Ибодат 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Конун дар бораи модарӣ. 1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: 2 «Ба банӣ‐Исроил бигӯ: агар зан ҳомила шуда, писар зояд, ҳафт рӯз нопок хоҳад буд, мисли рӯзҳои ҳайзаш нопок хоҳад буд. 3 Ва дар рӯзи ҳаштум ғилофаки бача хатна карда мешавад. 4 Ва сию се рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад, ба ҳеҷ чизи муқаддас нарасад, ва ба қудс надарояд, то даме ки рӯзҳои покияш пур шавад. 5 Ва агар вай духтар зояд, ду ҳафта мисли муддати ҳайзаш нопок хоҳад буд; ва шасту шаш рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад. 6 Ва чун рӯзҳои покияш барои писар ё духтар пур шавад, вай бояд барраи яксола барои қурбонии сӯхтанӣ ва чӯҷаи кабӯтар ё фохта барои қурбонии гуноҳ назди дари хаймаи ҷомеъ ба коҳин биёрад. 7 Ва ӯ инро ба ҳузури Худованд тақдим карда, барои вай кафорат менамояд, ва вай аз ҷараёни хуни худ пок хоҳад шуд. Ин аст қонуни зане ки писар ё духтар зоида бошад. 8 Ва агар овардани барра барояш дастрас набошад, бигзор ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар оварад, ки яке барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигаре барои қурбонии гуноҳ аст; ва коҳин барои вай кафорат хоҳад намуд, ва вай пок хоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden