Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ДУЮМ Яҳудо Исоро таслим мекунад.

1 Иди фатир, ки фисҳ номида мешавад, наздик буд;

2 Саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон Ӯро ба қатл расонанд, чунки аз мардум метарсиданд.

3 Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарьютро дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад.

4 Пас вай рафта, бо саркоҳинон ва сардорон гуфтугӯ кард, ки чӣ сон Ӯро ба онҳо таслим кунад.

5 Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд.

6 Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то ки Ӯро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад.


Омода кардани фисҳ.

7 Ва рӯзи иди фатир, ки барраи фисҳро қурбонӣ кардан лозим буд, фаро расид.

8 Ва Ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Биравед ва фисҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед».

9 Ба Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки тайёр кунем?»

10 Ба онҳо гуфт: «Инак, вақте ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақибаш равона шавед то ба хонае ки вай медарояд,

11 Ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод ба ту мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?“

12 Вай ба шумо болохонаи калони мафрушеро нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед».

13 Онҳо равона шуданд ва, чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд, ва фисҳро омода карданд.


Фисҳ.

14 Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди суфра нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ӯ буданд.

15 Ба онҳо гуфт: «Хеле иштиёқманд будам, ки пеш аз уқубати Худ ин фисҳро бо шумо бихӯрам;

16 Зеро ба шумо мегӯям, ки аз он дигар нахоҳам хӯрд, то вақте ки дар Малакути Худо ба амал ояд».

17 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт: «Инро бигиред ва дар миёни худ тақсим кунед;

18 Зеро ба шумо мегӯям, ки дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то вақте ки Малакути Худо биёяд».


Муқаррар кардани Таоми шоми Худованд.

19 Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред».

20 Ҳамчунин косаро баъд аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад.


Исо дар бораи таслимкунанда сухан меронад.

21 Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари суфра аст.

22 Агарчи Писари Одам ончунон, ки пешакӣ муқаррар шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он кас, ки ба воситаи вай Ӯ таслим карда шавад».

23 Ва онҳо аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад?


Баҳсу мунозира дар бораи бартарии шогирдон.

24 Дар миёни онҳо инчунин баҳсу мунозира шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад.

25 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва ҳокимони онҳо валинеъмат хонда мешаванд;

26 Аммо шумо ин тавр не: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтарин бошад, ва сардор — монанди хизматгузор.

27 Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди суфра менишинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди суфра менишинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам.


Ҷои ҳаввориён дар малакути оянда.

28 Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед,

29 Ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст,

30 То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард».


Исо дар бораи инкори Петрус сухан меронад.

31 Ва Худованд гуфт: «Шимъӯн! Шимъӯн! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо мисли гандуме аз ғарбел гузаронад;

32 Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷӯъ намуда, бародарони худро устувор гардон».

33 Вай ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба мамот биравам».

34 Лекин Ӯ гуфт: «Ба ту, эй Петрус, мегӯям, ки имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, ту се бор инкоркунон ҳоҳӣ гуфт, ки Маро намешиносӣ».


Исо ба шогирдон дар бораи имтиҳонҳое ки Ӯро дар пеш аст, сухан меронад.

35 Ва ба онҳо гуфт: «Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз».

36 Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Лекин акнун касе ки ҳамьён дорад, онро бигирад; ҳамчунин тӯрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурӯхта, бихарад.

37 Зеро ба шумо мегӯям, ки ин сухани Навиштаҳо низ бояд дар ҳаққи Ман ба амал ояд: „з ҷинояткорон шумурда шуд“. Зеро ҳар чи дар бораи Ман аст, интиҳо меёбад».

38 Ва онҳо гуфтанд: «Худовандо! Инак, дар ин ҷо дуто шамшер ҳаст». Ба онҳо гуфт: «Кифоя аст».


Исо дар боғи Ҷатсамонӣ.

39 Ва берун омада, аз рӯи одат, ба кӯҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд.

40 Вақте ки ба он мавзеъ расид, ба онҳо гуфт: «Дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед».

41 Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт:

42 «Эй Падар! Агар бихоҳӣ, ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд».

43 Ва фариштае аз осмон бар Ӯ зоҳир гардида, Ӯро тақвият медод.

44 Ва Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷаҳди бештаре дуо мегуфт; ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид.

45 Баъд аз дуо барҳоста, Ӯ назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд.

46 Ва ба онҳо гуфт: «Чаро ҳоб рафтаед? Барҳоста, дуо гӯед, то ки ба озмоиш дучор нашавед».


Ҳабс шудани Исо.

47 Ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак мардуми бисьёре пайдо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яхудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то ки Ӯро бибӯсад. Зеро ки ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ҳамон аст».

48 Ва Исо ба вай гуфт: «Эй Яҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунӣ?»

49 Касоне ки бо Ӯ буданд, чун диданд, ки кор ба чӣ меанҷомад, ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Оё ба шамшер бизанем?»

50 Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада, гӯши рости вайро бурида партофт.

51 Исо дар ҷавоб гуфт: «Даст кашед, бас аст». Ва гӯши вайро ламс карда, шифо дод.

52 Ва Исо ба саркоҳинон ва сардорони маъбад ва пироне ки бар зидди Ӯ ҷамъ омада буданд, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед!

53 Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам, ва шумо ба Ман дасти таҷовуз дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки зулмот ҳукмфармост».

54 Ва Ӯро дастгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз паи онҳо равона шуд.


Дар доварии саркоҳинон. Инкори Петрус.

55 Вақте ки онҳо дар рӯи ҳавлӣ оташ даргиронда, даври он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст.

56 Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва синчакунон ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ин ҳам бо Ӯ буд».

57 Лекин вай инкор карда, ба зан гуфт: «Ман Ӯро намешиносам».

58 Пас аз муддате як одами дигар вайро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус ба он одам гуфт: «Ман аз онҳо нестам».

59 Тахминан як соат гузаштан баъд, боз як каси дигар боисрор гуфт: «Дар ҳақиқат ин ҳам бо Ӯ буд, зеро ки вай ҷалилист».

60 Аммо Петрус ба он кас гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ҳанӯз вай сухан меронд, ки дарҳол хурӯс бонг зад.

61 Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус назар андохт; ва Петрус сухани Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард».

62 Ва берун рафта, зор‐зор гирист.


Исо аз шарирон таҳқирҳоро қабул мекунад.

63 Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро тамасхур мекарданд ва мезаданд;

64 Ва рӯи Ӯро пӯшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ӯ мепурсиданд: «Нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?»

65 Ва боз бисьёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ӯ ба забон меронданд.


Исо ба ҳузури шӯрои пирон.

66 Ҳамин ки чашми рӯз кушода шуд, пирони қавм, саркоҳинон ва китобдонон ҷамъ омада, Ӯро ба шӯрои худ дароварданд,

67 Ва гуфтанд: «Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо бигӯй». Ба онҳо гуфт: «Агар ба шумо гӯям, бовар намекунед;

68 Ва агар ба шумо савол диҳам, ҷавоб намегардонед ва Маро озод намекунед;

69 Минбаъд Писари Одам ба ямини қуввати Худо хоҳад нишаст».

70 Ва ҳама гуфтанд: «Пас, Ту Писари Худо ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Шумо мегӯед, ки Ман ҳастам».

71 Ва онҳо гуфтанд: «Дигар ба мо чӣ шаҳодате лозим аст? Зеро ки худамон аз забони Ӯ шунидем!»

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan