Инҷили Луқо 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Исо ҳафтод шогирдонро мефиристад, то ки башорат диҳанд. Нубувват дар бораи кори миссионерӣ. 1 Баъд аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро чуфт‐чуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод, 2 Ва ба онҳо гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад. 3 Биравед! Инак, шуморо монанди баррагон ба миёни гургон мефиристам. 4 Ҳеҷ ҳамьёне, тӯрбае ва чоруқе бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагӯед. 5 Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: „Салом бар ин хона бод!“ 6 Агар дар он ҷо писари осоиштагӣ бошад, саломи шумо бар вай қарор мегирад; вагар на, сӯи шумо бармегардад; 7 Дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи доранд, бихӯред ва бинӯшед: зеро ки меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред. 8 Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, бихӯред; 9 Ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо бигӯед: „Малакути Худо ба шумо наздик шудааст“. 10 Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кӯчаҳои он баромада, гӯед: 11 „Ҳатто ғубореро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин бидонед, ки Малакути Худо ба шумо наздик шудааст“. 12 Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд. Исо бар шаҳрҳо доварӣ эълон мекунад. 13 Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт‐Сайдо! Эеро, агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд; 14 Лекин дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад буд. 15 Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзаҳ сарнагун хоҳӣ шуд. 16 Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кӣ шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристандаи Маро рад мекунад». Баргаштани ҳафтод нафар. 17 Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд». 18 Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтода дидам; 19 Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд; 20 Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст». Ҷалол додани Падар. 21 Дар ҳамон соат Исо аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд». 22 Ва ба шогирдон рӯй оварда, гуфт: «Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас, ҷуз Падар, намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад». 23 Ва алоҳида ба шогирдони Худ рӯ оварда, гуфт: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад! 24 Зеро ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд, ва нашуниданд». Шариатдон Исоро озмоиш мекунад. 25 Ва инак, як шариатдон бархост ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфт: «Эй Устод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?» 26 Ба вай гуфт: «Дар Таврот чӣ навишта шудааст? Ва ту чӣ тавр мехонӣ?» 27 Дар ҷавоб гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми қуввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор, ва ёри худро мисли худ дӯст бидор». 28 Ба вай гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун, ва хоҳӣ зист». 29 Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?» Масал дар бораи сомарии некдил. 30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Як мард, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти дуздон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ӯро маҷрӯҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. 31 Тасодуфан коҳине аз он роҳ равона буд, ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт. 32 Ҳамчунин марде аз сибти Левӣ, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт. 33 Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва аҳволи ӯро дида, дилаш сӯхт 34 Ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва шароб рехту ҷароҳатбандӣ кард; ва ӯро ба маркаби худ савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ ғамҳорӣ намуд; 35 Ва фардои он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт: „Ба ин мард нигоҳубин бикун; ва агар аз ин зиёдтар харҷ кунӣ, ҳангоми баргаштанам ба ту хоҳам дод“. 36 Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод?» 37 Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Бирав, ва ту низ чунин бикун». Хизматгузории Марто ва Марьям. 38 Ва дар аснои роҳ Ӯ вориди қасабае шуд, ва зане ки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд; 39 Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард. 40 Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт: «Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки хоҳарам маро вогузоштааст, ки танҳо хизмат кунам? Ба вай бигӯй, ки ба ман ёрдам диҳад». 41 Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Марто! Марто! Ту дар хусуси чизҳои бисьёр ғамхорӣ ва давутоз мекунӣ, 42 Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям қисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden