Ирмиё 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Фош кардани гуноҳҳои қавм. 1 Ту, эй Худованд, одил хоҳӣ баромад, агар ман бо Ту мубоҳиса намоям, аммо бо Ту дар бораи доварӣ сухан хоҳам ронд: чаро роҳи шарирон муваффақиятнок аст, ва ҳамаи хоинон некрӯзанд? 2 Ту ниҳоли онҳоро шинондаӣ, ва онҳо реша давондаанд, ва нашъунамо ёфта, мева ҳам додаанд; Ту ба даҳони онҳо наздик ҳастӣ, валекин аз ботинашон — дур. 3 Ва Ту, эй Худованд, маро медонӣ, ва маро дидаӣ, ва дили маро нисбат ба Худат имтиҳон намудаӣ. Пас онҳоро мисли гӯсфандон барои забҳ берун овар, ва онҳоро барои рӯзи қатл таъин намо. 4 То ба кай замин мотам хоҳад гирифт, ва алафи ҳамаи саҳроҳо хушк хоҳад шуд? Чорпоён ва мурғон аз боиси шарорати сокинони он талаф мешаванд, зеро ки он шахсон мегӯянд: «Ӯ ояндаи моро нахоҳад дид». 5 «Агар ту бо пиёдагардон давида, хаста шуда бошӣ, чӣ гуна бо аспсаворон мусобиқа хоҳӣ кард? Ва агар дар сарзамини осоишта ту ба ҳарос афтода бошӣ, дар ҷангалистони анбӯҳи Урдун чӣ гуна рафтор хоҳӣ кард? 6 Зеро ки ҳатто бародаронат ва хонадони падарат, ҳатто онҳо ба ту хиёнат менамоянд, ҳатто онҳо аз қафоят бо овози баланд хитоб мекунанд; ба онҳо, вақте ки ба ту суханони нек гӯянд, бовар накун». 7 «Хонаи Худро тарк кардам; мероси Худро партофтам; ҷононаи Худро ба дасти душманонаш супурдам. 8 Мероси Ман барои Ман мисли шери ҷангал шуд: овозашро ба Ман баланд кард, бинобар ин аз вай нафрат намудам. 9 Оё мероси Ман бози рангин аст, ки бозони дигар аз ҳар тараф ба он ҳамла карданд? Рафта, тамоми ҳайвоноти саҳроро ҷамъ кунед, ва омада, гӯшти онро бихӯред. 10 Чӯпонони бисьёр токзори Маро хароб карданд, қитъаи Маро поймол сохтанд; қитъаи маҳбуби Маро ба биёбони вайронае табдил доданд. 11 Онро вайрона карданд, ва он вайрона шуда, пеши Ман мотам гирифтааст; тамоми замин вайрона шудааст, зеро касе нест, ки инро дар дили худ роҳ диҳад. 12 Ба ҳамаи теппаҳои биёбон тороҷгарон омаданд, чунки шамшери Худованд аз як канори замин то канори дигари замин талаф менамояд: барои ҳеҷ башаре осоиштагӣ нест. 13 Гандум коштанд, вале хор даравиданд; заҳмат кашида, манфиате надиданд; ва шумо аз маҳсулоти худ, ба сабаби оташи хашми Худованд, хиҷил гардед». 14 Худованд дар бораи ҳамаи ҳамсоягони шарири Худ, ки таҷовуз менамоянд ба мулке ки Ӯ ба қавми Худ — Исроил мерос додааст, чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро аз заминашон хоҳам барканд, ва хонадони Яҳудоро аз миёни онҳо хоҳам барканд. 15 Ва баъд аз он ки онҳоро барканам, Ман руҷӯъ намуда, ба онҳо раҳм хоҳам кард, ва ҳар якеро ба мулки вай, ва ҳар якеро ба замини вай хоҳам баргардонид. 16 Ва агар онҳо роҳҳои қавми Маро ба хубӣ таълим гирифта, ба исми Ман, яъне „ба ҳаёти Худованд“ гӯён қасам ёд кунанд, — чунон ки онҳо ба қавми Ман таълим дода буданд, ки ба Баал қасам ёд кунанд, — дар он сурат онҳо дар миёни қавми Ман ҷойгир хоҳанд шуд. 17 Вале агар нашнаванд, он гоҳ чунин халқро барканда, талаф хоҳам намуд», — мегӯяд Худованд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden