Ибриён* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Агар ба шариати Аҳди Қадим мутеӣ муносиб омада бошад, он боз ҳам зиёдтар ба Каломи Масеҳ муносиб аст. 1 Бинобар ин мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем. 2 Зеро, агар каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст, матин буда, барои ҳар ҷиноят ва беитоатӣ подоши одилона дода шуда бошад, 3 Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд, 4 Ва Худо низ ба он шаҳодат дод ба воситаи аломот ва мӯъҷизот, ва ҳар навъ қувваҳо, ва бахшоиши Рӯҳулқудс ба ҳасби иродаи Худ? Масеҳ ба воситаи залолат ва мамот бар мамот ғолиб омад. 5 Зеро олами ояндаро, ки дар бораи он сухан меронем, Худо ба фариштагон мутеъ накардааст, 6 Балки касе дар ҷое шаҳодат дода, гуфтааст: «Чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ, ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ? 7 Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ; ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштаӣ; ӯро бар аъмоли дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ; 8 Ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ». Модоме ки ҳама чизро ба ӯ мутеъ кардааст, пас ҳеҷ чизе намондааст, ки мутеи ӯ набошад. Вале ҳоло ҳанӯз намебинем, ки ҳама чиз мутеи ӯ бошад; 9 Балки мебинем, ки Исо, ки аз фариштагон андак кам карда шуда буд, ба сабаби азоби мамот алҳол тоҷи ҷалол ва шавкат бар сар дорад, то ки ба ҳасби файзи Худо зоиқаи мамотро барои ҳама бичашад. 10 Зеро лозим буд, ки Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ин ки фарзандони бисьёрро ба ҷалол бирасонад, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад. 11 Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд: 12 «Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод, дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард». 13 Ва боз: «Ман ба Ӯ таваккал хоҳам кард». Ва боз: «Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додааст». 14 Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд. 15 Ва онҳоеро, ки аз тарси мамот тамоми умри худ гирифтори ғуломӣ буданд, халосӣ диҳад. 16 Зеро ки Ӯ фариштагонро дастгирӣ накардааст, балки насли Иброҳимро дастгирӣ кардааст. 17 Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад, 18 Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden