Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 19 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НУЗДАҲУМ Имон овардани Заккай.

1 Ва Ӯ ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он мегузашт.

2 Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватдор буд,

3 Мехост Исоро бубинад, ки Ӯ кист, лекин ба сабаби бисьёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд.

4 Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ӯро бубинад, чунки Ӯро лозим буд аз пеши он бигзарад.

5 Вақте ки Исо ба он ҷо расид, назар афканда, вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фурӯд ой, зеро ки имрӯз Маро лозим аст дар хонаат бимонам».

6 Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазироӣ намуд.

7 Ва ҳама инро дида, шиквакунон гуфтанд, ки Ӯ дар ҳонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст.

8 Аммо Заккай бархоста, ба Худованд гуфт: «Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар подош медиҳам».

9 Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба нн ҳона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст;

10 Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад».


Масал дар бораи даҳ минои амонатӣ.

11 Вақте ки онҳо инро гӯш мекарданд, Ӯ боз масале илова намуд: зеро ки Ӯ дар наздикии Ерусалим буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Малакути Худо ба зуҳур ояд.

12 Бинобар ин Ӯ гуфт: «Шахсе аз ашроф ба кишвари дурдаст мерафт, то ки салтанате ба даст оварда, баргардад;

13 Ва даҳ нафар ғуломонашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт: „Бо ин пул то вақти гашта омаданам доду муомила кунед“.

14 Аммо аҳли шаҳраш ба вай адоват доштанд ва аз ақиби вай элчӣ фиристоданд, то бигӯяд: „Намеҳоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“.

15 Ва ҳангоме ки вай салтанатро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст.

16 Якумин омада, гуфт: „Эй оғо! Як минои ту даҳ мино фоида овард“.

17 Ба ӯ гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизи андак мӯътамад будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав“.

18 Дуюмин омада, гуфт: „Эй оғо! Як минои ту панҷ мино фоида овард“.

19 Ба ӯ низ гуфт: „Ту ҳам бар панҷ шаҳр ҳоким шав“.

20 Сеюмин омада, гуфт: „Эй оғо! Инак як минои ту, ки онро ба рӯймоле печонда, нигоҳ доштам;

21 Зеро ки ман аз ту тарсидам, чунки шахси сахтгир ҳастӣ: он чи нагузоштаӣ, мегирӣ, ва он чи накоштаӣ, медаравӣ“.

22 Ба ӯ гуфт: „Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи шарир! Ту медонистӣ, ки ман шахси сахтгир ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам;

23 Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш бигирам?“

24 Ва ба ҳозирон фармуд: „Он миноро аз ӯ гирифта, ба он ки даҳ мино дорад, бидиҳед“.

25 Ба ӯ гуфтанд: „Эй оғо! Вай даҳ мино дорад“.

26 „Ба шумо мегӯям, ки ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;

27 Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман ба қатл расонед“».


Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо.

28 Ин суханонро гуфта, Ӯ боз ба роҳ даромад ва сӯи Ерусалим равона шуд.

29 Ва чун ба Байт‐Фоҷӣ ва Байт‐Ҳинӣ, ки бар кӯҳи Зайтун аст, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода,

30 Ба онҳо гуфт: «Ба он деҳа, ки рӯ ба рӯи мост, биравед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред;

31 Ва агар касе аз шумо пурсад: „Чаро воз мекунед?“ — ба вай бигӯед: „Худованд ба он зҳтиёч дорад“».

32 Фиристодагон рафта, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд.

33 Вақте ки онҳо курраро воз мекарданд, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?»

34 Гуфтанд: «Худованд ба он эҳтиёҷ дорад».

35 Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор карданд.

36 Ва ҳангоме ки Ӯ мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд.

37 Вақте ки Ӯ ба фуромадгоҳи кӯҳи Зайтун наздик шуд, тамоми тӯдаи шогирдонаш шоднкунон бо овози баланд Худоро барои ҳамаи мӯъҷизаҳое ки дида буданд, ҳамду сано карда,

38 Мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!»

39 Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Шогирдони Худро манъ кун».

40 Дар ҷавоб гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард».


Маҳзунии Исо дар бораи Ерусалим.

41 Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирьён шуд

42 Ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиштагии ту мебарад! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту ниҳон аст;

43 Зеро рӯзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард,

44 Ва туро, ва фарзандонатро дар дохили ту, ба хок яксон хоҳанд кард, ва дар ту санге бар санге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақти тафаққуди худро надонистӣ».


Исо бори дуюм маъбадро пок мекунад.

45 Ва ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар он харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд,

46 Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодат аст“, аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».

47 Ва ҳар рӯз дар маъбад таълим медод. Аммо саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм қасд доштанд, ки Ӯро нобуд кунанд,

48 Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, зеро ки тамоми мардум пайваста ба сузанони Ӯ гӯш медоданд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan