Инҷили Луқо 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Хизматгузории Яҳьёи Таъмиддиҳанда. 1 Дар соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар Тибариюс, вақте ки Понтиюс Пилотус дар Яҳудо фармонравоӣ мекард, ва Ҳиродус тетрархи Ҷалил, ва бародараш Филиппус тетрархи Итурия ва вилояти Тархонитус, ва Лисониюс тетрархи Абилин буд, 2 Дар айёми саркоҳинон Ҳонон ва Қаёфо, каломи Худо ба Яҳьё ибни Закарьё расид. 3 Ва ӯ тамоми кишвари атрофи Урдунро тай карда, таъмиди тавбаро барои омурзиши гуноҳҳо мавъиза менамуд, 4 Чунон ки дар китоби нутқҳои Ишаъёи набӣ навишта шудааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: „роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед; 5 Ҳар водӣ баланд, ва ҳар кӯҳ ва теппа паст, ва ҳар каҷӣ роҳи рост, ва ҳар роҳи ноҳамвор ҳамвор хоҳад шуд; 6 Ва ҳар башар наҷоти Худоро хоҳад дид“.» 7 Ва ба мардуме ки берун меомаданд, то ки аз ӯ таъмид ёбанд, мегуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед? 8 Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки „падари мо Иброҳим аст!“; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад; 9 Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд». 10 Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, чӣ кунем?» 11 Дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Касе ки ду курта дорад, ба касе ки надорад, бидиҳад; ва касе ки хӯрок дорад, низ чунин амал кунад». 12 Боҷгирон низ барои таъмид омада, ба ӯ гуфтанд: «Эй устод, чӣ кунем?» 13 Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он чи барои шумо муқаррар шудааст, талаб накунед». 14 Сарбозон низ аз ӯ пурсида, гуфтанд: «Пас мо чӣ кунем?» Ба онҳо гуфт: «Касеро озор надиҳед, дар ҳаққи касе тӯҳмат накунед, ва ба маоши худ қаноат намоед». 15 Ва ҳангоме ки мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳьё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не, — 16 Яҳьё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, лекин Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз кунам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод; 17 Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандумро дар анбори Худ гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда хоҳад сӯзонд». 18 Боз бисьёр чизҳои дигарро ба мардум башорат дода, онҳоро насиҳат мекард. Ҳабс шудани Таъмиддиҳанда. 19 Ва тетрарх Ҳиродус барои Ҳиродия, зани бародараш, ва барои ҳамаи бадиҳое ки карда буд, ба мазаммати ӯ дучор шуда, 20 Инро низ бар ҳамаи онҳо илова намуд, ки Яҳьёро дар зиндон андохт. Таъмиди Исо. 21 Ҳангоме ки тамоми мардум таъмид меёфтанд, ва Исо низ таъмид ёфта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд, 22 Ва Рӯҳулқудс дар шакли ҷисмонӣ, чун кабӯтаре, бар Ӯ нозил шуд, ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ; ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст!» Насабномаи Марьям, модари Исо. 23 Ва Исо, вақте ки ба хизмати Худ шурӯъ намуд, тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ, 24 Ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Малкӣ, ибни Яннай, ибни Юсуф, 25 Ибни Матитьё, ибни Омӯс, ибни Наҳум, ибни Ҳеслӣ, ибни Наҷҷой, 26 Ибни Маҳат, ибни Матитьё, ибни Шимъӣ, ибни Юсуф, ибни Йӯдо, 27 Ибни Йӯҳонон, ибни Ресо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерӣ, 28 Ибни Малкӣ, ибни Аддӣ, ибни Кӯсом, ибни Элмадом, ибни Эр, 29 Ибни Йӯсе, ибни Элиззер, ибни Йӯрим, ибни Маттот, ибни Левӣ, 30 Ибни Шимъӯн, ибни Яҳудо, ибни Юсуф, ибни Йӯном, ибни Эльёқим, 31 Ибни Мальё, ибни Мино, ибни Матато, ибни Нотон, ибни Довуд, 32 Ибни Йисой, ибни Ӯбид, ибни Бӯаз, ибни Салмӯн, ибни Наҳшӯн, 33 Ибни Аминодоб, ибни Ром, ибни Ҳесрӯн, ибни Форас, ибни Яҳудо, 34 Ибни Яъқуб, ибни Исҳоқ, ибни Иброҳим, ибни Тораҳ, ибни Ноҳӯр, 35 Ибни Саруҷ, ибни Рау, ибни Фолаҷ, ибни Эбар, ибни Шолаҳ, 36 Ибни Қенон, ибни Арфакшад, ибни Сом, ибни Нӯҳ, ибни Ломак, 37 Ибни Матушолаҳ, ибни Ҳанӯх, ибни Ёрад, ибни Маҳалалъил, ибни Қенон, 38 Ибни Анӯш, ибни Шет, ибни Одам, ибни Худо буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden