Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПОНЗДАҲУМ Ҳалокати қавм ногузир аст.

1 Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мусо ва Самуил ба ҳузури Ман биистанд, ҷони Ман ба ин қавм моил нахоҳад шуд; онҳоро аз ҳузури Ман дур андоз, то бираванд.

2 Ва агар ба ту бигӯянд: „Ба куҷо биравем?“ — ба онҳо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: „Он ки маҳкум ба марг аст — ба марг, ва он ки маҳкум ба шамшер аст — ба шамшер, ва он ки маҳкум ба қаҳтист — ба қаҳтӣ, ва он ки маҳкум ба асирист — ба асирӣ дучор хоҳад шуд“.

3 Ва Ман бар онҳо чор навъ мусибатро амр хоҳам фармуд, — мегӯяд Худованд: — Шамшерро барои куштан, ва сагонро барои даридан, ва мурғони осмон ва ҳайвоноти саҳроро барои хӯрдан ва талаф кардан.

4 Ва Ман онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод, аз боиси Менашше ибни Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва корҳое ки ӯ дар Ерусалим кардааст.

5 Кист, ки бар ту, эй Ерусалим, раҳм кунад, ва кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор намояд, ва кист, ки омада, аҳволи туро бипурсад?

6 Ту Маро тарк кардӣ, — мегӯяд Худованд, — ақиб гаштӣ; бинобар ин Ман дасти Худро бар ту дароз карда, туро талаф хоҳам намуд: аз пушаймон шудан безорам.

7 Ва Ман онҳоро назди дарвозаҳои замин бо ғалбер бод хоҳам дод; қавми Худро аз фарзандҳошон маҳрум сохта, талаф хоҳам намуд, чунки онҳо аз роҳҳои худ нагаштанд.

8 Бевазанони онҳо пеши назари Ман аз реги дарьё зиёдтаранд; бар онҳо, бар модари ҷавонон, тороҷгареро хоҳам овард, ки дар нимирӯзӣ тороҷ мекунад; онҳоро ногаҳон дар тарс ва даҳшат хоҳам андохт.

9 Зане ки ҳафт бача зоидааст, беҳуш гардида, ҷон медиҳад; офтоби вай дар миёнаи рӯз ғуруб намуда, вай шармсор ва хиҷил шудааст; бақияи онҳоро низ пеши назари душманонашон ба дами шамшер хоҳам супурд», — мегӯяд Худованд.

10 Вой бар ман, эй модарам, ки ту маро марде зоидаӣ, ки тамоми аҳли замин бо ман низоъ ва нифоқ мекунанд! На ба касе қарз додаам, ва на аз касе қарз гирифтаам, лекин ҳама ба ман лаънат мехонанд.

11 Худованд мегӯяд: «Оё Ман туро ба манфиати ту тақвият надодам? Оё дар замони мусибат ва дар замони тангӣ душманонатро пеши ту мағлуб накардам?

12 Оё метавонанд оҳан, яъне оҳани шимолӣ, ва мисро бишкананд?

13 Сарвати ту ва хазинаҳои туро аз боиси ҳамаи гуноҳҳое ки ту дар тамоми ҳудуди худ кардӣ, муфт ба тороҷ хоҳам дод.

14 Ва туро бо душманонат ба замине ки намедонӣ, хоҳам кӯчонид, зеро ғазаби Ман оташ гирифтааст, ва он бар шумо аланга хоҳад зад».

15 Ту, эй Худованд, инро медонӣ; пас, маро ба ёд овар ва тафаққуд намо, ва интиқоми маро аз таъқибкунандагонам бигир; ба сабаби пурсабрии Худ маро талаф накун; бидон, ки ба хотири Ту бори нангро бардоштаам.

16 Суханони Ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам, ва каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид, зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, номида шудаам.

17 Дар маҷлиси бозигарон нанишастаам ва дилхушӣ накардаам; аз дасти Ту танҳо нишастам, зеро ки Ту маро аз ғазаб пур кардӣ.

18 Чаро дарди ман доимист, ва захми ман сахт аст, ба тавре ки шифоро намепазирад? Ту барои ман чашмаи яъсовар, оби бевафо будӣ.

19 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Агар ту баргардӣ, Ман туро қабул хоҳам кард, он гоҳ ба ҳузури Ман хоҳӣ истод; ва агар гаронбаҳоро аз ночиз берун оварӣ, мисли даҳони Ман хоҳӣ буд; онҳо назди ту хоҳанд баргашт, вале ту назди онҳо нахоҳӣ баргашт.

20 Ва Ман туро барои ин қавм ҳисори мустаҳками мисин хоҳам гардонид; ва онҳо ба муқобили ту хоҳанд ҷангид, вале бар ту ғолиб нахоҳанд омад, зеро Ман бо ту ҳастам, то ки туро наҷот диҳам ва раҳо кунам, — мегӯяд Худованд. —

21 Ва туро аз дасти шарирон раҳо хоҳам кард, ва туро аз дасти ситамгарон халосӣ хоҳам дод».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan