Ибриён* 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Саркоҳини абадӣ, назар ба каҳонати Аҳди Қадим, каҳонати баландтаре дорад; Ӯ қурбонии олие, яъне Хуни шахсии Худро, меоварад. 1 Пас, аҳди якум низ дастурҳои оид ба ибодати Худо, ва қудси заминӣ дошт; 2 Зеро хайма ба қисмҳо сохта шуда буд: қисми якум, ки дар он чароғдон ва миз ва нони тақдим буд, ва он «қудс» номида мешавад. 3 Ва дар паси парда кисми дуюми хайма буд, ки «қудси қудсҳо» номида мешавад, 4 Ки дар он бухурдони тиллоӣ ва сандуқи аҳд буд, ки ҳама ҷояш тиллокӯб шуда буд, ва дар он зарфи тиллоие пур аз манн, асои шукуфтаи Ҳорун ва лавҳаҳои аҳд буд, 5 Ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ соя меафканданд; дар ин хусус ҳоло муфассал сухан рондан лозим нест. 6 Дар чунин шароит, коҳинон ба қисми якуми хайма ҳамеша медароянд, то ки ибодати Худоро ба ҷо оваранд; 7 Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад. 8 Ва Рӯҳулқудс бо ин нишон медиҳад, ки то даме ки хаймаи якум вуҷуд дорад, ҳанӯз роҳи қудс кушода нашудааст. 9 Вай тимсоли замони ҳозира аст, ки дар он ҳадияҳо ва қурбониҳое тақдим карда мешаванд, ки қодир нестанд виҷдони тақдимкунандаро осуда гардонанд, 10 Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд. 11 Аммо Масеҳ ҳамчун Саркоҳини некиҳои оянда омада, ба воситаи хаймаи бузургтар ва мукаммалтаре ки бо дасти одам сохта нашудааст, яъне сохташ чунин нест, 12 Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард. 13 Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон пошида мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад, 14 Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро ибодат намоем! 15 Бинобар ин Ӯ Миёнарави аҳди ҷадид аст, то ки пас аз мамоти Ӯ, ки он барои кафорати ҷиноятҳои замони аҳди якум вокеъ шудааст, даъватшудагон мероси абадии мавъудро пайдо кунанд. 16 Зеро, дар ҳар ҷое ки васияте ҳаст, бояд собит шавад, ки васияткунанда мурдааст, 17 Чунки васият пас аз мурдан эътиборнок аст; он, то даме ки васияткунанда зинда аст, ҳеҷ эътибор надорад. 18 Бинобар ин аҳди якум низ бе хун барқарор нашудааст. 19 Зеро, вақте ки Мусо ҳамаи аҳкомро мувофиқи шариат пеши тамоми қавм ҳонд, хуни говҳо ва бузҳоро бо об ва пашми арғувонӣ ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм, 20 Ва гуфт: «Ин аст хуни аҳде ки Худо ба шумо амр фармудааст». 21 Ҳамчунин бар хайма ва тамоми олоти ибодати Худо хун пошид. 22 Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир меёбад, ва бе рехтани хун омурзиш нест. 23 Пас, тимсоли чизҳои осмонӣ мебоист бо ин воситаҳо татҳир меёфт, аммо худи чизҳои осмонӣ — бо қурбониҳои хубтар аз инҳо. 24 Зеро Масеҳ на ба қудси бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудси ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад, 25 На аз барои он ки борҳо Худро қурбонӣ кунад, чунон ки саркоҳин ҳар сол ба қудс бо хуни дигарон медарояд; 26 Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад. 27 Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор бимиранд ва пас аз он ба доварӣ дучор шаванд, 28 Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисьёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое ки Ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden