Ҳушаъ 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Фош кардани гуноҳҳои Исроил. 1 Каломи Худовандро бишнавед, эй банӣ‐Исроил! Зеро ки Худованд бо сокинони ин замин муҷодила дорад, чунки на ростӣ ҳаст, ва на марҳамат, ва на шинохтани Худо бар ин замин. 2 Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад. 3 Бинобар ин замин мотам мегирад, ва ҳар сокини он, бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво, бемаҷол мегардад, ва моҳиёни баҳр низ нобуд мешаванд. 4 Аммо бигзор ҳеҷ кас муҷодила нанамояд, ва ҳеҷ кас мазаммат накунад; зеро ки қавми ту мисли касоне мебошанд, ки бо коҳин муҷодила доранд. 5 Ва ту рӯзона пешпо хоҳӣ хӯрд, ва набӣ низ бо ту шабона пешпо хоҳад хӯрд, ва Ман модари туро нобуд хоҳам кард. 6 Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ; ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард. 7 Ҳар қадар онҳо сершумор гардиданд, ҳамон қадар бештар пеши Ман гуноҳ карданд; пас ҷалоли онҳоро ба нанг табдил хоҳам дод. 8 Гуноҳи қавми Ман ризқу рӯзии онҳост, ва ҷонашон ба маъсияти онҳо иштиёқманд аст. 9 Ва қисмати коҳин мисли қавм хоҳад буд; ва ӯро мувофиқи роҳҳояш ҷазо хоҳам дод, ва подоши онҳоро бар тибқи аъмолашон хоҳам баргардонид. 10 Ва хоҳанд хӯрд, вале сер нахоҳанд шуд; зино хоҳанд кард, вале афзун нахоҳанд гардид, зеро ки риояи аҳди Худовандро тарк кардаанд. 11 Зино ва шароб ва машрубот дилҳоро рабудааст. Бутпарастии Исроил. 12 Қавми Ман ба дарахти худ савол медиҳанд, ва асояшон ба онҳо ҷавоб мегардонад, зеро ки рӯҳи зинокорӣ онҳоро дар иштибоҳ андохтааст, ва онҳо дар ҳаққи Худои худ хиёнат кардаанд. 13 Бар қуллаҳои кӯҳҳо онҳо қурбонӣ мекунанд, ва бар талҳо, зери дарахтони булут ва сафедор ва писта, ки сояи хуб дорад, бухур месӯзонанд; бинобар ин духтарони шумо зино мекунанд, ва келинҳои шумо саргарми фаҳш мешаванд. 14 Ман духтарони шуморо, ки зино мекунанд, ва келинҳои шуморо, ки саргарми фаҳш мешаванд, ҷазо нахоҳам дод, зеро ки худи мардҳои онҳо бо фоҳишаҳо хилват мегузинанд, ва бо зинокорон қурбонӣ мекунанд, ва қавми нофаҳм гумроҳ мешаванд. 15 Агар ту, эй Исроил, зино мекунӣ, бигзор Яҳудо гуноҳкор нашавад; ва шумо ба Ҷилҷол наравед, ва ба Байт‐Овин набароед, ва ба ҳаёти Худованд қасам ёд накунед. 16 Зеро ки Исроил мисли гови саркаш қиём намудааст; оё ҳоло Худованд онҳоро мисли гӯсфанде дар чарогоҳи васеъ хоҳад чаронид? 17 Эфроим ба бутҳо часпидааст; ӯро ба ҳоли худ вогузор! 18 Вақте ки шаробнӯшии онҳо ба анҷом расад, онҳо саргарми зино мешаванд; сарварони онҳо расвоиро бисьёр дӯст медоранд. 19 Бод онҳоро бо болҳояш фаро хоҳад гирифт, ва онҳо аз қурбониҳои худ хиҷил хоҳанд шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden