Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРДАҲУМ Исо дар рӯзи шанбе шифо медиҳад.

1 Як рӯзи шанбе Ӯ ба хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хӯрок хӯрдан омад, ва онҳо Ӯро мушоҳида мекарданд:

2 Ва инак, марде пеши Ӯ омад, ки гирифтори бемории истисқо буд.

3 Исо ба шариатдонон ва фарисиён рӯ оварда, гуфт: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан ҷоиз аст ё не?»

4 Онҳо хомӯш монданд. Ва Ӯ он мардро ламс намуда, шифо бахшид ва фиристод.

5 Ва ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки хараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рӯзи шанбе берун наоварад?»

6 Ба ин гап эроде гирифта натавонистанд.


Масал дар бораи онҳое ки дӯст медоранд дар базм пешгоҳнишин бошанд.

7 Чун Ӯ пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт:

8 «Вақте ки касе туро ба тӯи арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мӯҳтарамтаре бошад,

9 Ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: „Ҷои худро ба ӯ бидеҳ“; ва он гоҳ бо хиҷолат дар поини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад.

10 Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона бинишин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: „Эй дӯст! Болотар бинишин“; он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме хоҳад буд,

11 Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад».


Порсоии фарисиён не, балки раҳмдилӣ муҳим аст.

12 Ва ба он касе ки Ӯро даъват намуда буд, гуфт: «Вақте ки хӯроки пешинӣ ё хӯроки бегоҳӣ ташкил мекунӣ, дӯстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватдори худро даъват накун: мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва мукофоти ту дода шавад.

13 Балки, чун зиёфат медиҳӣ, мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро даъват намо,

14 Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рӯзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд».

15 Яке аз онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, ин суханонро шунида, ба Ӯ гуфт: «Хушо касе ки дар Малакути Худо хӯрок хӯрад!»


Масал дар бораи онҳое ки ба зиёфам даъвам шудаанд.

16 Ва Ӯ ба вай гуфт: «Шахсе зиёфати калоне ташкил карда, бисьёр касонро даъват намуд;

17 Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: „Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст“.

18 Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: „Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ“.

19 Дигаре гуфт: „Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ“.

20 Сеюмин гуфт: „Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям“.

21 Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: „Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро ба ин ҷо биёр“.

22 Ва ғулом гуфт: „Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст“.

23 Ва оғо ба ғулом гуфт: „Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад;

24 Зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро нахоҳад чашид: зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон — кам“».


Исоро пайравӣ карда намешавад бе он ки кас ба таври ҷиддӣ тарки ҳама чиз кунад ва худро имтиҳон намояд.

25 Бо Ӯ мардуми бисьёре равона буданд; ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт:

26 «Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;

27 Ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад;


Масал дар бораи касе ки бурҷе месозад.

28 Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад,

29 Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро тамасхур кунанд

30 Ва гӯянд: „Ин шахс ба сохтан шурӯъ намуд ва ба тамом кардан кувваташ нарасид?“


Масал дар бораи подшоҳе ки ба ҷанг медарояд.

31 Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ӯ меояд?

32 Вагар на, ҳанӯз ки вай дур аст, назди вай элчӣ фиристода, сулҳ металабад.

33 Ҳамчунин ҳар яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад.


Дар бораи намаке ки қуввамашро гум карда бошад.

34 Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад?

35 На барои замин кор меояд, на барои нурӣ; онро бароварда мепартояид. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan