Ибриён* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Бартарии Исо аз Мусо. 1 Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед, 2 Ки Ӯ ба Он ки Ӯро таъин намуд, амин буд, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ӯ амин буд. 3 Зеро Ӯ нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки меъмори ҳона, назар ба худи ҳона, эҳтироми бештаре дорад; 4 Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост. 5 Ва Мусо дар тамоми ҳонаи Ӯ мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад. 6 Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар ҳонаи Ӯ; ва ҳонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба охир боматонат нигоҳ дорем. Мисоли Исроили замони Мусо аз шахшудамондагӣ ва якравӣ огоҳ менамояд. 7 Бинобар ин, чунон ки Рӯҳулқудс мегӯяд, «имрӯз агар овози Ӯро бишнавед, 8 Дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб, мисли рӯзи озмоиш дар биёбон, 9 Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро чил сол дида буданд. 10 Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд; 11 Ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман доҳил нахоҳанд шуд». 12 Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Ҳай рӯй мегардонад, надошта бошад, 13 Балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки «имрӯз» гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, саҳтдил нашавад. 14 Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем, 15 Чунон ки гуфта мешавад: «Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб». 16 Зеро киҳо буданд, ки шунида, ошӯб бардоштанд? Оё на ҳамаи онҳое ки ба туфайли Мусо аз Миср берун омада буданд? 17 Ва бар киҳо Ӯ чил сол дар ғазаб шуд? Оё на бар осиёне ки ҷасадҳошон дар биёбон фурӯ ғалтид? 18 Ва дар ҳаққи киҳо Ӯ қасам хӯрд, ки ба оромии Ӯ дохил нахоҳанд шуд? Оё на дар ҳаққи онҳое ки беитоатӣ карданд? 19 Ва мо мебинем, ки онҳо аз боиси беимонӣ натавонистанд дохил шаванд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden