Ибодат 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Нодоб ва Абиҳу оташи бегонае меоваранд. 1 Ва писарони Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, ҳар яке маҷмари худро гирифта, оташ бар онҳо монданд, ва бухур бар он гузошта, ба ҳузури Худованд оташи бегонаро, ки Ӯ ба онҳо амр нафармуда буд, наздик оварданд. 2 Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, онҳоро сӯзонид; ва онҳо ба ҳузури Худованд мурданд. 3 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд. 4 Ва Мусо Мишоил ва Элсофонро, ки писарони Узиил, амаки Ҳорун, буданд, хонда, ба онҳо гуфт: «Наздик омада, бародарони худро аз пеши қудс ба беруни ӯрдугоҳ бибаред». 5 Ва онҳо наздик омада, мурдаҳоро дар пероҳанҳошон ба беруни ӯрдугоҳ бурданд, чунон ки Мусо гуфта буд. 6 Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш Элъозор ва Итомор гуфт: «Сарҳои худро яла накунед, ва либосҳои худро надарронед, то ки намиред, ва Ӯ бар тамоми ҷамоат ғазаб накунад; вале бигзор бародарони шумо, тамоми хонадони Исроил, дар ҳаққи сӯхтагон, ки Худованд онҳоро сӯзонидааст, навҳагарӣ кунанд. 7 Ва аз дари хаймаи ҷомеъ берун наравед, мабодо бимиред, зеро ки равғани тадҳини Худованд бар шумост». Ва онҳо бар тибқи гуфтори Мусо амал карданд. 8 Ва Худованд ба Ҳорун сухан ронда, гуфт: 9 «Ту ва писаронат бо ту, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавед, шароб ва арақ нанӯшед, то ки намиред; ин аст фаризаи абадӣ дар наслҳои шумо, 10 То ки муқаддасро аз ғайримуқаддас, ва наҷисро аз пок битавонед фарқ кунед, 11 Ва тамоми фароизеро, ки Худованд ба шумо ба воситаи Мусо амр фармудааст, ба банӣ‐Исроил таълим диҳед». 12 Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш Элъозор ва Итомор, ки зинда монда буданд, гуфт: «Ҳадияи ордиеро, ки аз қурбонии оташини Худованд боқӣ мондааст, бигиред, ва онро бе хамиртуруш назди қурбонгоҳ бихӯред, зеро ки ин қудси қудсҳост. 13 Ва онро дар макони муқаддас бихӯред, чунки он аз қурбонии оташини Худованд ҳиссаи ту ва ҳиссаи писарони туст, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст. 14 Ва синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро ту ва писаронат ва духтаронат бо ту дар макони пок бихӯред, зеро ки инҳо аз забҳҳои саломатии банӣ‐Исроил барои ҳиссаи ту ва ҳиссаи фарзандони ту дода шудааст. 15 Соқи пешкаш ва синаи ҷунбониданиро онҳо бояд бо қурбонии оташини чарбу биёранд, то ки ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонида шавад; ва ин барои ту ва барои писаронат бо ту фаризаи абадӣ хоҳад буд, чунон ки Худованд амр фармудааст». 16 Ва Мусо нарбузи қурбонии гуноҳро талабид, ва инак, он сӯзонида шуда буд; ва ӯ ба Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун, ки зинда монда буданд, хашм намуда, гуфт: 17 «Чаро ин қурбонии гуноҳро дар макони муқаддас нахӯрдед? Он, охир, қудси қудсҳост, ва онро Ӯ ба шумо додааст, то ки гуноҳи ҷамоатро бардошта, барои онҳо ба ҳузури Худованд кафорат намоед. 18 Хуни он, охир, андаруни қудс дохил карда нашудааст, ва ҳол он ки шумо онро мебоист дар қудс мехӯрдед, чунон ки амр фармуда будам». 19 Ва Ҳорун ба Мусо сухан ронда, гуфт: «Имрӯз, охир, онҳо қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро, ба ҳузури Худованд тақдим карданд, — ва чунин ҳодисаҳо ба ман рӯй дод; пас, агар имрӯз қурбонии гуноҳро мехӯрдам, оё ин дар назари Худованд мақбул меафтод?» 20 Ва Мусо инро шунида, маъқул донист. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden