Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ибриён* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ Оромие ки дар каломи Худо дар Аҳди Кадим ваъда карда шуда буд, ҳоло ба воситаи Масеҳ ба қавми Худо ошкор шудааст.

1 Пас, дар сурате ки ваъдаи дохилшавӣ ба оромии Ӯ ҳанӯз боқист, мо хавотир хоҳем дошт, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо муваффақ нашудааст.

2 Зеро ки башорат ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст.

3 Зеро мо, ки имон овардаем, ба он оромӣ дохил хоҳем шуд, чунон ки Ӯ гуфтааст: «Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд», гарчанде ки корҳои Ӯ аз хилқати олам анҷом ёфта буд.

4 Зеро ки дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфта шудааст: «Ва Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гирифт».

5 Ва боз дар ин ҷо: «Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд».

6 Пас, дар сурате ки баъзе касон имконият доранд ба он дохил шаванд, вале онҳое ки башорат барояшон пештар мавъиза карда шуда буд, аз боиси беитоатӣ дохил нашуданд, —

7 Боз Ӯ рӯзеро муайян намуда, баъд аз муддати дуру дарозе ба воситаи Довуд «имрӯз» мегӯяд, чунон ки дар боло гуфта шудааст: «Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед».

8 Зеро, агар Еҳушаъ ба онҳо оромӣ медод, баъд аз ин дар бораи рӯзи дигар сухан ронда намешуд.

9 Пас, барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад.

10 Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ.

11 Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда, фурӯ ғалтад.

12 Зеро ки каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад.

13 Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.


Масеҳ, ҳамчун Саркоҳини ҳақиқӣ, аз ҷониби Худо таъин шудааст; Ӯ аз Ҳорун болотар аст.

14 Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.

15 Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард.

16 Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan