Ирмиё 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Охири каломи назди дарвоза: Худо бутҳоро несту нобуд карда, қавми Худро ҷазо хоҳад дод. 1 Каломеро, ки Худованд ба шумо, эй хонадони Исроил, мегӯяд, бишнавед. 2 Худованд чунин мегӯяд: «Роҳи халқҳоро таълим нагиред ва аз аломоти осмон натарсед, чунон ки халқҳо аз онҳо метарсанд; 3 Зеро ки фароизи қавмон ҳеҷу пуч аст: дарахте аз ҷангал мебурранд, ки онро дасти наҷҷор бо тешае метарошад, 4 Бо нуқра ва тилло онро зинат медиҳад, бо мехҳо ва болға мустаҳкам мекунад, то ки ноҷунбон бошад. 5 Онҳо мисли хӯсае дар полиз мебошанд, ва наметавонанд сухан ронанд; онҳоро бардошта бурдан лозим аст, чунки наметавонанд қадам зананд. Аз онҳо натарсед, зеро ки наметавонанд осебе расонанд, валекин некӣ кардан ҳам аз дасташон намеояд». 6 Монанди Ту, эй Худованд, нест! Ту бузург ҳастӣ, ва исми Ту дар қудрат бузург аст. 7 Кист, ки аз Ту, эй Подшоҳи халқҳо, натарсад? Зеро ки Ту сазовори ин ҳастӣ; чунки дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо ва дар тамоми мамоликашон монанди Ту нест. 8 Онҳо аз як сар ҷоҳил ва беақл мебошанд; таълимоташон ҳеҷу пуч аст: аз ғӯлачӯб иборат аст. 9 Нуқраи тахтагӣ аз Таршиш оварда шудааст, ва тилло — аз Уфоз; маснӯи наҷҷор ва амали дасти заргар аст; матои лоҷвард ва арғувон либоси онҳост; ҳамаи онҳо маснӯоти ҳунармандон аст. 10 Вале Худованд Худои ростист; Ӯ Худои Ҳай ва Подшоҳи ҷовидонист; аз ғазаби Ӯ замин ба ларза меояд, ва халқҳо ба каҳри Ӯ наметавонанд тоб оваранд. 11 Ба онҳо чунин бигӯед: худоёне ки осмон ва заминро наофаридаанд, аз рӯи замин ва аз зери осмон нест хоҳанд шуд. 12 Ӯ заминро бо қуввати Худ офарид, дуньёро бо ҳикмати Худ барқарор намуд, ва осмонро бо хиради Худ густаронид. 13 Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозад, ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад, барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад, ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад. 14 Ҳар одам аз ақл бегона, ва ҳар заргар аз санаме ки сохтааст, шармсор хоҳад шуд, зеро ки бутҳои вай чизи дурӯғ аст, ва ҳеҷ нафасе дар онҳо нест. 15 Онҳо ҳеҷу пуч аст, амали фиребгарист; чун ба доварӣ дучор оянд, нест хоҳанд шуд. 16 Ӯ, ки насибаи Яъқуб аст, мисли онҳо нест, зеро ки Ӯ Офаринандаи тамоми мавҷудот аст, ва Исроил сибти мероси Ӯст; исми Ӯ Худованди лашкарҳост. 17 Эй, ки дар муҳосира нишастаӣ, бору буди худро аз замин бардор, 18 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман ҳамин дафъа сокинони ин заминро дур хоҳам андохт, ва онҳоро ба танг хоҳам овард, то ки фаҳм кунанд». 19 Вой бар ман дар ин шикасти ман! Ҷароҳати ман сахт аст; вале ман гумон карда будам, ки ин фақат нотобист, ва ман онро паси сар хоҳам кард. 20 Хаймаи ман хароб гардид, ва ҳамаи танобҳоям канда шуд; писаронам аз пеши ман рафтанд, ва онҳо нестанд: дигар касе нест, ки хаймаи маро бигустаронад ва пардаҳои маро биовезад; 21 Зеро ки чӯпонон аз ақл бегона шуданд, ва Худовандро ҷустуҷӯ накарданд, бинобар ин муваффақият наёфтанд, ва тамоми рамаи онҳо пароканда шуд. 22 Инак, овозае ба гӯш мерасад, ва ғулғулаи азиме аз кишвари шимолӣ, то ки шаҳрҳои Яҳудоро ба биёбон, ба маъвои шағолон мубаддал намояд. 23 Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд. 24 Маро, эй Худованд, ҷазо бидеҳ, аммо аз рӯи инсоф, на аз рӯи ғазаби Худ: мабодо маро кам кунӣ. 25 Ғазаби Худро бар халқҳое бирез, ки Туро намешиносанд, ва бар қабилаҳое ки исми Туро намехонанд; зеро ки онҳо Яъқубро хӯрдаанд, ва ӯро хӯрда, талаф намудаанд, ва манзили ӯро хароб кардаанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden