Ибриён* 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШАШУМ Имондорон ба воситаи пурсабрӣ вориси ваъдаҳои Худо мегарданд. 1 Бинобар ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо, 2 Ба таълимоти оид ба таъмидҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба эҳьёи мурдагон ва оид ба доварии ҷовидонӣ. 3 Ва инро ба амал хоҳем овард, ба шарте ки Худо изн диҳад. 4 Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рӯҳулқудс гардидаанд, 5 Ва каломи неки Худо ва қувваҳои олами ояндаро чашидаанд, 6 Ва ҷудо шуда афтодаанд, — онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз маслуб мекунанд ва беобрӯ месозанд. 7 Зеро замине ки борҳо борони бар он боридаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, набототи фоиданоке мерӯёнад, — аз Худо баракат меёбад; 8 Вале замине ки хору хас мерӯёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва фарҷоми он сӯхтан аст. 9 Аммо дар хусуси шумо, эй маҳбубон, мо яқин дорем, ки шумо дар холати беҳтар ва ба наҷот наздике мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан меронем. 10 Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад. 11 Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то ки умедатон комилан ҳосил шавад; 12 То ки шумо танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд. 13 Зеро, вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард 14 Ва гуфт: «Ҳақиқатан туро бисьёр баракат хоҳам дод ва туро бағоят афзун хоҳам кард». 15 Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гардид. 16 Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳар мунозираи онҳо хотима медиҳад. 17 Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд, 18 То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад. 19 Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад, 20 Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden