Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ибриён* 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЗДАҲУМ Пандҳо ва баракоти хотимавии ҳавворӣ барои имондорон.

1 Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад.

2 Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.

3 Бандиёнро ба ёд оваред, гӯё ки шумо низ бо онҳо дар занҷирҳо бошед, ва ситамкашонро, мисли он ки худатон бо онҳо як ҷисм мебошед.

4 Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.

5 Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт»,

6 Бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: «Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?»

7 Сардорони худро, ки каломи Худоро ба шумо мавъиза кардаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед.

8 Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.

9 Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхӯр манфиате надидаанд.

10 Мо қурбонгоҳе дорем, ки ҳизматгузорони хайма ҳақ надоранд аз он чизе бихӯранд.

11 Ҷасади ҳайвоноте ки хунашонро саркоҳин барои кафорати гуноҳ ба қудс меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонида мешавад, —

12 Бинобар ин Исо низ, барои он ки одамонро бо Хуни Худ тақдис намояд, берун аз дарвоза уқубат кашид.

13 Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем;

14 Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.

15 Бинобар ин ҳамеша ба василаи Ӯ қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем, яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ ҳамду сано мехонанд.

16 Инчунин инсондӯстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд.

17 Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест.

18 Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем.

19 Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки ман зудтар назди шумо баргардонида шавам.

20 Ва Худои осоиштагӣ, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон — Исои Худованди моро бо хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд,

21 Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.

22 Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ки ба шумо мухтасар низ навиштаам.

23 Бидонед, ки бародари мо Тимотиюс озод шуд; ва агар ӯ зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо хоҳам омад.

24 Ба ҳамаи сардорони худ ва ба ҳамаи муқаддасон салом расонед. Итолиявиён ба шумо салом мерасонанд.

25 Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan