Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ибриён* 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Масеҳ Саркоҳин аст ба монанди Малкисодақ.

1 Зеро ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то ки барои гуноҳҳо ҳадия ва қурбониҳо тақдим кунад,

2 Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамҳорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,

3 Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад.

4 Ва ҳеҷ кас худ аз худ ин мартабаро соҳиб намешавад, балки фақат вақте ки аз ҷониби Худо даъват шавад, чунон ки Ҳорун низ.

5 Ҳамчунин Масеҳ низ ҷалоли Саркоҳинро Худаш аз они Худ накардааст, балки Он ки ба Ӯ гуфтааст: «Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Падари Ту шудаам»;

6 Чунон ки дар ҷои дигар низ мегӯяд: «Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ».

7 Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,

8 Ва агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд,

9 Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,

10 Ва Худо Ӯро Саркоҳине ба монанди Малкисодақ ном ниҳод.


Дар бораи норасогии мийяи шунавандагон.

11 Дар ин хусус мебоист бисьёр суҳан мерондем, лекин фаҳмондани он душвор аст, чунки гӯшҳои шумо вазнин шудааст.

12 Зеро, мувофиқи дарозии замон, мебоист шумо муаллим мешудед, лекин аз нав ба шумо асосҳои аввалини каломи Худоро таълим додан лозим меояд, ва барои шумо шир даркор аст, на ғизои сахт.

13 Зеро ҳар кӣ ширхӯр аст, аз каломи адолат бехабар аст, чунки кӯдак аст;

14 Вале ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд, ки ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan