Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ибриён* 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФТУМ Масеҳ Коҳин аст ба монанди Малкисодақ, ва Ӯ аз коҳинони левизода болотар аст.

1 Зеро ки Малкисодақ, подшоҳи Салим, коҳини Худои Таоло, — ҳамон касе ки ба пешвози Иброҳим баромад ва ӯро баракат дод, вақте ки ӯ баъд аз шикаст додани подшоҳон бармегашт,

2 Ва Иброҳим ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод, — вай, аввалан, мувофиқи маънои номаш подшоҳи адолат аст ва сонӣ подшоҳи Салим низ, яъне подшоҳи осоиштагӣ,

3 Бе падар, бе модар, бе насабнома, дар ҳолате ки на ибтидои айём дорад, на интиҳои ҳаёт, балки ба Писари Худо монанд буда, ба сурати абадӣ коҳин мемонад.

4 Пас бубинед, чӣ гуна бузург аст он касе ки Иброҳими сарқабила низ ба вай аз беҳтарин ғанимати худ даҳьяк дод.

5 Онҳое ки аз миёни фарзандони Левӣ каҳонат пайдо мекунанд, ҳукм доранд, ки мувофиқи шариат аз қавм, аз бародарони худ даҳьяк ситонанд, гарчанде ки онҳо низ аз камари Иброҳим ба вуҷуд омадаанд.

6 Аммо ин касе ки аз авлоди онҳо ба вуҷуд наомадааст, аз Иброҳим даҳьяк гирифт ва соҳиби ваъдаро баракат дод.

7 Тамоман баҳснопазир аст, ки хурд аз ҷониби бузург баракат дода мешавад.

8 Ва дар ин ҷо одамони миранда даҳьяк меситонанд, лекин дар он ҷо Он ки дар ҳаққи Вай шаҳодат дорад, ки Ӯ зинда аст.

9 Ва, гуфтан мумкин, худи Левӣ, ки даҳьяк меситонад, ба воситаи Иброҳим даҳьяк дод:

10 Зеро ки ӯ ҳанӯз дар камари падар буд, вақте ки Малкисодақ ба пешвози Иброҳим баромад.


Каҳонати левизодагон тамом шудааст; Масеҳ Саркоҳин аст то абад.

11 Пас, агар камол ба василаи каҳонати Левӣ муяссар мешуд, — зеро ки шариат дар он айём ба қавм расид, — боз чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре ба монанди Малкисодақ ба майдон ояд, ва ба монанди Ҳорун номида нашавад?

12 Зеро ки дар баробари дигаргунии каҳонат дигаргунии шариат низ зарур мешавад.

13 Зеро Он ки дар ҳаққи Ӯ ин сухан гуфта мешавад, ба сибти дигаре мансуб буд, ки аз он ҳеҷ кас хизмати курбонгоҳро ба ҷо наовардааст;

14 Зеро маълум аст, ки Худованди мо аз сибти Яҳудо тулӯъ намуд, ки Мусо дар бораи он оид ба каҳонат чизе нагуфтааст.

15 Ва ин боз ҳам равшантар дида мешавад, ки агар ба монанди Малкисодақ коҳини дигаре ба майдон ояд,

16 Ки вай на бар тибқи қонуни як мизони ҷисмонӣ, балки ба ҳасби қуввати як ҳаёти бепоён чунин шуда бошад.

17 Зеро ки шаҳодат дода шудааст: «Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ».

18 Зеро ки ҳукми пештара, ба сабаби заъф ва бефоидагии он, ботил мешавад,

19 Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем.

20 Ва ин умед бе қасам нест, —

21 Зеро ки онҳо бе қасам коҳин шудаанд, аммо Ӯ бо қасам, чунки дар ҳаққи Ӯ гуфта шудааст: «Худованд қасам хӯрдааст, ва таассуф нахоҳад хӯрд: Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ», —

22 Бинобар ин ба аҳди беҳтаре Исо зомин шуд.

23 Ва он коҳинон бисьёр буданд, чунки мамот намегузошт, ки боқӣ монанд;

24 Аммо Ӯ, ки то абад боқист, каҳонати бефано дорад,

25 Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.

26 Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,

27 Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.

28 Зеро ки шариат одамони гирифтори заъфро коҳин таъин мекунад, вале каломи қасам, ки баъд аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил шудааст, таъин кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan