Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ҳушаъ 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Худованд таҳдид менамояд, ки ғазаби Худро бар ҳар ду мамлакат фурӯ резад.

1 Инро бишнавед, эй коҳинон, ва диққат диҳед, эй хонадони Исроил, ва гӯш андозед, эй хонадони подшоҳ, зеро ки доварӣ бар шумост, чунки шумо доме барои Мисфо будед, ва тӯре ки бар Тобӯр паҳн карда шуда буд.

2 Ва гумроҳон чоҳро чуқур канданд, вале Ман ҳамаашонро ҷазо хоҳам дод.

3 Ман Эфроимро мешиносам, ва Исроил аз Ман ниҳон нест; зеро ки ҳоло ту, эй Эфроим, саргарми зино шудаӣ, ва Исроил палид гардидааст.

4 Кирдорҳошон намегузорад, ки онҳо сӯи Худои худ руҷӯъ намоянд, зеро ки рӯҳи зинокорӣ андаруни онҳост, ва онҳо Худовандро намешиносанд.

5 Ва ифтихори Исроил пеши назари Ӯ сарпаст шудааст, ва Исроил ва Эфроим дар гуноҳи худ пешпо мехӯранд, Яҳудо низ бо онҳо пешпо хоҳад хӯрд.

6 Бо гӯсфандон ва говони худ ба ҷустуҷӯи Худованд хоҳанд омад, вале Ӯро нахоҳанд ёфт: Ӯ аз онҳо дур шудааст.

7 Онҳо дар ҳаққи Худованд хиёнат кардаанд, чунки фарзандони бегона ба дуньё овардаанд; алҳол онҳоро бо молу мулкашон дар зарфи як моҳ фурӯ хоҳад бурд.

8 Дар Ҷабъа шох навозед, дар Ромо — карнай; дар Байт‐Овин бонг занед: «Дар ақиби туст, эй Биньёмин!»

9 Эфроим дар рӯзи ҷазо валангор хоҳад шуд; дар миёни сибтҳои Исроил Ман ба таври яқин эълон намудам.

10 Сарварони Исроил монанди дуркунандагони ҳудуд мебошанд: ғазаби Худро бар онҳо мисли об фурӯ хоҳам рехт.

11 Эфроим мазлум гардида, дар доварӣ шикаст хӯрдааст, зеро хост, ки амри беҳударо пайравӣ намояд.

12 Ва Ман мисли куя барои Эфроим ва мисли фасод барои хонадони Яҳудо шудаам.

13 Ва Эфроим бемории худро, ва Яҳудо ҷароҳати худро дид, ва Эфроим назди Ашшур рафт, ва назди подшоҳ Ёриб кас фиристод, вале вай наметавонад шуморо шифо диҳад, ва ҷароҳати шуморо муолиҷа намояд.

14 Зеро ки Ман мисли шер барои Эфроим ва мисли шербача барои хонадони Яҳудо хоҳам буд; Ман, Ман медарам ва меравам, бардошта мебарам, ва халоскунандае нахоҳад буд.

15 Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan