Ибриён* 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Роҳи имони масеҳиён дар замонҳои уқубатҳо ва ҳарбу зарбҳо. 1 Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон‐давон тай кунем 2 Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст. 3 Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед. 4 Дар талоши зидди гуноҳ шумо ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилият накардаед 5 Ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардаед: «Эй писарам! Ба ҷазои Худованд беэътиноӣ накун, ва ҳангоме ки Ӯ туро мазаммат намояд, маъюс нашав; 6 Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медидиҳад; ҳар писари писандидаи Худро мезанад». 7 Агар ба ҷазо тоб оваред, Худо бо шумо, чун бо писарон, рафтор мекунад. Зеро, оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад? 8 Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насибаи ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон. 9 Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар итоат намоем, то ки зист кунем? 10 Зеро ки онҳо моро ба салоҳдиди худашон барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо, то ки дар қудсияти Ӯ ширкат дошта бошем, анҷом медиҳад. 11 Ҳар ҷазо дар замони ҳозира ба назари кас на шодӣ, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи адолатро меоварад. Бе қудсият ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид. Дар бораи ҷалоли Аҳди Ҷадид. 12 Пас, дастҳои беқувват ва зонуҳои бемаҷолро қавӣ кунед 13 Ва барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки ба хубӣ шифо ёбад. 14 Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид, 15 Ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вуҷуд омада, осеб расонад, ва бисьёр касон аз он палид шаванд, 16 Мабодо зинокоре ё осие ёфт шавад, ки мисли Эсов барои як таом аз нахустзодагии худ даст кашад. 17 Зеро шумо медонед, ки баъд аз он ӯ, чун хост вориси баракат гардад, рад карда шуд: тафаккури падарро дигаргун карда натавонист, гарчанде ки дар ин ҳусус ашк рехта илтимос намуд. 18 Шумо наздик наомадаед ба кӯҳе ки ламсшаванда ва оташфишон аст, ба торикӣ ва зулмот ва тундбод, 19 Ё ба овози карнай ва садои суханон, ки шунавандагонаш илтимос карданд, ки ба онҳо дигар сухане гуфта нашавад, 20 Зеро ба он тоб оварда натавонистанд, ки амр фармуда шуда буд: «Агар ҳайвоне низ ба кӯҳ бирасад, сангсор ё тирборон хоҳад шуд». 21 Ва ин манзара он қадар даҳшатангез буд, ки Мусо гуфт: «Ман тарсону ларзон шудам». 22 Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои Ҳай, ба Ерусалими осмонӣ ва беварҳои фариштагон, 23 Ва ба анҷумани пуртантана ва Калисои нахустзодагоне ки дар афлок навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба арвоҳи одилоне ки ба камол расидаанд, 24 Ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди ҷадид аст, ва ба Хуни пошиданӣ, ки назар ба хуни Ҳобил хубтар сухан мегӯяд. 25 Бохабар бошед, ки шумо низ аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро, агар онҳое ки бар замин ба сухангӯ гӯш наандохтанд, аз ҷазо раҳо нашудаанд, пас алалхусус мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо наҳоҳем шуд. 26 Дар он вақт овози Ӯ заминро ба ларза андохта буд, ва Ӯ ҳоло чунин ваъда додааст: «Боз як бори дигар на танҳо заминро, балки осмонро низ ба ларза хоҳам андохт». 27 Ибораи «боз як бори дигар» маънои онро дорад, ки чизҳое ки ба ларза меафтад, ҳамчун чизҳои офаридашуда, аз миён хоҳад рафт, то чизҳое ки ба ларза намеафтад, боқӣ монад. 28 Пас мо малакутеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро маҳфуз хоҳем дошт ва бо он Худоро ба таври писандида бо таъзиму такрим ва тарс ибодат хоҳем кард, 29 Чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden