Инҷили Луқо 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Исо дувоздаҳ шогирдонро мефиристад, то ки башорат диҳанд. 1 Он дувоздаҳро даъват намуда, бар ҳамаи девҳо, ва барои шифо додани касалиҳо ба онҳо кувват ва қудрат бахшид, 2 Ва онҳоро фиристод, то ки Малакути Худоро мавъиза намоянд ва беморонро шифо диҳанд. 3 Ба онҳо гуфт: «Барои роҳ ҳеҷ чизе нагиред: на асое, на тӯрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед; 4 Ва ба ҳар ҳона, ки даромадед, дар он ҷо бимонед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед; 5 Ва агар дар ягон ҷо шуморо қабул накунанд, вақте ки аз он шаҳр берун меравед, ғубори пойҳои худро биафшонед, то ки шаҳодате бар онҳо гардад». 6 Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебахшиданд. Беқарории Ҳиродус аз боиси Исо. 7 Вақте ки тетрарҳ Ҳиродус овозаи тамоми амалиёти Ӯро шунавид, дар ҳайрат афтод: зеро баъзе касон мегуфтанд, ки Яҳьё аз мурдагон эҳьё шудааст; 8 Дигарон мегуфтанд, ки Ильёс зоҳир гардидааст; вале баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст. 9 Ва Ҳиродус гуфт: «Ман сари Яҳьёро аз танаш ҷудо кардаам; пас, Ин кист, ки дар бораи Ӯ чунин гапҳоро мешунавам?» Ва меҳост Ӯро бубинад. Ҳаввориён бармегарданд. Сер шудани панҷ ҳазор мард. 10 Ҳаввориён баргашта, корҳои худро ба Ӯ нақл карданд; ва Ӯ онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт‐Сайдо ном шаҳре буд. 11 Аммо мардум ҳабардор шуда, аз ақиби Ӯ рафтанд; ва Ӯ онҳоро пазироӣ карда, бо онҳо дар бораи Малакути Худо сӯҳбат кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод. 12 Бегоҳирӯзӣ наздик буд. Он дувоздаҳ назди Ӯ омада, гуфтанд: «Мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба қасаба ва деҳоти атроф рафта, манзил ва хӯрок барои худ пайдо кунанд, чунки ин ҷои мо як ҷои хилват аст». 13 Ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо ҳӯрок диҳед». Гуфтанд: «Мо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем; оё рафта, барои тамоми ин мардум ҳӯроке бихарем?» 14 Зеро ки онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Лекин Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Онҳоро даста‐даста панҷоҳнафарӣ шинонед». 15 Ва чунин карданд, ва ҳамаро шинонданд. 16 Ва Ӯ панҷ нон ва ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд. 17 Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд. Мардум ва шогирдон Исоро кӣ мегӯянд. 18 Боре, вақте ки Ӯ дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ӯ буданд, Ӯ аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?» 19 Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст». 20 Аз онҳо пурсид: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Масеҳи Худо». 21 Ва Ӯ ба онҳо фармони қатъӣ дод, ки инро ба касе нагӯянд; Исо дар бораи мамоти Худ ва эҳьёи Худ сухан меронад. 22 Ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад. Исоро чӣ гуна пайравӣ бояд кард? 23 Ва ба ҳама гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд; 24 Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад; 25 Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад? 26 Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм ҳохад кард; Дигаргун шудани Худованд. 27 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе, ки дар ин ҷо истодаанд, то Малакути Худоро набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид». 28 Баъд аз ин гапҳо тақрибан ҳашт рӯз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кӯҳе барои дуо гуфтан баромад. 29 Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ӯ дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид. 30 Ва инак, ду мард бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд, ки Мусо ва Ильёс буданд: 31 Онҳо дар ҷалоле зоҳир гардида, дар бораи оқибати Ӯ, ки бояд дар Ерусалим ба амал ояд, сухан меронданд. 32 Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ӯ буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ӯро, ва он ду мардро, ки бо Ӯ истода буданд, диданд. 33 Вақте ки Мусо ва Ильёс аз пеши Ӯ мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс», — ва намедонист, чӣ мегӯяд. 34 Ҳанӯз вай ин суханро мегуфт, абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун дохили абр шуданд, ба ҳарос афтоданд. 35 Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; ӯро бишнавед». 36 Ва овоз баромадан замон, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурӯ бастанд ва аз он чи дида буданд, ба ҳеҷ кас дар он айём гап назаданд. Шифо ёфтани девона. 37 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ фуромаданд, мардуми бисьёре Ӯро пешвоз гирифтанд. 38 Ва инак марде аз байни мардум фарьёд зада, гуфт: «Эй Устод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фарзанди ягонаи ман аст: 39 Рӯҳе ӯро мегирад, ва ӯ ногаҳон наъра мезанад, ва сахт печутоб мехӯрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ӯро тамоман беҳолу бемадор карда, базӯр аз ӯ даст мекашад; 40 Аз шогирдони Ту илтимос кардам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд». 41 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор, то ба кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр». 42 Вақте ки вай наздик меомад, дев вайро ба замин ғалтонида, сахт печутоб дод; аммо Исо рӯҳи палидро мазаммат намуд, ва писарро шифо дода, ба падари вай супурд. 43 Ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Ва ҳангоме ки ҳама аз ҳамаи кардаҳои Исо тааҷҷуб менамуданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: Исо бори дуюм дар бораи мамоти Худ сухан меронад. 44 «Ин суханонро дар гӯши худ ҷо кунед: Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд». 45 Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин сухан аз Ӯ бипурсанд. Ба муқобили иззатталабии шогирдон. 46 Ва ба майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. 47 Исо андешаи дили онҳоро дарьёфта, кӯдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт 48 Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург хоҳад буд». Рашки сохтаи шогирдон. 49 Дар айни ҳол Юҳанно гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, ва ӯро манъ кардем, чунки ӯ ҳамроҳи мо намегардад». 50 Исо ба вай гуфт: «Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост». Сомариён Исоро пазироӣ намекунанд. 51 Ва чун айёми сууди Ӯ наздик мешуд, Ӯ азми сафари Ерусалим кард; 52 Ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як қаса баи сомариён шуданд, то ки барои Ӯ тадорук кунанд: 53 Аммо Ӯро пазироӣ накарданд, зеро ки Ӯ рӯй ба ҷониби Ерусалим ниҳода буд. 54 Шогирдони Ӯ Яъқуб ва Юҳанно инро дида, гуфтанд: «Худовандо! Оё мехоҳӣ бигӯем, ки оташе аз осмон омада, онхоро маҳв намояд, чунон ки Ильёс низ карда буд?» 55 Аммо Ӯ рӯ гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт: «Намедонед, ки шумо ба кадом рӯҳ мансуб ҳастед; 56 Зеро ки Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст». Ва ба қасабаи дигаре рафтанд. Ҷиддияти пайравӣ кардан ба Исо. 57 Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард». 58 Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад». 59 Ба дигаре гуфт: «Маро пайравӣ кун». Вай гуфт: «Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам». 60 Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ». 61 Боз шаҳси дигаре гуфт: «Худовандо! Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам». 62 Лекин Исо ба вай гуфт: «Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden