Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Таваллуди Исо. Исми Ӯ.

1 Дар он айём аз ҷониби қайсар Авғустус фармоне баромад, ки дар тамоми рӯи замин саршуморӣ гузаронанд.

2 Дар замоне ки Кириниюс дар Сурия хукмронӣ мекард, ин саршуморӣ аввалин буд.

3 Ва ҳама барои нависондани худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд.

4 Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудо, ба шаҳри Довуд, ки Байт‐Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва авлоди Довуд буд,

5 То худро бо Марьям, ки номзади ӯ ва ҳомиладор буд, нависонад.

6 Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид;

7 Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.


Парастиши чӯпонон.

8 Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд.

9 Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон шуданд.

10 Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм ҳоҳад буд:

11 Имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст;

12 Ва ин аст аломат барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт».

13 Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:

14 «Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод».

15 Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт‐Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем».

16 Ва бо шитоб омаданд, ва Марьям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.

17 Ва чун диданд, он суханеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кӯдак гуфта шуда буд, нақл карданд.

18 Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд.

19 Ва Марьям ҳамаи ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт.

20 Ва чӯпонон баргашта, Худоро ҳамду сано меҳонаданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.


Қурбонӣ дар маъбад барои модар ва Кӯдак. Хатнаи Исо.

21 Вақте ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд.

22 Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешниҳод кунанд,

23 Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд, муқаддаси Худованд хонда мешавад»;

24 Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар курбонӣ кунанд.


Парастиш ва нубуввати Шимъӯн.

25 Ва инак, дар Ерусалим Шимъӯн ном марде буд, ки марди одил ва парҳезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд.

26 Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид.

27 Ва ӯ ба ҳидояти Рӯҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд,

28 Ӯро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт:

29 «Акнун, Эй Парвардигор, бандаи Худро, мувофиқи ваъдаи Худ, ба саломатӣ ҷавоб медиҳӣ;

30 Зеро ки чашмони ман наҷоти Туро дид,

31 Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо муҳайё сохтӣ:

32 Нурест, ки чашми халқҳоро кушояд, ва ҷалоли қавми Исроили Ту бошад».

33 Ва Юсуф ва модари Ӯ аз он чи дар бораи Ӯ гуфта шуд, мутааҷҷиб гардиданд.

34 Ва Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марьям, модари Ӯ, гуфт: «Инак, Ӯ барои ғалтидан ва бархостани бисьёр касон дар Исроил ва барои аломати муноқишот таъин шудааст, —

35 Дар ҷони Ту низ шамшере фурӯ хоҳад рафт, — то ки андешаҳои дилҳои бисьёр ошкор шавад».


Парастиши Ҳано.

36 Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагӣ карда буд,

37 Ва то ҳаштоду чорсолагӣ бева буд. Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард.

38 Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Худовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд.


Баргаштан ба Носира. Солҳои сокит.

39 Баъд аз он ки тамоми маросимро мувофиқи шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд.

40 Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд.


Исои дувоздаҳсола дар маъбад.

41 Ҳар сол падару модари ӯ барои иди фисҳ ба Ерусалим мерафтанд.

42 Инчунин вақте ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи таомули ид ба Ерусалим омаданд,

43 Ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ӯ пайхас нарафтанд,

44 Ба гумони он ки Ӯ бо аҳли қофила меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба ҷустуҷӯи Ӯ шурӯъ карданд;

45 Ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтани Ӯ ба Ерусалим баргаштанд.

46 Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод;

47 Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд.

48 Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ӯ ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хӯрда, Туро ҷустуҷӯ кардем».

49 Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?»

50 Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд.

51 Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт.

52 Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan