Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРДАҲУМ Пешгӯӣ дар бораи хушксолӣ ва қаҳтӣ.

1 Каломи Худованд, ки дар бораи хушксолӣ бар Ирмиё нозил шудааст.

2 «Яхудо мотам гирифтааст, ва дарвозаҳояш вайрон шуда, бар замин хобидааст, ва истиғосаи Ерусалим баланд мешавад.

3 Ва акобирашон навкарони худро барои об мефиристанд; онҳо назди ҳавзҳо меоянд, аммо об намеёбанд; бо зарфҳои холӣ бармегарданд; ошуфта ва хиҷил гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.

4 Азбаски замин кафидааст, зеро дар мамлакат борон наборидааст, бинобар ин зироаткорон ошуфта гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.

5 Ҳатто ғизол дар саҳро зоида, бачаашро тарк мекунад, чунки сабзае нест.

6 Ва гӯрхарон бар теппаҳо истода, мисли шағолон ҳаворо фурӯ мебаранд; чашмони онҳо хира шудааст, чунки алафе нест».

7 Агарчи гуноҳҳои мо бар зидди мо шаҳодат медиҳад, Ту, эй Худованд, ба хотири исми Худ амал намо; зеро ки муртадиҳои мо бисьёр шудааст, ва мо пеши Ту гуноҳкор ҳастем.

8 Эй умеди Исроил, ки варо дар вақти тангӣ наҷот медиҳӣ! Чаро Ту дар ин замин мисли бегонае мебошӣ, ва мисли меҳмоне ки барои шабгузаронӣ омада бошад?

9 Чаро Ту мисли шахси саргаранге мебошӣ, ва мисли паҳлавоне ки наметавонад наҷот диҳад? Валекин Ту, эй Худованд, дар миёни мо ҳастӣ, ва мо ба исми Ту номида шудаем, пас моро тарк накун.

10 Худованд дар бораи ин қавм чунин мегӯяд: «Чунон ки онҳо ба овора гаштан муҳаббат дошта, пойҳои худро нахостанд боздоранд, ончунон Худованд ба онҳо таваҷҷӯҳ накард, ва алҳол гуноҳашонро ба ёд оварда, онҳоро барои маъсияташон ҷазо медиҳад».

11 Ва Худованд ба ман гуфт: «Барои манфиати ин қавм дуо нагӯй.

12 Агар онҳо рӯза доранд, тазаррӯашонро нахоҳам шунид; ва агар қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ биёранд, онро қабул нахоҳам кард, балки Ман онҳоро бо шамшер ва қаҳтӣ ва вабо талаф хоҳам намуд».

13 Ва ман гуфтам: «ё Худоё Худовандо! Инак, анбиё ба онҳо мегӯянд: „Шамшерро нахоҳед дид, ва қаҳтӣ ба шумо воқеъ нахоҳад шуд, балки осоиштагии пойдоре ба шумо дар ин макон хоҳам дод“».

14 Ва Худованд ба ман гуфт: «Анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват мекунанд; Ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо амр нафармудаам ва сухане нагуфтаам; онҳо рӯъёи дурӯғ ва ҷоду ва батолат ва макри дили худро ба шумо нубувват мекунанд.

15 Бинобар ин Худованд дар бораи анбиё чунин мегӯяд: онҳо ба исми Ман нубувват мекунанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам, ва онҳо мегӯянд: „Шамшер ва қаҳтӣ дар ин замин воқеъ нахоҳад шуд“; ин анбиё аз шамшер ва қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд.

16 Ва қавме ки онҳо барояшон нубувват мекунанд, ба сабаби қаҳтӣ ва шамшер дар кӯчаҳои Ерусалим партофта хоҳанд шуд, ва касе нахоҳад буд, ки онҳо ва занони онҳо ва писарон ва духтарони онҳоро дафн кунад; ва Ман шарорати онҳоро бар онҳо хоҳам рехт.

17 Ва ин каломро ба онҳо бигӯй: „Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад, ва ашкаш хотима наёбад; зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст, бо зарбае ки ҳалокатовар аст.

18 Агар ба саҳро бароям, — инак, шаҳидони шамшер; ва агар ба шаҳр дароям, — инак, гирифторони қаҳтӣ; зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин бар замин овора шуда мегарданд ва ҳеҷ чизро намедонанд“».

19 Магар Ту Яҳудоро тамоман рад кардаӣ? Магар ҷони Ту аз Сион нафрат намудааст? Чаро моро тавре зарба задаӣ, ки барои мо ҳеҷ шифое нест? Осоиштагиро умедвор шудем, ва ҳеҷ хайре нест; ва замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат падид омад.

20 Мо, эй Худованд, ба шарорати худ, ба маъсияти падарони худ иқрор мебошем, зеро ки пеши Ту гуноҳ кардаем.

21 Ба хотири исми Худ моро рад нанамо; тахти ҷалоли Худро беобрӯ накун; аҳди Худро, ки бо мо бастаӣ, ба ёд овар ва онро нашикан.

22 Оё дар миёни бутҳои халқҳо ба вуҷуд оварандагони борон ҳастанд? Ва оё осмон худ аз худ метавонад борон биборонад? Ин, охир, Ту, эй Худованд, Худои мо ҳастӣ, ва мо ба Ту умед хоҳем баст, зеро ки Ту ҳамаи ин чизҳоро офаридаӣ.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan