Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Инҷили Луқо 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Муқаддима.

1 Азбаски бисьёр касон ба тартиб додани нақли воқеаҳое шурӯъ кардаанд, ки рӯй доданошон дар миёни мо пурра маълум аст,

2 Чунон ки аз ибтидо ба василаи шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расондаанд, —

3 Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мӯҳтарам, бинависам,

4 То ки ту боэътимодии таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаӣ, бидонӣ.


Пешгӯии таваллуди Яҳьёи Таъмиддиҳанда.

5 Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарьё ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элисобаъ ном дошт.

6 Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рӯи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.

7 Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисобаъ нозой буд, ва ҳар ду ба пиронсолагӣ расида буданд.

8 Боре, вақте ки ӯ бо навбати худ пеши Худо каҳонат мекард,

9 Мувофиқи таомули каҳонат, куръа ба номи ӯ баромад, ки ба маъбади Худованд даромада, бухур кунад;

10 Ва дар вақти бухур карданаш тамоми ҷамоат дар берун дуо мегуфтанд.

11 Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ зоҳир гардида, дар тарафи рости курбонгоҳи бухур истод.

12 Закарьё аз ин рӯъё музтариб шуда, ба ҳарос афтод.

13 Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эй Закарьё, натарс, зеро ки дуои ту мустаҷоб шудааст, ва зани ту Элисобаъ ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Яҳьё хоҳӣ номид.

14 Ва туро шодмонӣ ва хурсандӣ насиб хоҳад шуд, ва бисьёр касон ба таваллуди ӯ шодӣ хоҳанд кард;

15 Зеро ки ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Рӯхулкудс пур хоҳад буд,

16 Ва бисьёр касонро аз банӣ‐Исроил ба Худованд Худои онҳо руҷӯъ хоҳад кунонд.

17 Ва пешопеши Ӯ бо рӯҳ ва кувваи Ильёс қадам хоҳад зад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва номутеонро ба ҳикмати одилон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд муҳайё созад».

18 Закарьё ба фаришта гуфт: «Инро аз рӯи чӣ бидонам? Зеро ки ман пир ҳастам, зани ман низ ба пиронсолагӣ расидааст».

19 Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба хузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин муждаро ба ту бирасонам.

20 Ва инак, забонат лол шуда, то рӯзи ба амал омадани ин ту имконияти гап задан нахоҳӣ дошт, аз барои он ки ба суханони ман, ки дар вақти худ ба иҷро хоҳанд расид, имон наовардӣ».

21 Дар ин миён ҷамоат мунтазири Закарьё буданд ва тааҷҷуб менамуданд, ки ӯ дар маъбад даранг мекунад.

22 Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гап зада натавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар маъбад рӯъёе дидааст; ва ӯ ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд.

23 Вақте ки рӯзҳои хизматаш ба анҷом расид, ба хонаи худ рафт.

24 Ва баъд аз он рӯзҳо зани ӯ, Элисобаъ, ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт:

25 «Дар ин рӯзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад».


Хушхабар.

26 Ва дар моҳи шашум Ҷаброили фаришта аз ҷониди Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд

27 Назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз хонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марьям буд.

28 Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар Ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ».

29 Аммо вай ӯро дида, аз суханонаш музтариб шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чӣ саломе бошад.

30 Ва фаришта ба вай гуфт: «Эй Марьям, натарс, зеро ки ту назди Худо файз ёфтаӣ;

31 Ва инак, ҳомила шуда, Писаре ҳоҳӣ зоид, ва Ӯро Исо ҳоҳӣ номид;

32 Ва Ӯ бузург ҳоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида ҳоҳад шуд; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод;

33 Ва ӯ бар ҳонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ӯ интиҳо нахоҳад дошт».

34 Марьям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате ки ман бокира ҳастам?»

35 Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд;

36 Инак, хеши ту, Элисобаъ, ки ӯро нозой меноманд, ӯ низ дар пирии худ писаре дар шикам дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ӯст;

37 Зеро ки назди Худо ҳеҷ каломе бе оқибат намемонад».

38 Маръям гуфт: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи каломи ту бишавад». Ва фаришта аз пеши вай рафт.


Марьям назди Элисобаъ меравад.

39 Дар он рӯзҳо Марьям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кӯҳистони Яҳудо воқеъ аст,

40 Ва ба ҳонаи Закарьё даромада, ба Элисобаъ салом гуфт.

41 Ва чун Элисобаъ саломи Марьямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элисобаъ аз Рӯҳулқудс пур шуд,

42 Ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: «Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самараи шиками ту!

43 Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Худованди ман назди ман омадааст?

44 Зеро ки чун садои саломи ту ба гӯшам расид, бача аз шодӣ дар шикамам ба ҷунбиш омад;

45 Ва хушо вай, ки имон овардааст, ки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал хоҳад омад».


Таронаи Марьям.

46 Ва Марьям гуфт: «Чони ман Худовандро ситоиш мекунад,

47 Ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад,

48 Ки Ӯ бар фурӯтании канизи Худ назар кардааст; зеро ки минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд;

49 Зеро ки он Қодир чизи бузурге барои ман ба амал овард, ва исми Ӯ муқаддас аст,

50 Ва марҳамати Ӯ насл ба насл барои касонест, ки аз Ӯ метарсанд;

51 Қуввати бозуи Худро зоҳир сохт; онҳоеро, ки аз андешаҳои дилашон мағрур буданд, пароканда кард;

52 Зӯроваронро аз тахтҳо вожгун сохт ва фурӯтанонро сарафроз гардонд;

53 Гуруснагонро аз неъматҳо пур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод;

54 Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ кард, ба хотираи марҳамати Худ, —

55 Чунон ки ба падарони мо гуфта буд, — ба Иброҳим ва насли ӯ то абад».

56 Ва Марьям қариб се моҳ назди ӯ монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.


Таваллуди Яҳъёи Таъмиддиҳанда.

57 Чун вақти зоидани Элисобаъ расид, ӯ писаре зоид.

58 Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ӯ шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ӯ афзун кардааст, ва бо ӯ шод шуданд.

59 Ва дар рӯзи ҳаштум омаданд, ки кӯдакро хатна кунанд, ва мехостанд ӯро, аз рӯи номи падараш, Закарьё ном монанд.

60 Лекин модараш дар ҷавоб гуфт: «Не, балки ӯ Яҳьё номида хоҳад шуд».

61 Ба вай гуфтанд: «Дар авлоди ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад».

62 Ва бо имову ишорат аз падараш пурсиданд, ки ӯро чӣ ном ниҳодан мехоҳад.

63 Ӯ тахтачае талабида, бар он навишт: «Номи ӯ Яҳьёст». Ва ҳама мутааҷҷиб шуданд.

64 Дарҳол даҳон ва забони ӯ кушода шуд, ва ӯ ба сухан даромада, Худоро ҳамду сано хонд.

65 Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ва тамоми ин воқеаро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудо нақл мекарданд.

66 Ва ҳар кӣ мешунавид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт: «Ин кӯдак кӣ хоҳад шуд?» Ва дасти Худованд бо ӯ буд.


Таронаи Закарьё

67 Падари ӯ, Закарьё, аз Рӯҳулқудс пур шуд ва нубувват намуда, гуфт:

68 «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосӣ ато фармудааст,

69 Ва барои мо дар хонадони бандаи Худ Довуд шохи наҷот барпо кардааст,

70 Чунон ки аз қадим бо забони анбиёи муқаддаси Худ гуфтааст,

71 Ки моро аз душманони мо ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд, наҷот хоҳад дод;

72 Ба падарони мо марҳамат намуда, аҳди муқаддаси Худро,

73 Қасамеро, ки Ӯ ба падари мо Иброҳим ёд карда буд, ба хотир хоҳад овард,

74 Ва ба мо имконият хоҳад дод, ки аз дасти душманони худ халос шуда, бе тарсу бим

75 Ба Ӯ бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ӯ бошем.

76 Ва ту, эй кӯдак, набии Ҳаққи Таоло хонда хоҳӣ шуд, зеро ки пешопеши Худованд қадам хоҳӣ зад, то ки роҳҳои Ӯро муҳайё кунӣ

77 Ва ба қавми Ӯ бифаҳмонӣ, ки наҷот дар омурзиши гуноҳҳои онҳост,

78 Аз умқи марҳамати Худои мо, ки бо он моро Найири Толеъ аз олами боло парасторӣ намуд,

79 То ки касони дар торикӣ ва сояи марг нишастаро мунаввар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад».

80 Ва кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт, ва то рӯзе ки бар Исроил зохир гардид, дар биёбонҳо буд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan