Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЁЗДАҲУМ Исо ба шогирдон дуо гуфтанро таълим медиҳад.

1 Рӯзе Ӯ дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст».

2 Ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед: „Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;

3 Ризқу рӯзии моро ҳар рӯз ба мо бидеҳ;

4 Ва гуноҳҳои моро биомурз, зеро ки мо низ ба ҳар қарздори худ мебахшем; ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ“».


Масал дар бораи дӯсти шилқин.

5 Ва ба онҳо гуфт: «Фаразан, яке аз шумо, ки дӯсте дошта бошад, нисфи шаб пеши ӯ омада, гӯяд: „Эй дӯст! Ба ман сето нон қарз деҳ,

6 Зеро ки як дӯстам аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш бимонам“;

7 Ва ӯ аз дарун дар ҷавоби вай гӯяд: „Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам бархоста, ба ту чизе диҳам“, —

8 Ба шумо мегӯям, ки ҳар чанд аз рӯи дӯстӣ бархоста ба вай надиҳад ҳам, лекин ба сабаби шилқинии вай бархоста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вай хоҳад дод.

9 Ва Ман ба шумо мегӯям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд;

10 Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.


Масал дар бораи падари некдил.

11 Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳӣ биталабад, ва ӯ, ба ҷои моҳӣ, море ба вай бидиҳад?

12 Ё, агар тухме биталабад, каждуме ба вай бидиҳад?

13 Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».


Исоро айбдор намуда, мегӯянд, ки Ӯ девҳоро ба воситаи Баал‐Забул берун мекунад.

14 Боре Ӯ як девро, ки гунг буд, берун кард; ва ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум дар ҳайрат монданд.

15 Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал‐Забул, калони девҳо, берун мекунад».

16 Ва дигарон, озмуданӣ шуда, аз Ӯ аломати осмонӣ талаб мекарданд.

17 Вале Ӯ фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонае ки аз ҳам ҷудо шавад, фурӯ меғалтад.

18 Ва агар шайтон низ аз ҳам ҷудо шавад, салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал‐Забул берун мекунам.

19 Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал‐Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.

20 Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.

21 Вақте ки марди пурзӯр хонаи худро бо яроқ нигаҳбонӣ мекунад, дороии вай дар амон аст,

22 Вале вақте ки шахси аз вай пурзӯртар ба вай ҳуҷум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми яроқи вайро, ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад.

23 Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.


Баргаштани рӯҳи палид.

24 Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва, чун наёфт, мегӯяд: „Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам“.

25 Ва гашта омада, онро ҷорӯбзада ва ороста меёбад;

26 Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад».


Зан модари Исоро ҷалол медиҳад. Ҷавоби Исо.

27 Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ӯ гуфт: «Хушо шикаме ки Туро ҳамл кардааст, ва пистонҳое ки Туро шир додааст!»

28 Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».


Мардум аломати осмонӣ металабанд.

29 Вақте ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ӯ ба сухан оғоз карда, гуфт: «Ин насл насли шарир аст; вай аломате металабад, ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;

30 Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Нинве буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл хоҳад буд.

31 Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо мардуми ин насл бархоста, онҳоро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо аз Сулаймон бузургтар аст.

32 Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо аз мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо аз Юнус бузургтар аст.


Масал дар бораи шамъе ки даргиронда шудааст.

33 Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, дар чои ниҳоне ё дар зери зарфе намегузорад, балки бар шамъдон мегузорад, то онҳое ки ба хона медароянд, рӯшноиро бубинанд.

34 Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат солим бошад, тамоми баданат низ равшан хоҳад буд; аммо агар он хира бошад, баданат низ торик хоҳад буд.

35 Пас, ҳазар намо: мабодо нуре ки дар туст, зулмот бошад.

36 Вале агар баданат комилан равшан буда, ҳеҷ як қисми торике надошта бошад, он тамоман нуронӣ хоҳад буд, ба монанди он ки чароғе бо дурахши худ туро мунаввар карда бошад».


Исо фарисиёнро маҳкум мекунад.

37 Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, як фарисӣ Ӯро ба хонаи худ ба хӯрок таклиф кард; Ӯ омада, назди суфра нишаст.

38 Фарисӣ чун дид, ки Ӯ пеш аз хӯрок даст нашуст, мутааҷҷиб шуд.

39 Лекин Худованд ба вай гуфт: «Ҳоло шумо, фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва шарорат пур аст.

40 Эй беақлон! Оё Ҳамон ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст?

41 Беҳтар аст, ки аз он чи доред, садақа диҳед: он гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза хоҳад буд.

42 Аммо вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз наъно, садоб ва ҳар навъ сабзавот ушр медиҳед, вале ба адолат ва муҳаббати Худо беэътиноӣ мекунед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.

43 Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки дӯст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кӯчаю бозорҳо салому табрикҳо бишнавед.

44 Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки шумо ба қабрҳои аз назар пинҳон монанд ҳастед, ки мардум дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд».


Исо шариатдононро маҳкум мекунад.

45 Дар ҷавоб яке аз шариатдонон ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Бо ин суханонат моро низ таҳқир мекунӣ».

46 Аммо Ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дӯши мардум мегузоред, лекин худатон як ангуштро ҳам ба он борҳо намерасонед.

47 Вой бар ҳоли шумо, ки мақбараҳои анбиёро бино мекунед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд;

48 Бо ҳамин шумо шоҳид ва шарики аъмоли падарони худ мегардед, зеро ки онҳо анбиёро куштаанд, ва шумо мақбараҳошонро бино мекунед.

49 Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: „Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳанд кард“;

50 То ки хуни тамоми анбиё, ки аз аввали офариниши ҷаҳон рехта шудааст, ба гардани ин насл гузошта шавад:

51 Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки вай дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст. Оре, ба шумо мегӯям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд.

52 Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед: худатон надаромадед ва ба онҳое ки даромадан мехостанд, монеъ шудед».

53 Вақте ки Ӯ ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фарисиён бошиддат Ӯро фишор дода, боз бисьёр чизҳоро аз Ӯ пурсидан гирифтанд,

54 Ва мунтазир буданд, то ки аз забонаш чизе бишнаванду Ӯро айбдор кунанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan