Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ирмиё 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЁЗДАҲУМ Мазаммат намудан қавмро барои беимонӣ. Ҳаёти Ирмиё дар хатар.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

2 «Суханони ин аҳдро бишнавед ва ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим бигӯед.

3 Ва ба онҳо бигӯй: Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: малъун бод касе ки суханони ин аҳдро нашнавад,

4 Ки онро ба падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз кӯраи оҳан берун овардам, амр фармуда, гуфтам: овози Маро бишнавед ва ҳар он чиро, ки ба шумо амр фармоям, ба ҷо оваред, — ва шумо қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд,

5 То қасамеро, ки ба падарони шумо хӯрдаам, ба ҷо оварам, яъне заминеро, ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки имрӯз аст, ба онҳо бидиҳам». Ва ман дар ҷавоб гуфтам: «Омин, эй Худованд».

6 Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳамаи ин суханонро дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим эълон намо ва бигӯй: суханони ин аҳдро бишнавед ва онҳоро ба ҷо оваред.

7 Зеро ки Ман падарони шуморо, аз рӯзе ки онҳоро аз Миср берун овардам, то имрӯз сахт таъкид намудам; ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро таъкид намуда, гуфтам: овози Маро бишнавед.

8 Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки ҳар яке бар тибқи саркашии дили шарири худ рафтор карданд; ва Ман ҳамаи суханони ин аҳдро бар онҳо овардам, ки иҷро кардани онро Ман ба онҳо амр фармуда будам, вале онҳо иҷро накарданд».

9 Ва Худованд ба ман гуфт: «Суиқасде дар миёни мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим вуҷуд дорад:

10 Онҳо ба гуноҳҳои аҷдоди худ, ки аз шунидани суханони Ман рӯ тофта буданд, баргаштанд, ва онҳо худоёни дигарро пайравӣ карданд, то ки ба онҳо ибодат намоянд. Хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо аҳди Маро, ки бо падаронашон баста будам, поймол карданд.

11 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар онҳо хоҳам овард, ки аз он натавонанд раҳо шаванд, ва сӯи Ман истиғоса хоҳанд бурд, вале Ман онҳоро иҷобат нахоҳам кард.

12 Ва он гоҳ шаҳрҳои Яҳудо ва сокинони Ерусалим рафта, ба худоёне ки барояшон бухур месӯзонанд, истиғоса хоҳанд бурд, вале он худоён онҳоро дар вақти мусибаташон ба ҳеҷ ваҷҳ наҷот нахоҳанд дод.

13 Зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо, баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд; ва баробари шумораи кӯчаҳои Ерусалим шумо барои қабоҳат қурбонгоҳҳо барпо кардаед, яъне қурбонгоҳҳо аз баҳри сӯзонидани бухур барои Баал.

14 Ва ту барои ин қавм дуо нагӯй, ва барои онҳо овози тазаррӯъ ва истиғоса баланд накун, зеро вақте ки онҳо ба сабаби мусибати худ сӯи Ман бихонанд, иҷобат нахоҳам кард.

15 Маҳбуби Маро дар хонаи Ман чӣ кор аст, дар сурате ки ӯ бисьёр корҳои бад кардааст? Ва оё гӯшти муқаддас метавонад гуноҳҳоятро аз ту дур кунад, ки дар вақти бадкирдории худ ин қадар ваҷд менамоӣ?

16 Худованд туро зайтуни сарсабзи хушсамар ва хушманзар номидааст, ва алҳол Ӯ бо садои ғулғулаи азиме бар вай оташ зад, ва шохаҳои он шикаст.

17 Ва Худованди лашкарҳо, ки ниҳоли туро шинондааст, мусибате бар ту фармуд, аз боиси бадие ки хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо ба муқобили худашон карданд, яъне барои Баал бухур сӯзонида, Маро ба ғазаб оварданд».

18 Ва Худованд ба ман маълум кард, ва ман донистам: он гоҳ Ту аъмоли онҳоро ба ман нишон додӣ.

19 Ва ман мисли барраи дастомӯзе будам, ки онро ба забҳ мебаранд; ва намедонистам, ки бар зидди ман ниятҳои баде доранд: «Дарахтро бо меваи он талаф намоем, ва аз арсаи ҳаёт онро барканем, то ки номаш дигар зикр наёбад».

20 Вале Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки довари одил ҳастӣ, ва ботину дилро меозмоӣ, чунин бикун, ки аз онҳо интиқом гирифтанатро бубинам, зеро ки даъвои худро пеши Ту зоҳир намудаам.

21 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд дар ҳаққи мардуми Анотӯт, ки қасди ҷони ту дошта, мегӯянд: «Ба исми Худованд нубувват накун, то ки аз дасти мо намирӣ».

22 Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, онҳоро ҷазо хоҳам дод: ҷавононашон ба дами шамшер хоҳанд мурд, писаронашон ва духтаронашон аз қаҳтӣ хоҳанд мурд.

23 Ва бақияе аз онҳо нахоҳад монд, зеро ки Ман бар мардуми Анотӯт дар соли ҷазои онҳо мусибате хоҳам овард».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan