Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЗДАҲУМ Камарбанди катон — симои қавми фосидшуда.

1 Худованд ба ман чунин гуфт: «Бирав ва барои худ камарбанди катоне бихар ва онро бар камари худ бибанд, вале онро дар об нағӯтон».

2 Ва ман камарбандро мувофиқи каломи Худованд харидам, ва онро ба камари худ бастам.

3 Ва каломи Худованд дафъаи дуюм бар ман нозил шуда, гуфт:

4 «Камарбандеро, ки харидӣ, ва он бар камари туст, бигир, ва бархоста, сӯи Фурот рав ва онро дар шикофи сахра пинҳон кун».

5 Ва ман рафта, онро назди Фурот пинҳон кардам, чунон ки Худованд ба ман амр фармуд.

6 Ва баъд аз гузаштани рӯзҳои зиёде Худованд ба ман гуфт: «Бархоста, сӯи Фурот рав, ва камарбандеро, ки ба ту амр фармуда будам, ки дар он ҷо пинҳон кунӣ, аз он ҷо бигир».

7 Ва ман сӯи Фурот рафта, кофтам, ва камарбандро аз ҷое ки пинҳон карда будам, гирифтам, ва инак, камарбанд пӯсида буд, ба тавре ки мутлақо кор намеомад.

8 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

9 «Худованд чунин мегӯяд: кибри Яҳудо ва кибри азими Ерусалимро ҳамин тавр талаф хоҳам намуд.

10 Ин қавми шарир, ки аз шунидани суханони Ман гардан метобанд, саркашии дилҳои худро пайравӣ менамоянд, ва аз қафои худоёни бегона мераванд, то ки ба онҳо ибодат ва саҷда кунанд, мисли ин камарбанде ки мутлақо кор намеояд, хоҳанд шуд.

11 Зеро, чунон ки камарбанд ба камари одам мечаспад, ончунон Ман тамоми хонадони Исроил ва тамоми хонадони Яҳудоро ба Худам часпонидам, — мегӯяд Худованд, — то ки барои Ман қавм, ва исм, ва фахр, ва зинат бошанд, валекин нашниданд.

12 Ва ту ба онҳо ин каломро бигӯй: Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ҳар машк аз шароб пур хоҳад шуд“. Ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт: „Оё мо намедонем, ки ҳар машк аз шароб пур хоҳад шуд?“

13 Ва ту ба онҳо бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ҳамаи сокинони ин заминро бо подшоҳоне ки бар тахти Довуд нишастаанд, ва коҳинон ва анбиё ва ҳамаи сокинони Ерусалимро аз шароб то ба дараҷаи мастӣ пур хоҳам кард,

14 Ва онҳоро, яъне падарон ва писаронро, ба якдигар зада, пора‐пора хоҳам кард; дар вақти талаф сохтани онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳам кард“».

15 Бишнавед ва гӯш диҳед ва ҳавобаландӣ накунед! Зеро ки Худованд сухан меронад.

16 Худованд Худои худро ҷалол диҳед пеш аз он ки Ӯ торикиро падид оварад, ва пеш аз он ки пойҳои шумо бар кӯҳҳои тираранг билағжад; ва шумо рӯшноиро интизор хоҳед шуд, вале Ӯ онро зулмот хоҳад гардонид ва ба абри сиёҳе мубаддал хоҳад кард.

17 Ва агар шумо инро нашнавед, ҷони ман аз дидани ғурури шумо ба таври пинҳонӣ гирья хоҳад кард; ва чашми ман зор‐зор гириста, ашк хоҳад рехт, зеро ки рамаи Худованд ба асирӣ бурда шудааст.

18 Ба подшоҳ ва ба модари ӯ бигӯй: «Поёнтар биншинед, чунки аз сарҳотон тоҷи шавкати шумо афтодааст.

19 Шаҳрҳои ҷанубӣ баста шудааст, ва касе нест, ки онҳоро бикшояд; тамоми Яҳудо ба асирӣ бурда шудааст, комилан ба асирӣ бурда шудааст.

20 Чашмони худро баланд кунед ва онҳоеро, ки аз шимол меоянд, бубинед; рамае ки ба ту дода шуда буд, он рамаи шавкати ту куҷост?

21 Ту чӣ хоҳӣ гуфт, чун Ӯ туро танбеҳ намояд? Худат, охир, онҳоро омӯхта кардаӣ, ки бар ту сардор бошанд; оё дардҳо туро, мисли зане ки мезояд, фаро намегирад?

22 Ва агар дар дили худ бигӯӣ: „Чаро ин чизҳо ба ман рӯй додааст?“ — ба сабаби гуноҳҳои зиёди ту доманат кушода шудааст, пошнаҳоят бо зӯрӣ бараҳна гардидааст.

23 Оё ҳабашӣ метавонад пӯсти худро дигаргун созад, ва паланг — доғҳои худро? Ончунон шумо низ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаед, оё метавонед кори нек бикунед?

24 Ва Ман онҳоро мисли коҳрезае ки бо боди биёбон бурда мешавад, пароканда хоҳам кард.

25 Насибаи ту, қисмате ки барои ту аз ҷониби Ман чен карда шудааст, ҳамин аст, — мегӯяд Худованд, — аз он сабаб, ки ту Маро фаромӯш кардаӣ ва ба дурӯғ эътимод намудаӣ.

26 Ва Ман низ доманатро бар рӯи ту бардоштам, ва аврати ту намудор шуд.

27 Фиску фуҷури ту ва ваҷди шаҳвонии ту, зиштии зинокории ту ва қабоҳатҳои туро бар теппаҳои саҳро дидаам. Вой бар ту, эй Ерусалим! Пас аз ин ту то ба кай пок нахоҳӣ шуд?»

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan