Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳушаъ 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Душманон Исроилро барои бутпарастӣ таъқиб мекунанд.

1 Шохро ба даҳонат бигир! Вай мисли уқоб бар хонаи Худованд ҳуҷум хоҳад кард, зеро ки онҳо аҳди Маро шикастанд, ва бар зидди шариати Ман ҷиноят карданд.

2 Онҳо сӯн Ман истиғоса хоҳанд бурд: «Эй Худои ман! Мо, Исроил, Туро мешиносем».

3 Исроил некиро тарк кардааст, пас душман варо таъқиб хоҳад кард.

4 Онҳо подшоҳонро таъин карданд, вале на аз ҷониби Ман; сарваронро таъин карданд, вале бе розигии Ман; аз нуқра ва тиллои худ бутҳо барои худ сохтанд, то ки ба ҳалокат дучор шаванд.

5 Гӯсолаи ту вожгун шудааст, эй Сомария! Ғазаби Ман бар онҳо аланга гирифтааст; то ба кай онҳо наметавонанд пок шаванд?

6 Зеро ки он аз Исроил аст, ва ҳунарманде онро сохтааст, ва он — худо нест; зеро ки гӯсолаи Сомария шикаста, пора‐пора хоҳад шуд.

7 Азбаски онҳо бодро коштанд, бинобар ин тундбодро хоҳанд даравид; онро ҳосиле нест: хӯшаҳояш орд нахоҳад дод, агар диҳад ҳам, бегонаҳо онро хоҳанд хӯрд.

8 Исроил фурӯ бурда шудааст; алҳол онҳо дар миёни халқҳо мисли зарфи нодаркоре мебошанд.

9 Зеро ки онҳо мисли гӯрхари танҳое назди Ашшур рафтаанд; Эфроим ба воситаи тӯҳфаҳо ошиқонро пайдо кардааст.

10 Гарчанде ки ба халқҳо тӯҳфа медиҳанд, алҳол Ман онҳоро ҷамъ хоҳам кард, ва дере нагузашта аз юғи подшоҳи сарварон ба ларза хоҳанд омад.

11 Зеро ки Эфроим қурбонгоҳҳои бисьёре барои кафорати гуноҳ сохт, — ин қурбонгоҳҳо барои ӯ сабаби гуноҳ гардид.

12 Муҳимтарин аҳкоми шариати Худро барои ӯ навиштам, дар назараш чизи бегонае ба шумор рафт.

13 Дар хусуси қурбониҳои сӯхтании Ман бошад, беҳтар аст, ки забҳ карда, гӯшташро бихӯранд: Худованд онро хоҳон нест. Бинобар ин Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард ва барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод: онҳо ба Миср хоҳанд баргашт.

14 Ва Исроил Холиқи худро фаромӯш карда, қасрҳо бино намудааст, ва Яҳудо бисьёр шаҳрҳои ҳисордор сохтааст; валекин Ман ба шаҳрҳои вай оташ хоҳам фиристод, то ки кӯшкҳои варо бисӯзонад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan