Инҷили Луқо 18 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАЖДАҲУМ Масал дар бораи қозии ноинсоф. 1 Ва ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва маъюс нашавад, 2 Ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум. 3 Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: „Маро аз душманонам муҳофизат намо“. 4 Муддати дуру дарозе қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: „Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум, 5 Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад“». 6 Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд? 7 Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд? 8 Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?» Масал дар бораи фарисӣ ва боҷгир. 9 Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт: 10 «Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд. 11 Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам: 12 Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам“. 13 Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: „Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун“. 14 Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад». Исо кӯдаконро дуо мекунад. 15 Кӯдаконро низ назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд. 16 Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад; 17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад». Исо ва ҷавони сарватдор. 18 Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Устоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?» 19 Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона. 20 Аҳкомро медони: зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун». 21 Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам». 22 Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳӣ ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун». 23 Лекин вай, чун инро шунид, андӯҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд. 24 Исо андӯҳи вайро дида, гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст! 25 Зеро ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад». 26 Шунавандагон гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?» 27 Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст». Дар бораи мукофоти шогирдон. 28 Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем». 29 Ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду 30 Дар ин замон ҳеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад». Исо бори сеюм дар бораи мамоти Худ ва эҳьёи Худ сухан меронад. 31 Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад: 32 Зеро ки Ӯ ба дасти гайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд, 33 Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ зҳьё шавад». 34 Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд. Шифо ёфтани кӯр дар наздикии Ериҳӯ. 35 Вақте ки Ӯ ба Ериҳӯ наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид; 36 Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?» 37 Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирӣ меояд. 38 Дарҳол фарьёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». 39 Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба хомӯш шуданводор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». 40 Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид: 41 «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Гуфт: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам». 42 Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид». 43 Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden