Инҷили Луқо 23 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ СЕЮМ Исо ба ҳузури Пилотус. 1 Ва тамоми аҳли маҷлисашон бархоста, Ӯро назди Пилотус бурданд. 2 Ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо ёфтаем, ки Ӯ қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизья додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад». 3 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯӣ». 4 Пилотус ба саркоҳинон ва ба мардум гуфт: «Дар Ин Одам ҳеҷ айбе намеёбам». 5 Лекин онҳо исрор намуда, мегуфтанд, ки Ӯ қавмро ба ошӯб меоварад ва дар тамоми Яҳудо, аз Ҷалил гирифта то ин ҷо, таълим медиҳад. Исо дар тергави Ҳиродус. 6 Вақте ки Пилотус инро шунид, савол дод: «Магар Ӯ ҷалилист?» 7 Ва чун донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Ерусалим буд. 8 Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро ки кайҳо боз Ӯро дидан мехост, чунки овозаи Ӯро шунида буд ва умед дошт, ки аз Ӯ мӯъҷизе бубинад. 9 Ва ба Ӯ саволҳои бисьёре дод; аммо Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. 10 Саркоҳинон ва китобдонон истода, бо тамоми ҷидду ҷаҳд Ӯро айбдор мекарданд. 11 Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ӯро басо таҳқир ва тамасхур карда ва либоси дурахшоне бар Ӯ пӯшонда, назди Пилотус гардонда фиристод. 12 Дар ҳамон рӯз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дӯст шуданд, зеро ки пештар онҳо ба якдигар адоват доштанд. Исо боз ба ҳузури Пилотус. Бараббос озод шуд, Исо маҳкум гардид. 13 Пилотус саркоҳинон, сардорон ва мардумро хонда, 14 Ба онҳо гуфт: «Ин Одамро ҳамчун фосидкунандаи қавм назди ман овардед; ва инак, ман дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва дар Ин Одам аз он айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мепартоед, чизе наёфтам; 15 Ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст: зеро ки ман Ӯро назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст; 16 Пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам». 17 Ва вай лозим буд, ба муносибати ид, касеро барои онҳо озод кунад. 18 Аммо мардум саросар фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро қатл кун! Барои мо Бараббосро озод кун». 19 Бараббос барои исьён ва қатле ки дар шаҳр рӯй дода буд, дар зиндон андохта шуда буд. 20 Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, зеро ки мехост Исоро озод кунад. 21 Лекин онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!» 22 Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам». 23 Вале онҳо бо фарьёди баланд исрор намуда, талаб карданд, ки Ӯ маслуб шавад; ва фарьёди онҳо ва саркоҳинон ғолиб омад. 24 Ва Пилотус қарор дод, ки аз рӯи талаби онҳо амал кунад, 25 Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба иҳтиёри онҳо супурд. 26 Вақте ки Ӯро бурданд, Шимъӯн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Исо бардошта барад. Исо маслуб шуд. 27 Ва шумораи азими мардум ва заноне ки барои Ӯ гирья ва навҳа мекарданд, аз ақиби Ӯ равона шуданд. 28 Ва Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй дуҳтарони Ерусалим! Барои Ман гирья накунед, балки барои худатон ва фарзандонатон гирья кунед; 29 Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт: „Хушо нозоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!“ 30 Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Бар мо биафтед!“ ва ба теппаҳо: „Моро бипӯшонед!“ 31 Зеро, агар бо дарахти сарсабз чунин кунанд, бо дараҳти хушк чиҳо хоҳанд кард?» 32 Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд. 33 Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро, ва он ҷинояткоронро — яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш — маслуб карданд. 34 Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд. 35 Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи баргузидаи Худо бошад». 36 Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд 37 Ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ». 38 Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд: «Ин аст Подшоҳи Яҳудиён». Имон овардани роҳзан. 39 Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ». 40 Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ? 41 Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст». 42 Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!» 43 Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд». 44 Тақрибан соати шашуми рӯз буд, ва тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт: 45 Офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд. Мамоти Исо. 46 Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод. 47 Мирисад ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Ҳақиқатан Ин Одам Одил буд». 48 Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин моҷаро синазанон гашта рафтанд. 49 Вале ҳамаи шиносҳои Ӯ ва заноне ки аз Ҷалил Ӯро пайравӣ намуда омада буданд, аз дур истода, инро медиданд. Дафни Исо. 50 Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шӯро, марди нек ва одил, 51 Ки бо қарор ва кори онҳо розӣ набуд, ва аз Ҳаромот ном шаҳри Яҳудо буда, худаш низ интизори Малакути Худо буд, 52 Назди Пилотус омада, Ҷасади Исоро талаб кард; 53 Ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки аз санг тарошида шуда буд, ва то ҳол ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд. 54 Он рӯз рӯзи ҷумъа буд ва шанбе фаро мерасид. 55 Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафтанд ва қабрро, ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ӯ гузошта шуд, диданд; 56 Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden