Инҷили Луқо 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Шифо ёфтани ғуломи мирисад. 1 Вақте ки Ӯ ҳамаи суханони Худро ба самъи мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум ворид шуд. 2 Ғуломи як мирисад, ки барояш азиз буд, касал шуда, ба ҳолати назъ расида буд. 3 Вай овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро назди Ӯ фиристод, то аз Ӯ илтимос кунанд, ки омада ғуломи вайро шифо диҳад. 4 Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ӯ бисьёр илтимос карда, гуфтанд: «Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш бикунӣ, 5 Зеро ки вай қавми моро дӯст медорад ва барои мо куништ иморат кард». 6 Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикиҳои хона расид, мирисад дӯстонашро назди Ӯ фиристод, то ки ба Ӯ гӯянд: «Оғо! Ташвиш накаш, зеро ман лоиқи он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ; 7 Ба ин сабаб худамро низ лоиқ надонистам, ки назди Ту биёям; балки сухане бигӯ, ва ғуломи ман шифо хоҳад ёфт; 8 Зеро ки ман ҳам як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: „Бирав“, меравад; ба дигаре мегӯям: „Биё“, меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: „Фалон корро бикун“, мекунад». 9 со ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд, ва ба мардуме ки аз ақиби Ӯ мерафтанд, рӯ гардонда, гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки Ман дар Исроил ҳам чунин имоне наёфтаам». 10 Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд. Исо писари бевазанро дар Ноин зинда мекунад. 11 Баъд аз он Ӯ ба шаҳре рафт, ки Ноин ном дорад; ва бисьёре аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум ҳамроҳи Ӯ мерафтанд. 12 Вақте ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд. 13 Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гирья накун». 14 Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез». 15 Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд. 16 Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст». 17 Ин ақида дар бораи Ӯ дар тамоми Яҳудо ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд. 18 Ва шогирдони Яҳьё ҳамаи инро ба ӯ хабар доданд. Саволи Таъмиддиҳанда ва ҷавоби Исо. 19 Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?» 20 Онҳо назди Ӯ омада, гуфтанд: «Яҳьёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки бипурсем: „Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?“» 21 Дар ҳамон вақт Ӯ бисьёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо дода ва кӯрони бисьёрро биноӣ бахшида буд. 22 Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳьё бигӯед: кӯрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад; 23 Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад». Шаҳодати Исо дар бораи Яҳьё. 24 Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳьё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани қамише ки аз бод меларзад? 25 Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагӣ мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд. 26 Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набӣ? Оре, ба шумо мегӯям, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст. 27 Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: „Инак, Ман косиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад“. 28 Зеро ки ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, ҳеҷ як набие бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Малакути Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст». 29 Вақте ки тамоми мардум ва боҷгироне ки бо таъмиди Яҳьё таъмид гирифта буданд, шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд. Исо беақлии беимониро фош мекунад. 30 Аммо фарисиён ва шариатдонон иродаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд, зеро аз вай таъмид нагирифтанд. 31 Ва Худованд гуфт: «Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кӣ монандӣ доранд? 32 Онҳо ба кӯдаконе монандӣ доранд, ки дар кӯча нишаста ва якдигарро ҷеғ зада, мегӯянд: „Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед“. 33 Зеро ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехӯрад ва на шароб менӯшад; ва шумо мегӯед: „Вай дев дорад“. 34 Писари Одам омад, ки мехӯрад ва менӯшад, ва шумо мегӯед: „Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст“. 35 Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда шуд». Зани гуноҳкор, ки гуноҳаш афв шуда буд, ба нишонаи миннатдорӣ Исоро бо равғани атрафшон тадҳин мекунад. 36 Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вай хӯрок хӯрад; ва Ӯ ба хонаи фарисӣ даромада, назди суфра нишаст. 37 Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисӣ назди суфра нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани атрафшон овард; 38 Ва аз қафо назди пойҳои Ӯ истода, гирьякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ӯро бӯсида, бо равғани атрафшон тадҳин кард. 39 Фарисие ки Ӯро таклиф карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт: «Агар Ӯ набӣ мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки Ӯро ламс мекунад, зеро ки вай гуноҳкор аст». 40 Исо ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Эй Шимъӯн! Ба ту чизе гуфтанӣ ҳастам». Гуфт: «Бигӯй, эй Устод». Масал дар бораи қарзхоҳ ва ду қарздор. 41 Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт. 42 Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст хоҳад дошт?» 43 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касе ки ба вай ӯ бештар бахшидааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ». 44 Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашкаш шуста, бо мӯйҳои сараш хушконид. 45 Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақти омаданам ин ҷониб, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад. 46 Ту сари Маро бо равғани зайтун тадҳин накардӣ; аммо вай пойҳои Маро бо равғани атрафшон тадҳин кард. 47 Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисьёри вай омурзида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст». 48 Ва Ӯ ба вай гуфт: «Гуноҳҳоят омурзида шудааст». 49 Онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд: «Ин кист, ки гуноҳҳоро низ меомурзад?» 50 Ӯ ба он зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden