Ибодат 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Дар бораи қурбонии сӯхтанӣ. 1 Ва Худованд Мусоро хонд, ва аз хаймаи ҷомеъ ба ӯ сухан ронда, гуфт: 2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки касе аз шумо бихоҳад барои Худованд қурбонӣ кунад, — қурбонии худро аз чорпоён, яъне аз галаи говон ва аз рамаи гӯсфандон ва бузон тақдим намояд. 3 Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад. 4 Ва дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ мемонад, ва ӯ таваҷҷӯҳ меёбад, то ки гуноҳҳояш кафорат шавад. 5 Ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро наздик меоваранд, ва хунро бар қурбонгоҳе ки назди хаймаи ҷомеъ аст, гирдогирд мепошанд. 6 Ва ӯ қурбонии сӯхтаниро пӯст канда, ба андоми он пора мекунад. 7 Ва писарони Ҳоруни коҳии бар қурбонгоҳ оташ гузошта, ҳезум бар оташ мечинанд. 8 Ва писарони Ҳорун, коҳинон, ин андом, калла ва чарбуро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинанд. 9 Ва ӯ амъои он ва почаҳои онро бо об мешӯяд, ва коҳин ҳар он чиро, ки бар қурбонгоҳ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст. 10 Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд. 11 Ва онро бар тарафи шимолии қурбонгоҳ ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд. 12 Ва ӯ онро ба андоми он пора карда, каллааш ва чарбуяшро ҷудо мекунад, ва коҳин онҳоро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинад. 13 Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст. 14 Ва агар қурбонии ӯ барои Худованд, яъне қурбонии сӯхтанӣ аз парандагон бошад, бигзор қурбонии худро аз фохтаҳо ё аз чӯҷаҳои кабӯтар тақдим намояд. 15 Ва коҳин онро ба қурбонгоҳ наздик оварда, каллаашро мешиканад, ва бар қурбонгоҳ месӯзонад, пас аз он ки хуни он бар девори қурбонгоҳ фушурда шавад. 16 Ва чиғилдонашро бо парҳояш ҷудо мекунад, ва онро назди қурбонгоҳ, ба тарафи шарқӣ, дар маконе ки хокистар мебошад, мепартояд. 17 Ва онро аз миёни болҳояш чок мекунад, вале аз ҳам ҷудо намекунад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden