Ҳушаъ 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Муҳаббати беинтиҳои Худо шароратро мағлуб хоҳад кард. 1 Ва Худованд ба ман гуфт: «Бори дигар рафта, занеро, ки маҳбубаи ёрест ва зинокорӣ мекунад, дӯст бидор, мисли он ки Худованд банӣ‐Исроилро дӯст медорад, ва ҳол он ки онҳо ба худоёни дигар рӯ меоваранд ва кулчаҳои мавизиро дӯст медоранд». 2 Ва ман варо ба понздаҳ сиқл нуқра ва як ҳӯмер ҷав ва як летех ҷав барои худ харидам. 3 Ва ба вай гуфтам: «Рӯзҳои бисьёр маро интизор шав, зино накун ва аз они марди дигар набош, ва ман низ барои ту хоҳам буд». 4 Зеро ки банӣ‐Исроил айёми зиёде бе подшоҳ ва бе сарвар, ва бе қурбонӣ ва бе сутуни назди қурбонгоҳ, ва бе эфӯд ва трофим хоҳанд буд. 5 Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden