Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШОНЗДАҲУМ Масал дар бораи амалдори ҳаким, вале ноинсоф.

1 Ба шогирдони Худ низ гуфт: «Як марди сарватдор буд, ки амалдоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ӯ шикоят карданд, ки молу мулки ӯро исроф менамояд;

2 Вайро ҷеғ зада, гуфт: „Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз амалиёти худ ҳисобот деҳ, зеро ки дигар наметавонӣ амалдор бошӣ“.

3 Он амалдор дар дили худ гуфт: „Чӣ кунам? Оғоям маро аз вазифаам маҳрум месозад: аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадоӣ шарм мекунам;

4 Медонам, чӣ кунам, то ки мардум, ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам, маро дар хонаҳои худ пазироӣ кунанд“.

5 Ва ҳар яке аз қарздорони оғои худро ба танҳоӣ ҷеғ зада, ба якумин гуфт: „Ту аз оғои ман чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“

6 Гуфт: „Сад ченак равған“. Ба вай гуфт: „Забонхати худро бигир ва зуд нишаста, панҷоҳ бинавис“.

7 Баъд ба дигаре гуфт: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Дар ҷавоб гуфт: „Сад ченак гандум“. Ба вай гуфт: „Забонхати худро бигир ва ҳаштод бинавис“.

8 Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд.

9 Ва Ман ба шумо мегӯям: бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед, то ки онҳо дар вақти тамом шудани он шуморо ба масканҳои ҷовидонӣ пазироӣ кунанд.

10 Касе ки дар чизи андак мӯътамад бошад, дар чизи бисьёр низ мӯътамад аст, ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисьёр низ ноинсоф аст.

11 Пас, модоме ки шумо дар сарвати ноинсофона мӯътамад набудед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо месупурда бошад?

12 Ва модоме ки дар чизи бегона мӯътамад набудед, кист, ки чизи худатонро ба шумо медода бошад?

13 Ҳеҷ ғулом ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт; ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед».


Дар бораи порсоии сохтаи фарисиён ва аҳамияти Таврот.

14 Ва фарисиён, ки зарпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Ӯро тамасхур карданд.

15 Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст.

16 Таврот ва суҳафи анбиё то Яҳьёст; аз он вақт ин ҷониб Малакути Худо башорат дода мешавад, ва ҳар кас бо ҷидду ҷаҳд ба он дохил мегардад.

17 Лекин фанои осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуқтае аз Таврот маҳв шавад.


Исо дар бораи талоқ.

18 Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино карда бошад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.


Сарватдор ва Лаъзор.

19 Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард.

20 Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ӯ мехобид, ва баданаш пур аз захм буд;

21 Ва орзу дошт аз он чи аз дастархони он сарватдор меафтод, шиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд.

22 Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ӯро дафн карданд;

23 Ва дар дӯзах ӯ, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид

24 Ва фарьёд зада, гуфт: „Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам“.

25 Лекин Иброҳим гуфт: „Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ;

26 Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд“.

27 Ва ӯ гуфт: „Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман бифирист.

28 Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу уқубат наоянд“.

29 Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гӯш кунанд“.

30 Аммо ӯ гуфт: „Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард“.

31 Ба ӯ гуфт: „Модоме ки ба Мусо ва анбиё гӯш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳьё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард“».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan