Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФДАҲУМ Давоми он.

1 Гуноҳи Яҳудо бо қалами оҳанин навишта шудааст, бо неши алмос бар лавҳи дилҳои онҳо ва бар шохҳои қурбонгоҳҳои шумо нақш бастааст.

2 Чунон ки писарони худро онҳо дар хотир нигоҳ медоранд, ончунон қурбонгоҳҳои худ ва Ашераҳои худро, ки назди дарахтони сабз, бар теппаҳои баланд мебошанд, дар хотир нигоҳ медоранд.

3 Эй кӯҳи Ман, ки дар саҳро ҳастӣ! Сарвати ту ва ҳамаи хазинаҳои туро ба тороҷ хоҳам дод, минбарҳои туро низ аз боиси гуноҳе ки дар тамоми ҳудуди худ кардаӣ.

4 Ва ту бо айби худат аз мероси худ, ки Ман ба ту додаам, маҳрум хоҳӣ шуд, ва туро дар замине ки намедонӣ, ба дасти душманонат ба бандагӣ хоҳам супурд, зеро ғазаби Ман оташ гирифтааст, ва он то абад аланга хоҳад зад».

5 Худованд чунин мегӯяд: «Малъун аст марде ки ба одамизод таваккал мекунад, ва ҷисмро муттакои худ мегардонад, ва дилаш аз Худованд дур мешавад.

6 Ва ӯ мисли дарахти аръар дар бодия хоҳад буд, ва нахоҳад дид, ки кай некӣ меояд; ва дар ҷойҳои хушки биёбон, дар шӯразамини ғайримаскун сокин хоҳад шуд.

7 Муборак аст марде ки ба Худованд таваккал мекунад, ва Худованд пушту паноҳи ӯст;

8 Ва ӯ мисли дарахте хоҳад буд, ки назди об шинонда шудааст, ва решаҳояшро ба сӯи ҷӯйҳо равона мекунад, ва аз омадани гармо наметарсад, ва баргҳояш сабз аст, ва дар хушксолӣ ғам намехӯрад, ва аз мева додан бознамемонад.

9 Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст; кист, ки онро тавонад дарк кунад?

10 Ман, Худованд, дилро тафтиш мекунам ва ботинро меозмоям, то ки ба ҳар кас бар тибқи роҳҳояш, бар ҳасби самари аъмолаш подош диҳам».

11 «Кабк бар тухмҳое ки худаш назоидааст, менишинад: чунин аст шахсе ки бо роҳи ғайриодилона сарват меандӯзад; дар нисфи умраш он сарват ӯро тарк хоҳад кард, ва дар охири умраш ӯ нокас хоҳад буд.

12 Тахти ҷалол, ки макони муқаддаси мост, аз азал баланд аст.

13 Ту умеди Исроил ҳастӣ, эй Худованд! Ҳамаи онҳое ки Туро тарк мекунанд, шармсор хоҳанд шуд; ва онҳое ки аз ман дур мешаванд, бар хок навишта хоҳанд шуд, зеро ки онҳо Худовандро, ки чашмаи оби ҳаёт аст, тарк кардаанд.

14 Маро, эй Худованд, шифо бидеҳ, ва ман шифо хоҳам ёфт; маро наҷот деҳ, ва ман наҷот хоҳам ёфт, зеро ки Ту ҳамду санои ман ҳастӣ.

15 Инак, онҳо ба ман мегӯянд: „Каломи Худованд куҷост? Бигзор он ба амал ояд!“

16 Вале ман ба пайравии Ту барои он нашитофтаам, ки чӯпон бошам, ва рӯзи мусибатро орзу накардаам, — Ту инро медонӣ; он чи аз даҳони ман берун омадааст, ба ҳузури Ту ошкор аст.

17 Барои ман сабаби тарсу ҳарос набош; Ту дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи ман ҳастӣ.

18 Бигзор таъқибкунандагони ман хиҷил шаванд, вале ман хиҷил нашавам; бигзор онҳо ҳаросон шаванд, вале ман ҳаросон нашавам; бар онҳо рӯзи мусибатро биёр, ва онҳоро бо шикасти дучанд торумор намо».


Нутқи Ирмиё назди дарвоза дар бораи рӯзи шанбе.

19 Худованд ба ман чунин гуфт: «Бирав ва назди дарвозаи писарони қавм, ки подшоҳони Яҳудо аз он медароянд ва аз он мебароянд, ва назди ҳамаи дарвозаҳои Ерусалим биист,

20 Ва ба онҳо бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва тамоми аҳли Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим, ки аз ин дарвозаҳо медароед!

21 Худованд чунин мегӯяд: аз ҷонҳои худ бохабар бошед, ва дар рӯзи шанбе ҳеҷ боре набардоред, ва онро ба дарвозаҳои Ерусалим надароред;

22 Ва дар рӯзи шанбе аз хонаҳотон ҳеҷ боре набароред, ва ҳеҷ коре накунед, балки рӯзи шанберо тақдис намоед, чунон ки Ман ба падарони шумо амр фармудаам;

23 Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки гарданкашӣ карданд, то ки нашнаванд ва пандро напазиранд.

24 Ва агар шумо Маро бишнавед, — мегӯяд Худованд — ва дар рӯзи шанбе ҳеҷ боре ба дарвозаи ин шаҳр надароред, ва рӯзи шанберо тақдис намуда, дар ин рӯз ҳеҷ коре накунед,

25 Дар он сурат подшоҳон ва мироне ки бар тахти Довуд менишинанд ва бар аробаҳо ва аспон савор мешаванд, — худашон ва вазиронашон, мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим аз дарвозаҳои ин шаҳр дохил хоҳанд шуд, ва ин шаҳр то абад маскун хоҳад буд.

26 Ва аз шаҳрҳои Яҳудо, ва аз атрофи Ерусалим, ва аз замини Биньёмин, ва аз даштрӯя ва кӯҳсор ва ҷануб хоҳанд омад, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо, ва ҳадияҳои ордӣ, ва лебӯно хоҳанд овард, ва қурбониҳои шукронаро ба хонаи Худованд хоҳанд овард.

27 Ва агар Маро нашнида, рӯзи шанберо тақдис нанамоянд ва дар рӯзи шанбе боре бардошта, ба дарвозаҳои Ерусалим дароянд, он гоҳ Ман ба дарвозаҳояш оташ хоҳам зад, — ва он қасрҳои Ерусалимро хоҳад сӯзонид ва хомӯш нахоҳад шуд“».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan