Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Исо ва қоидаҳои яҳудиён дар бораи рӯзи шанбе.

1 Як рӯзи шанбе чунин воқеъ шуд, ки Ӯ аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ӯ хӯшаҳоро мечиданд ва ба каф молида, мехӯрданд.

2 Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар шанбе раво нест?»

3 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?

4 Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хӯрд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ва ҳол он ки хӯрдани он раво набуд, ҷуз барои коҳинон?»

5 Ва ба онҳо гуфт: «Писари Одам оғои шанбе низ мебошад».


Шифо ёфтани дастхушк.

6 Як рӯзи шанбеи дигар Ӯ ба куништ даромада, таълим медод, ва дар он ҷо марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд.

7 Китобдонон ва фарисиён аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то ки айбе ба гардани Ӯ бор кунанд.

8 Ва Ӯ андешаҳои онҳоро пай бурда, ба марди дастхушк гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо биист». Вай бархост ва истод.

9 Ва Исо ба онҳо гуфт: «Аз шумо мепурсам, ки дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?»

10 Ва ба ҳамаи онҳо назар афканда, ба он мард гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай чунин кард, ва дасташ мисли дасти дигараш сиҳат шуд.

11 Аммо онҳо бисьёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар муҳокима мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд.


Интихоб шудани дувоздаҳ нафар ва номҳои онҳо.

12 Дар он айём Ӯ барои дуо гуфтан ба фарози кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт.

13 Вақте ки чашми рӯз кушода шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи ҳаввориёнро дод, ки инҳоянд:

14 Шимъӯн, ки ӯро Петрус номид, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филлиппус ва Барталмо,

15 Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯн, ки лақабаш Ғаюр буд,

16 Яҳудо ибни Яъқуб ва Яҳудои Исқарьют, ки баъдтар таслимкунандаи Ӯ шуд.


Фаъолияти Исо то ҳудуди Яҳудо вусъат меёбад.

17 Ва бо онҳо фурӯд омада, бар ҷои ҳамворе истод, ва шумораи зиёди шогирдонаш ва мардуми бисьёре аз тамоми Яҳудо ва Ерусалим ва аз соҳили Сӯр ва Сидӯн ҷамъ омаданд,

18 То ки каломи Ӯро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифторони арвоҳи палид буданд; ва шифо меёфтанд.

19 Ва тамоми издиҳом саъю кӯшиш мекарданд, ки Ӯро ламс намоянд, чунки қуввате аз Ӯ берун омада, ҳамаро шифо мебахшид.


Мавъизаи Исо: 1. Аҳкоми хушбахтӣ.

20 Ва Ӯ ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт: «Хушо шумо, эй мискинон, зеро ки Малакути Худо аз они шумост.

21 Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, зеро ки сер хоҳед шуд. Хушо шумо, ки ҳоло гирьён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд.

22 Хушо шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд.

23 Дар он рӯз шодӣ кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор карда буданд.


2. Эълон кардани: вой бар ҳоли шумо!

24 Бар акси ин, вой бар ҳоли шумо, эй сарватдорон! Зеро ки шумо аллакай тасаллои худро ёфтаед.

25 Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло сер ҳастед! Зеро ки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло хандон ҳастед, зеро ки мотам хоҳед гирифт ва гирья хоҳед кард.

26 Вой бар ҳоли шумо, вақте ки тамоми мардум шуморо таъриф кунанд. Зеро ки падарони онҳо бо анбиёи козиб ҳамин тавр рафтор карда буданд.


3. Бартараф кардани бадӣ ба воситаи муҳаббат.

27 Лекин ба шумо, эй шунавандагон, мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, ба нафраткунадагони худ некӣ кунед,

28 Барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед ва барои озордиҳандагони худ дуо гӯед.

29 Ҳар кӣ ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи вай бигардон; ва ҳар кӣ ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ ба вай монеъ нашав.

30 Ҳар кӣ аз ту чизе талаб кунад, ба вай бидеҳ, ва ҳар кӣ чизи туро бигирад, гашта доданашро талаб накун.

31 Ва чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед.

32 Ва агар касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ дӯстдорандагони худро дӯст медоранд.

33 Ва агар ба касоне некӣ кунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ чунин мекунанд.

34 Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд.

35 Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носипосон ва бадон меҳрубон аст.

36 Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст.


4. Ба муқобили маҳкум кардани дигарон.

37 Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум наҳоҳед шуд; бибахшед ва бахшида хоҳед шуд;

38 Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби чунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд».

39 Ва масале низ ба онҳо гуфт: «Оё метавонад кӯре ба кӯри дигар роҳнамоӣ кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд?

40 Шогирд аз муаллими худ авло нест; аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд.

41 Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?

42 Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гӯӣ: „Эй бародар! Иҷозат деҳ хасро аз чашми ту дур кунам“, дар сурате ки чӯбро дар чашми худ намебинӣ? Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.


5. Дар бораи ба ҷо овардани иродаи Худо.

43 Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад; ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошад.

44 Зеро ки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; чунки аз буттаи олуча анҷир намегиранд, ва аз мушхор ангур намечинанд.

45 Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шаҳси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро ки даҳони вай аз пурии дил сухан мегӯяд.


6. Масал дар бораи хонае ки бар санг бино шудааст.

46 Чаро Маро „Худовандо! Худовандо!“ мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред?

47 Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст:

48 Вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чукур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт, ва ҳангоме ки сел омада, оби наҳр он ҳонаро зер кард, онро аз ҷояш чунбонда натавонист, чунки бар санг бино шуда буд.

49 Лекин ҳар кӣ бишнавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рӯи хок бе таҳкурсӣ бино кард, ва ҳангоме ки оби наҳр онро зер кард, дарҳол фурӯ рафт, ва харобии он хона бузург буд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan