, вақте ки Ту ногаҳон бар онҳо фавҷе биёрӣ; зеро ки онҳо барои андармон кардани ман чоҳ кандаанд, ва домҳо барои пойҳои ман ба таври ниҳонӣ гузоштаанд.

23 Валекин Ту, эй Худованд, тамоми қасди онҳоро, ки барои куштани ман доранд, медонӣ; пас гуноҳи онҳоро наомурз, ва маъсияти онҳоро аз хотири Худ набарор; бигзор онҳо ба ҳузури Ту вожгун гарданд; дар вақти ғазаби Худ бар онҳо доварӣ намо.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan