Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШОНЗДАҲУМ Валангор шудани мамлакат ва ба асирӣ рафтани қавм. Ирмиё бояд бе зан бимонад.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Барои худ зан нагир, ва туро дар ин макон писарон ва духтарон набошанд.

3 Зеро Худованд дар бораи писарон ва духтароне ки дар ин макон зоида мешаванд, ва дар бораи модарони онҳо, ки онҳоро мезоянд, ва дар бораи падарони онҳо, ки онҳоро дар ин замин ба вуҷуд меоваранд, чунин мегӯяд:

4 Онҳо аз бемориҳои сахт хоҳанд мурд; барои онҳо касе навҳа нахоҳад кард, ва онҳо дафн карда нахоҳанд шуд, балки мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳанд буд; ва ба дами шамшер ва аз қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд, ва ҷасадҳои мурдаи онҳо хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд.

5 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: ба хонаи мотам надаро, ва барои навҳа кардан нарав, ва ба онҳо таъзия баён накун; зеро ки Ман, — мегӯяд Худованд, — осоиштагии Худро, яъне эҳсон ва марҳаматро аз ин қавм дур кардаам.

6 Ва калонон ва хурдон дар ин замин хоҳанд мурд, ва дафн карда нахоҳанд шуд, ва барои онҳо навҳагарӣ нахоҳанд кард, ва бадани худро харошида маҷрӯҳ нахоҳанд намуд, ва барои онҳо мӯйсари худро нахоҳанд тарошид.

7 Ва барои онҳо нон нахоҳанд шикаст, то ки ба мотамдорон дар бораи мурдагонашон таъзия баён кунанд, ва ба онҳо косаи таъзиятро дар бораи падар ё модарашон нахоҳанд нӯшонид.

8 Ба хонаи базм низ надаро, то ки бо онҳо нишаста, бихӯрӣ ва бинӯшӣ.

9 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман дар пеши назари шумо ва дар айёми шумо садои шодӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯсро аз ин макон нест хоҳам кард.

10 Ва ҳангоме ки ту ба ин қавм ҳамаи ин суханонро баён намоӣ, ва онҳо ба ту бигӯянд: „Аз чӣ сабаб Худованд тамоми ин мусибати бузургро бар зидди мо изҳор кардааст? Ва маъсияти мо чист, ва гуноҳе ки пеши Худованд Худои худ кардаем, чист?“ —

11 Он гоҳ ба онҳо бигӯй: аз он сабаб, ки падарони шумо Маро тарк карданд, — мегӯяд Худованд, — ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо ибодат ва саҷда карданд, валекин Маро тарк намуданд, ва шариати Маро риоя накарданд.

12 Ва шумо аз падарони худ боз ҳам бадтар рафтор кардед, ва ҳар яке аз шумо саркашии дили шарири худро пайравӣ менамояд, бе он ки Маро бишнавад.

13 Ба ин сабаб Ман шуморо аз ин замин ба замине ки шумо ва падаронатон надонистаед, хоҳам партофт, ва шумо дар он ҷо худоёни дигарро рӯзу шаб ибодат хоҳед намуд, зеро ки Ман ба шумо шафқат нахоҳам кард.

14 Бинобар ин, инак айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки дигар гуфта нахоҳад шуд: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини Миср берун овард“,

15 Балки: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини шимолӣ ва аз ҳамаи заминҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар ронда буд, берун овард“; зеро ки Ман онҳоро ба замине ки ба падаронашон дода будам, хоҳам баргардонид.

16 Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.

17 Зеро ки чашмонам бар ҳамаи роҳҳои онҳост: онҳо аз Ман пинҳон нестанд, ва маъсияташон аз чашмони Ман пӯшида нест.

18 Ва Ман аввал барои маъсият ва гуноҳашон подоши дучанд хоҳам дод, чунки замини Маро палид намуда, мероси Маро бо ҷасадҳои бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон пур кардаанд».

19 «Худовандо! Ту қуввати ман ва муттакои ман ва паноҳгоҳи ман дар рӯзи тангӣ ҳастӣ! Назди Ту халқҳо аз ақсои замин омада, хоҳанд гуфт: „Падарони мо фақат чизҳои дурӯғ ва ҳеҷу пучро, ки манфиате аз онҳо нест, мерос гирифтаанд“.

20 Оё одамизод метавонад барои худ худоён бисозад, ва ҳол он ки онҳо худо нестанд?»

21 «Бинобар ин, инак Ман ҳамин дафъа ба онҳо нишон хоҳам дод: дасти Худ ва иқтидори Худро ба онҳо нишон хоҳам дод, ва онҳо хоҳанд донист, ки исми Ман Худованд аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan