Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЗДАҲУМ Дар бораи тавба.

1 Дар ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ӯ дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо қурбониҳои онҳо омехтааст.

2 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё гумон мекунед, ки ин ҷалилиён аз ҳамаи ҷалилиён зиёдтар гуноҳкор будаанд, ки чунин азоб кашидаанд?

3 Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд.

4 Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилӯаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд?

5 Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд».


Масал дар бораи дарахти анҷири бемева.

6 Ва чунин масале гуфт: «Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт.

7 Ва ба токдор гуфт: „Инак, се сол боз ман меоям, то ки аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бибур: барои чӣ заминро беҳуда банд кунад?“

8 Аммо вай дар ҷавоб гуфт: „Эй оғо! Имсол ҳам онро бимон, то ки гирдашро канда, нурӣ андозам:

9 Шояд, бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ“».


Исо дар рӯзи шанбе шифо медиҳад.

10 Дар яке аз куништҳо Ӯ рӯзи шанбе таълим медод;

11 Ва инак, зане ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи заъф буд: вай қадхамида буд, ва қоматашро рост карда наметавонист.

12 Исо чун вайро дид, вайро садо карда, гуфт: «Эй зан! Аз ранҷурии худ халос мешавӣ».

13 Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд.

14 Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рӯзи шанбе шифо дод, дарғазаб шуда, ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рӯзи шанбе».

15 Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Эй риёкор! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рӯзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебарад?

16 Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол боз баста буд, оё дар рӯзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?»

17 Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ шод буданд.


Масал дар бораи донаи хардал.

18 Ва Ӯ гуфт: «Малакути Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам?

19 Он мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи худ партофт: ва он нумӯ карда, дарахти калоне шуд, ва мурғони ҳаво дар шохаҳояш ошьёна сохтанд».


Масал дар бораи хамиртуруш.

20 Боз гуфт: «Малакути Худоро ба чӣ монанд кунам?

21 Он монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».


Ҷавоби Исо ба савол дар бораи он ки оё шумораи наҷотьёбандагон кам аст.

22 Ва Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Ерусалимро пеш гирифта буд.

23 Касе ба Ӯ савол дода, гуфт: «Худовандо! Наход ки шумораи наҷотьёбандагон кам аст?» Ба онҳо гуфт:

24 «Саъю кӯшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист.

25 Вақте ки Соҳиби хона бархоста, дарро бандад, шумо дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: „Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун“. Вале Ӯ дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт: „Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед“.

26 Он гоҳ хоҳед гуфт: „Мо пеши Ту хӯрдем ва нӯшидем, ва дар кӯчаҳои мо Ту таълим медодӣ“.

27 Лекин Ӯ хоҳад гуфт: „Ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон“.

28 Дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми анбиёро дар Малакути Худо бубинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед.

29 Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷануб омада, дар Малакути Худо хоҳанд нишаст.

30 Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин хоҳанд шуд».


Нияти Ҳиродус, ки Исоро бикушад.

31 Дар ҳамон рӯз баъзе аз фарисиён омада, ба Ӯ гуфтанд: «Баро ва аз ин ҷо бирав, зеро ки Ҳиродус мехоҳад Туро ба қатл расонад».

32 Ба онҳо гуфт: «Биравед ва ба он рӯбоҳ бигӯед: „Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт“;

33 Лекин Маро лозим аст, ки имрӯз, фардо ва пасфардо роҳ равам, зеро мумкин нест, ки набӣ берун аз Ерусалим бимирад.


Шикояти Исо дар бораи Ерусалим.

34 Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!

35 Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегӯям, ки Маро дигар нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: „Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!“»

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan